Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД...

Аксар дар давоми умри кӯтоҳи худ корҳои бузургро анҷом медиҳанд. Хиз-матҳои онҳоро мардум дер гоҳ дар хотир нигоҳ медорад. Ин гуна инсонҳои нексиришт аз дилу дидаи атрофиён ҷовидон ҷой мегиранд. Яке аз чунин шахсон олими намоён Восеъ Қосимов буд. Агар дар қайди ҳаёт мешуд, рӯзи 24-уми март 85-сола мешуд.

Восеъ Қосимов 24-уми марти соли 1932 дар деҳаи Хоҷа Ғуломи ноҳия дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 8 таҳсилро дар омӯзишгоҳи хӯроквории Самарқанд идома додааст. Солҳои 1949-1951 дар шӯъбаи забон ва адабиёти Донишкадаи педагогии Самарқанд таҳсилро давом додааст. Пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиашро дар мактабҳои ҷумҳурияти бародарӣ оғоз намудааст.

Восеъ Қосимов соли 1955 бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Донишкадаи педагогии Самарқанд омад. Солҳои 1956-1967 ба донишҷӯёни Донишкадаи давлатии Самарқанд аз фанҳои шевашиносӣ, морфология ва методикаи таълими забони модарӣ сабақ дод.

Соли 1966 хусусиятҳои фонетикӣ, лексикӣ ва морфологии шеваи Форишро омӯхта, фарқияти шеваҳои тоҷикони вилоятҳои Бухоро, Самарқанд ва Ҷиззахро муайян намуд. Рисолаи номзадиашро дар ин мавзӯъ дар Шӯрои махсуси илмии ДДС бомуваффақият ҳимоя кард. Соли 1968 бо унвони дотсент тақдир гардид.

Восеъ Қосимов кори илмиро пайваста бо фаъолияти педагогӣ дар Донишкадаи педагогии Самарқанд давом дод. Солҳои 1967-1970 ҳамчун муаллими калон, дотсент, солҳои 1970-1975 мудири кафедраи забони тоҷик ва аз соли 1975 то дами вопасин декани факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи педагогии Самар-қанд фаъолият дошт.

Восеъ Қосимов кори илмиашро барои тадқиқи шеваҳои тоҷикони вилоят-ҳои Бухоро, Самарқанд, Фарғона, Ҷиззах, Сирдарё, Сурхондарё ва лексикаи чорводорӣ, деҳқонӣ, касбу ҳунар, сабзавотпарварӣ мавод ҷамъ намуда, онҳоро дар карточкаҳо рӯбардор ва ба замми маънои аслӣ маъноҳои иловагию мазоҷии онҳоро дар лаҳҷаю шеваҳо муайян кард, луғати мухтасари соҳаҳои номбаршударо тартиб дод.

Восеъ Қосимов солҳои зиёд раиси маҳаллаи Хоҷа Ғулом буд. Дар ин муддат ба тартибу интизоми одамон, бахусус, ҷавонон эътибори калон дод. Баҳри мустаҳкамии оилаҳо кӯшид. Барои ободии маҳалла саҳми муносиб гузошт.

Восеъ Қосимов 11-уми июли соли 1981 дар синни 50-солагӣ дар арафаи ҳифзи диссертатсияи докторӣ аз олам чашм пӯшид. Фаъолияти педагогӣ, хислатҳои хоксориву ҳалимӣ ва накӯкориаш, як қатор мақолаҳо, рисолаҳои илмии ӯ дар хотираи дӯстон, шогирдони сершумор абадӣ хоҳад монд. Чӣ тавре, ки Саъдии бузургвор мегӯяд:

Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз оқибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Зокир ҚОСИМОВ, дотсент


Дата добавления: 24/03/2017 12:16;   Просмотров: 1663
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку