Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЗАНИ БОВАФОИ МАРДИ ДУЗАНА Адаш ИСТАД

Падар аз олам гузашту сахтиҳои рӯзгор сар шуд. Бародарон монда нашуда шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта кор карда пул меоварданд ва намонданд, ки модар дар дами солхӯрдагӣ ба кор барояд. Ҳамин тавр солҳо гузаштанду Мавлуда ба курси панҷум гузашт.

Ҳамон сол хостгорҳо омаданд. Чандеро ҷавоби рад доданд. Аммо яке аз онҳо хеле ҷазманд буд ва ба нею нестони модар эътибор надода омадан гирифт. Хостгорҳо мегуфтанд, ки домодшаванда дар Тошканд мудири дӯкони молҳои омехта аст ва шабона дар курси охирини донишкадаи савдо мехонад. Сипас хоҳари ҳамон домодшаванда арӯси ҳамсояашон будааст, ки ҳамчун ҷавонзани хеле хушмуомила ва накӯкор ва ба қавле “ҷони одам” буд ва ӯ омада гуфт, ки дилатон пур бошад, ман чӣ хел бошад додарам Салом низ ҳамин хел. Аз як палак ду хел харбуза намерӯяд. Зани зудбовар ва содда буд модари Мавлуда. Бовар кард.
Агар падари Мавлуда зинда мебуд, духтарашро ҳаргиз ба Салом намедод. Зуд пурсуҷӯ карда мефаҳмид, ки палаки ин харбуза аз ҷиҳати ахлоқӣ чандон сиҳат нест. Падари Салом дар колхоз шаробпаз буд ва шароби ангурро то ба Қазоқистону Русия бурда мефурӯхт.
Аммо ба сабаби пулҳои бедардимиёнро ба занакбозӣ сарф карданаш ҳеҷ гоҳ яктояш дуто нашуда буд.
- Оҳ, кошкӣ дадем зинда мебуданд, - оҳи бадард кашид Мавлуда.
Баъд розӣ шуданд, ба шарте ки дар Самарқанд зиндагӣ кунанд, зеро духтари ягонаашонро ба ягон шаҳри дигар доданӣ нес-танд. Салом ба ин шарт бо хурсандӣ розигӣ дод, зеро дар Тошканд бо як ҷавонзани рус никоҳи ғайрирасмӣ дошт. Он ҷавонзан ба сабаби иллати безурётӣ аз шавҳараш ҷудо шуда буд. Дар идораи савдои шаҳр молшинос буд. Пеш аз ин Салом бо занҳои сабукпой равуо дошт ва дӯстонаш оғоҳ мекарданд, ки рӯзе ягонтаи онҳо ба ӯ часпида мегирад ё ба ягон бемории хоси фоҳишаҳо дучор мешавад.
Муносибати Салом бо ин бевазан баъди тӯй тундтар шуд. Соня - ин бевазани ҷавони малламӯй чашмони зебои кабуд, қади расо дошт. Китобхон буд ва аз Салом низ талаб мекард, ки бештар китоб хонад. Салом бошад баъди як-ду саҳифа хондани китоб хобаш мебурд.
Баъди он ки Салом чанд бор ба Маскав рафту ягон бор ба галереяи Третяков надаромад, Соня ба чунин хулоса омад, ки бо ӯ зиндагӣ кардан оянда надорад. Соня ба воситаҳои ҳамкоронаш дар идораи савдои шаҳр хабар ёфт, ки Салом дар Самарқанд зан гирифтааст ва бо ин баҳона ба ӯ талоқ дода гуфт:
- Пошел ты на фиг буржуй нестчастный!
Ин гап овоза шуду ҳамкорон ӯро дар ғайбаш «Салим-буржуй» мегуфтанд.
Акнун оиди барфу жолаи ногаҳонӣ. Мавлуда як писару се духтар дошт. Писараш Ноил фарзанди калонӣ буд ва баъди хатми донишкадаи тиҷоратӣ дар чанд ҷой кор карда обрӯ ёфта натавонист ва ба фирмаи падараш даромад. Ҳамин Ноил хабар овард, ки падараш дар Тошканд зани дигар ва ду фарзанд доштааст. “Ман ба Тошканд бо корҳои тиҷоратӣ меравам” гуфта як-ду ҳафта гум шуда мерафт, мана баро чӣ мерафтааст!
Мавлуда ба рӯғани худаш бирён шуда сӯхт.
Салом дар солҳои охири замони шӯравӣ дар як мағозаи чети шаҳри Тошканд мудир буд. Азбаски ин дӯкон барои муфаттишону нозирон дурдаст буд, касе онро контрол намекард. Салом бошад аз ин имконият истифода бурда аксар молҳои дуздиро мефурӯхт. Яъне молҳое, ки ё дуздида шуданду ё дар корхонаҳои пинҳонкор истеҳсол гардидаанд. Фурӯхтани чунин молҳо дар замони шӯравӣ низ ҷиноят ҳисоб меёфт. Он вақт роҳбарони корчаллони баъзе корхонаҳо аз ҳисоби бе фактура фурӯхтани маҳсулот кисаҳои худро пури пули ҳаром мекарданд. Дар замони хусусигардонӣ Салом он қадар пули ҳаромро ҷамъ карда буд, ки ба осонӣ дӯконро харида моли худ кард.
Як мансабдори вазорати тиҷорат аз Салом илтимос кард, ки занашро ба кор гирад. Зеро хонааш дар ҳамсоягии магазини Салом буду ҷои пешинаи кори ӯ аз хонаашон дур. Салом ин илтимосро қабул кард, зеро мавқеи худро бо чунин алоқаҳо мустаҳкам кардан мехост. Масалан як рафиқаш, ки бо қавле бо ӯ ба як сӯрохӣ мемезид, одами ба Прокурори республика наздик буд.
Ин ҳамсари мансабдор тоторзани хеле зебо ва сабукпой низ будааст. Дар вақти баста шудани магазин, яъне охири кор, вақте ки ҳамкорон рафтанд, ӯ бо ҳар баҳона оқиб мемонду бо Салом айшу нӯш мекард. Сипас он қадар ба боварии ӯ даромад, ки муовин шуда қариб нисфи мағозаро дуздид. Салом рӯзе фаҳмид, ки муфлис шудааст ва маҷбур шуд, ки ба ҳамон тоторзан магазинро бо нархи арзон фурӯшад.
Салом хеле рӯҳафтода шуд. Аз ҳавлии самарқандиаш берун набаромада аламашро аз арақ мегирифт.
Сипас Мавлуда ба назди шогирди падараш Бурҳониддин, ки директори фабрикаи ширавор буд, рафта илтимос кард, ки Саломро ба кор гирад. Бурҳониддин Саломро ба шӯъбаи фурӯши маҳсулот ба кор гирифт, ки ҷои хеле сердаромад буд, зеро Салом ба фурӯши маҳсулоти дуздӣ таҷрибаи калоне дошт.


Последнее редактирование: 13/06/2017 13:43;   Просмотров: 1499
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку