Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЗАН АГАР ОТАШ НАМЕШУД...

Мусоҳиба бо ҷонишини ҳокими ноҳияи Самарқанд, раиси кумитаи занону духтарон Мадина БАРОТОВА

- Одатан бонувонро ба гул ташбеҳ медиҳанд. Бо фарорасии фасли арӯси сол баҳор иди байналхалқии занону духтарон 8-уми март ҷашн гирифта мешавад...

- Дуруст. Ман низ аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми бонувони ноҳияро бо иди фархунда муборакбод менамоям. Дар ноҳия қариб 232381 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад, ки 119334 нафари онҳо бонувонанд. Дар назди ҳамаи идораву ташкилот аз ҷумла, 4-то коллеҷи касбиву ҳунарӣ, 53-то мактаби таълими умумӣ, 33-то муассисаи таълими томактабӣ, иттиҳодияи тиббии ноҳия, 21-то нуқтаи тиббии деҳот ташкилоти ибтидоии бонувон мавҷуд аст. Бо мақсади зиёд намудани фаъолии сиёсии занону духтарон бо 4-то ҳизби сиёсӣ ҳамкорӣ дорем ва дар давоми сол тадбирҳо мегузаронем. Алҳол занҳо ҳамаҷониба фаъоланд.

- Барои такмилу тарғиби фаъолии занҳо, дар ҷамъият ҷойи муносиби худро ёфтанашон таъмини шуғли онҳо муҳим аст. Дар бобати бо кори доимӣ таъмин намудани бонувон дар ноҳия чӣ чораву тадбир андешида мешавад?

- Дар давоми моҳҳои январ – декабри соли 2016 1868 нафар аҳолӣ оиди ин масъала муроҷиат намуд. Дар муассиса, ташкилот ва хоҷагиҳои гуногун аз рӯйи ихтисос 1826 нафари онҳо бо кор таъмин шуданд, ки 952 нафарашон бонувонанд. Бо мақсади таъмини шуғли аҳолӣ, бахусус бонувон ва хатмкардагони коллеҷҳои касбиву ҳунарӣ 6 маротиба “Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ”-ро ташкил намудем. Дар онҳо 298-то корхонаву ташкилот бо 1478-то ҷойи холии корӣ ва квота иштирок намуданд. Дар он 357 нафар шаҳрванди бекор ба корхонаву ташкилот роҳхат гирифт, ки 158 нафар бонувонанд. Дар ноҳия шумораи занҳои тадбиркор низ меафзояд. Занҳо барои фаровонии рӯзгору ободии хонадон мекӯшанд.

Чуноне ки шоир гуфтааст:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

- Баҳри ободии рӯзгору мустаҳкамии оила ва тавлиди фарзандони солим бояд аввало худи модарон солим бошанд.

- Албатта. Шукр, ки дар соли 2016 марги модарон қайд нашудааст. Дар давоми соли гузашта 58132 нафар занҳои синни таваллуд аз назорати тиббӣ гузаронида шуд. Аз онҳо 5895 нафар ба тарзи статсионарӣ ва 14488 нафар дар шароити амбулаторӣ солим гардиданд. Алҳол 2002 нафар дар шароити солимгардонианд.

Дар ноҳия 8230 нафар духтарони синнашон 15-18 сола буда, 8120 нафар аз назорати тиббӣ гузаштанд. Бемориҳо дар вақташ муайян гардида, пешгирӣ карда шуд. Инчунин, 1280 нафар ҷавонон пеш аз ақди никоҳ аз назорати тиббӣ гузаштанд.

- Чи тавре, ки дар урфият мегӯянд, биринҷ бе курмак намешавад...

- Рост. Дар арафаи ид мехостам танҳо аз муваффақиятҳо сухан ронам. Бо мақсади пешгирии никоҳи ноболиғон дар курсҳои махсуси Дорулфунуни оила дар мавзӯъҳои “Ба ҳаёти оилавӣ тайёред?”, “Оқибатҳои нохуши никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ”, “Назорати тиббӣ - пойдевори оилаи солим” сӯҳбатҳои гирди мизи мудаввар гузаронида мешавад. Бо мақсади мустаҳкамнамоии кор бо оилаҳо ва баланд бардоштани маданияти маънавиву маърифатии аҳолӣ, нигаронидани эътибор ба таълиму тарбия, пешгирии вайроншавии оилаҳо, қасд ба ҷони худ ва ғайра дар маҳаллаҳо корҳои тарғиботӣ бурда мешавад. Дар ин бора ҳамкории шӯъбаи ноҳиявии бунёди ҷамоативу хайриявии “Маҳалла”, кумитаи занону духтарон, шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия мустаҳкам аст. Мехоҳам занҳо ҳамеша хушбахту хонаобод бошанд. Зеро ҳама кор бо маслиҳату роҳбаладии бонувони оқила хуш анҷом меёбад. Онҳо мисли офтоб бо шӯълаи меҳрашон оламро мунаввар ва гарм месозанд. Чӣ тавре, ки шоир мегӯяд:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.

Мусоҳиб Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 08/03/2017 10:00;   Просмотров: 1770
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку