Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЗАН АЗ НАЗАРИ ФИРДАВСӢ

Дар "Шоҳнома" кам достоне ҳаст, ки дар он зан нақше дошта бошад. Ҳама гуна зан пайдо мешавад: фидокор, хиёнаткор, шуҷоъ, ошиқ ё кинаварз.

Агар "Шоҳнома" достони ҷанг аст, достони ишқ низ ҳаст ва достонҳои қаҳрамонони худ қисмати муҳиме аз онро ташкил медиҳанд.
Дар "Шоҳнома"ҳамон тавр, ки мардон шуҷоъ, қавӣ ва шикастнопазиранд, занон зебову дилфиребанд. дарвоқеъ, Фирдавсӣ ононро саромади мард ё зан офаридааст. Онон бузурганду монанди муҷассамае, ки чандин баробар табиат сохта бошад, бузургтар аз инсони табиӣ ҳастанд.
Агар ошиқанд, ишқашон ҷонсӯз аст:
Ки ман ошиқам чу баҳри дамон,
Аз ӯ бар шуда мавҷ то осмон.
Агар кина меварзанд, мағзубро ба рӯзи сиёҳ мешинонанд:
В-агар ту наёӣ ба фармони ман,
Бипечӣ зи рою зи фармони ман.
Кунам бар ту бар подшоҳе табоҳ,
Шавад тира бар чашми ту ҳуру моҳ.
Агар андӯҳе доранд бепоён аст:
Фурӯ бурд нохун, ду дида биканд,
Баровард боло, дар оташ фиканд.
Равон гашта аз рӯи ӯ ҷӯи хун,
Замон то замон андаромад нагун.
Ҳама хоки тира ба сар барфиканд,
Ба дандон зи бозуи худ гӯш канд.
Эҳсосот дар "Шоҳнома" ба авҷи аъло мерасад ва хонандамутаваҷҷеҳ мешавад, ки бо мардуми оддии замин сарукор дорад.
Дар "Шоҳнома" низ аз ишқи Хусрави Парвиз нисбат ба Ширин, ки Низомии Ганҷавӣ онро ҷовидонӣ карда, батафсил сухан рафтааст:
Кунун достони куҳан нав кунем,
Суханҳои Ширину Хусрав кунем.
Дарвоқеъ, Ширин зане буда, исавӣ, ки Хусрави Парвиз ӯро бисёр дӯст медоштаву зери таъсири ҳамин дилдодагии шоҳ будааст, ки дар муддати салтанати ӯ исовиён дар Эрон ба осудагӣ мезистанд.
Дар бораи нуфуз ва қудрати Ширин аз қавли худи ӯ гӯяд:
Чиҳил сол бонуи Эрон будам,
Ба ҳар кор пушти далерон будам.
Фирдавсӣ занонро мавҷудоте заифу ҳақир наофарида ва ҳатто бархе аз онон дар рашодат бо мардон баробарӣ мекунанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки ӯ дар аҳде мезистааст, ки занон арзиши иҷтимоӣ ва эҳтироми хосе доштанд.

Таҳияи Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 26/05/2020 17:45;   Просмотров: 760
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку