Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Ҳабибу табиби мардум

Дар маҳфили ошиқона яке аз сарояндагони маҳбуб бо оҳанги хуше ин байтҳои обдори Лоиқ Шералиро замзама менамуд:
Чӣ суд аз зар, ало ёри зарафшонӣ, ҷавонӣ рафт,
Чӣ ҳаз аз лаъл, ало шӯхӣ бадахшонӣ, ҷавонӣ рафт...

Марди болобаланди малландоме, ситорагарму хушлибосе дар ҳавои ин суруд гӯё рақс мекард.
Рақси ӯ дастафшону пойкӯбон не, балки дигархелтар, аҷаб ҷаззобу назаррабо ва пурҳунарона буд. Аз ин рақс маъние, мантиқе дарёфтан барои шахси соҳибфазл душвор нест. Паси пиёлаҳоро ба ду кафи даст чунон ҳунармандона устувор намуда, табақи калонро болои сар гирифта, алвонҷ медиҳад, ки ба назар ҳам ду пиёлаи рӯи каф мечархаду ҳам табақи болои сар. Боз бо ҳаракати малакутӣ давр задани ин марди соҳибдил гавҳараки чашмони ҳамаро сӯи худ мекашад.
Рақси бемаъниву бешармонаи раққосаи давра, ҳаё-ҳуйи сармасту махмурони тӯйхона лаззати тамошои ҳаракати баландмаҷрои ин бузургмардро халалдор карда наметавонад.
Худ мечархаду, пиёлаву табақ давр мезанад! Ҳанӯз ҳофиз месарояд:
Куҷо он косаву косагардонӣ, ҷавонӣ рафт...
Пас аз анҷоми суруд яке аз хешовандони наздиктарини ин марди пурҳунар Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон, рассоми мониқалам шодравон Даврон Сафозода ба рӯйи саҳна омаду гуфт:
– Азизон, нахуст ба қадршиносии Шумо - халқи азиз, таъзим мекунам. Омадед, хуш омадед, соҳибтӯйро муборакбод гуфтед, ин ҳама амали хуб. Боз ҳангоми ҳунарнамоии духтури ҳозиқ, табибу ҳабиби ҷисму ҷони мо Ҳабиб Муртазоевичи мӯҳтарам диққати худро оромона сӯи саҳнаву марди ҳунар дӯхтед, ман хурсанд шудам. Барҳақ, рӯзгори Ҳабибҷони мо гирдгардон аст. Ҳаёт ӯро ба косагули маҷрои зиндагӣ табдил додааст. Роҳҳои пуршебу фарози умрро - ятимӣ, мусофирӣ, ҷангу ҷидол, ҷарроҳии мудҳиштаринро тай намудааст. Ва ин роҳҳо ӯро ба сӯйи қуллаи умеду умр раҳнамоӣ кардаанд.


ЗИНДАГИИ ИБРАТАНГЕЗ

Мудири шӯъбаи анестезиология ва реаниматсияи шифохонаи шаҳри Самарқанд Ҳабибулло Муртазоев соли 1957 дар маҳаллаи Хоҷа Аҳрори ноҳияи Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падараш Муртазо Ҷалилов, ки иштирокдори ҷанги ҷаҳонӣ буду дар заводи «Красний двигател» меҳнат менамуд, дар синни дусолагии Ҳабибулло ин дунёро тарк кард. Бори рӯзгор ва тарбияи чаҳор нафар фарзанди ноболиғ бар дӯши модараш – омӯзгори хушсалиқаи забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 8-и ноҳияи Самарқанд Барно Мӯъминова афтод. Ӯ рӯзона дар ду баст ба хонандагон сабақ медоду шабона дар равшании чароғ ҷома медӯхт. Фарзандон ба корҳои хона ёрӣ мерасониданд. Ҳабибуллои хурдсол низ мекӯшид ба аҳли оила кӯмак расонад. Модараш гоҳо ба кӯдаки меҳрубонаш нигариста, оби дида мерехт. Ҳанӯз дар олами бачагӣ бори зиндагиро кашидан мехоҳад. Бо супориши модар Ҳабибулло ба 30 адад сӯзан ресмон мегузаронд. Бегоҳ модар бо онҳо ҷомаро лаганда мекард. Бо меҳнати ҳалол чаҳор нафар писарро ба камол расонида, хононд.
Ҳабибулло дар хурдсолӣ аҳд намуда буд, ки калон шавад, албатта шифокор мешавад. Ва ҳар гуна бемориро пешгирӣ карда, мардумро аз марг наҷот медиҳад.
Дар синни понздаҳсолагиаш бародари калониаш Баҳодур бемор шуд. Азобҳои бародарашро дида, бори дигар иқрор мешуд, ки бояд касби шифокориро интихоб намояд.
– Пас аз хатми донишкадаи тиббӣ ба Афғонистон рафта, халқи он ҷоро табобат кун. Ба халқи мамлакати тиббиёташ ривоҷёфта ёрӣ расонида, баробари кори савоб таҷрибаатро зиёд менамоӣ.
Ҳанӯз суханони бародараш дар назараш башорат менамояд. Зеро он вақт дар Афғонистон ҷанг набуд. Пас аз хатми мактабҳои рақами 8 ва 16-и зодгоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи тиббии Самарқанд супорид, аммо донишҷӯӣ насибат нагашт. Як сол дар заводи консерва кор кард ва соли дуюм донишҷӯ шуд. Ҳангоми донишҷӯӣ дар Донишкадаи тиббии Самарқанд дар Афғонистон ҷанг сар шуд. Ҳамроҳи дӯстонаш барои иштирок дар майдони муҳориба ариза навиштанд, аммо гуфтанд, ки аввал хонданро ба итмом расонанд.
Ҳабибулло Муртазоев пас аз хатми донишгоҳ дар бемористони шаҳри Самарқанд ҳамчун анестизолог-реаниматолог кор оғоз намуд. Ин вақт бародари калониаш дар синни 34-солагӣ вафот кард. Суханони бародарашро ҳамчун васият қабул намуда, боз ба комиссариати ҳарбӣ ариза дод.
Соли 1978 ӯро ба шаҳри Қундузи Афғонистон фиристода мудири шӯъбаи раениматсияи касалхонаи ҳарбӣ таъин намуданд. Вай вақту соати муайяни корӣ надошт. Шабу рӯз аз пайи табобати беморон буд. Кор хеле вазнин ва тоқатфарсо буд. Ба доду нолаи ҷавонони дар майдони муҳориба захмдоршуда тоб овардан хеле мушкил буд.
Ин лаҳзаҳо Ҳабиб Муртазоевич сухан ва таҷрибаи яке аз устодони аввалинаш, ҷарроҳи номии ноҳияи Самарқанд Фарҳод Бӯроновро ёдрас мешуд.
–Ҳабибулло, бояд доимо дар хотир доред, ки духтур дар ҳама ҳолат маҳрами бемор аст. Аз айбу нуқсон, хуну маддаи вай ҳазар намудан, сирри бемории ӯро ба атрофиён маълум кардан+ камоли нодонист.
Ин хел ҳодисаҳои беҳушиву ҳарзагӯӣ, хунравию қайънамоӣ ва ҳатто бедасту пой, чашму гӯш мондани аскаронро дар хоки Афғонистон бо чашми худ дидаву ба дарди онҳо шифо бахшидааст. Агарчӣ муддате дар муолиҷагоҳи рақами 1-и шаҳри Самарқанд ва шӯъбаи реаниматсияи шифохонаи марказии ноҳияи Самарқанд чун духтури ҷарроҳ ва анестизиолог кор кард, фаъолияти асосии Ҳабиб Муртазоевич дар Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд гузаштааст. Бо ҳафт нафар сардухтур қариб 35 сол дар як ҷой барои сиҳҳатмандии аҳолӣ ҳиссагузор шуд.
Духтури ҳозиқ, аъзои фаъоли клуби ҳарбиву ватанпарварии «Сиёвуш» Ҳабиб Муртазоевич бо завҷаи мӯҳтарамааш, духтури таҳлил Шоҳсанам Саидовна Ҷалилова ду нафар фарзандро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудаанд.
Азизабону муаллимаи забони англисии мактаби рақами 17-и шаҳри Самарқанд, Зафарҷон - муаллими мактаби 10-и ноҳияи Самарқанданд.
Ҳоло Азизабону бо ҳамсараш Авазхон Ғиёсов, Зафарҷон бо завҷааш, духтури педиатр Дилдорабону Каримова, наберагон Раҳматуллохону Анахита ва Ансорҷон ба дунёи рӯзгори Ҳабиб Муртазоевич олами маънӣ ва нур илқо месозанд.

ДУНЁИ УМЕД

Одатан кори ҳаррӯзаи Ҳабиб Муртазоевич аз субҳи содиқ, ҳанӯз ситораҳо фазои озоди саҳарро тарк накарда оғоз меёбад ва шабонгаҳ, ҳангоми чашмакзании ситораҳо ва дурахши моҳи мунир давом мекунад. Аз ин рӯ шиори зиндагии духтури мӯҳтарам ин аст:
Хоҳам ба ҳама роҳравон роҳи сафед,
Хоҳам ба ҳама шомгаҳон субҳи умед!
Мо низ Ҳабиб Муртазоевичро бо 60-умин зинаиумр табрик мегӯем. Бизгор, дунёи умедашон обод бод.

Озод ҲАМИДЗОДА


Дата добавления: 18/08/2017 12:13;   Просмотров: 1518
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку