Се марди бузург андар хиёбони Донишгоҳи давлатии Самарқанд зери чанорҳои азимҷусса қадам мезананд. Сӯҳбати онҳоро ғурриши муҳаррики мошинҳои ду ҷониби кӯчабоғ ва нигоҳу ғавғои одамони қади роҳ халал расонида наметавонад. Се чанори бузурги маърифат андар чанорҳои азимҷуссаи табиат дар боби адабиёт, фарҳанг, анъанаҳои равобити мадании ду халқи бародар - тоҷику ӯзбек ҳарф мазананд. Дар байн марди нуроние бо қомати хамида ҳар замон- ҳар замон дуди сигорашро дам кашида, бурун месозад. Аз ду ҷониб ду шогирди вафодораш ба ҳар ҳарфи устод гӯш андохта, сукут меварзанд, лабханде мезананд. Лабханд аз он шодмонӣ, ки аз ин нобиғаи давр академики Академияи улуми Ӯзбекистон, адабиётшиноси маъруф, доктори фанҳои филологӣ Ботурхон Хилъатпури Валихоҷа навгоние, мавзӯи тозае дар боби густариши илми калом дарёфтанд. Ва ин бегоҳ то субҳи дигар номи то ин дам ба вартаи гумномӣ расидаи ягон адибе рӯйи саҳифаи таърих меояд. Заҳматкашанд ин ду шогирд ҳам мисли устоди худ. Профессорон Қобилҷон Тоҳиров ва Шавкат Шукуров...
Ҳамаи он лавҳае, ки дар боло нақлаш кардем, дареғо, ки аллакай худ низ аз саҳифаи таърих ҷой гирифт. Дигар Самарқанди куҳан ин се тан бузургмардонашро аз канори хоки покаш ҷой додааст. Шояд чанорҳое, ки дар зераш ин бузургмардон сӯҳбат доштанд, ҳоло хушк шудаву ба ҷояшон навниҳолони дигар сабзида, ба сари мардуми ориф соя меафканад. То адабиёт минбаъд ҳам равнақ ёбад, то дар сари гаҳвораи фарҳанг баробари модарони аллагӯ падарҳои қиссагӯй низ бошанд.
Агар яке аз ин се тан олимон - Қобилҷон Тоҳиров дар қайди ҳаёт мебуд, имрӯзҳо баробари фарзанду набера ва шогирдони бешумораш мухлисони каломи бадеъ низ 80-солагии мавлуди шарифашро ҷашн мегирифтанд. Охир ӯ алломаи илми калом буд...
Даврони бачагии Қобилҷон Тоҳиров дар яке аз деҳаҳои қадимтарини ноҳияи Самарқанд Ҷӯйи сой гузаштааст. Агарчӣ замона осудаву фаровон набуд, ҳидояти волидайни маърифатпеша ва шавқи зиёд ба илмомӯзӣ бахусус илми суханшиносӣ Қобилҷони ҷавонро пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳ ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии Самарқанд) овард. Ба ӯ тарзи дарсдиҳӣ, суханронӣ ва меҳрубонии академик, шоир Воҳид Абдулло писанд омад. Воҳид Абдулло ин шогирди худро ташнаи илми адаб шинохт ва роҳҳои беҳтарини услуби ин фанро ба ӯ омӯзонид. Диққати Қобилҷон Тоҳировро бештар адабиёти мумтоз - классикӣ ба сӯйи худ кашид. Дар рушду нумӯъи ин адабиёт ҳанӯз аз курсии донишҷӯӣ пардохт. Сипас, бо дуои неки устодон Воҳид Абдулло ва Ботурхон Хилъатпури Валихоҷа ба дараҷаи устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дотсент, доктори улуми филологӣ, алломаи илми калом шинохта шуд. Дар тӯли хидмат дар майдони адабиёти мумтози ӯзбек устод Қобилҷон Тоҳиров зиёда аз 200 мақолаи илмиву оммавӣ, рисолаву монографияҳо эҷод намуд. Бо вуҷуди он ки дар замони шӯравӣ бо вакилони адабиёти мумтоз сару кор намудан, осори онҳоро пешкаши омма гардонидан ва бахусус симоҳои навро аз қаъри таърихи адабиёт кашф намудан кори осон набуд, устод Қобилҷон Тоҳиров дар бораи шоири бузурги асри XVIII Нурмуҳаммад Андалеб рисолаи номзадиро ҳимоя кард. Номи Нурмуҳаммад Андалеб, ки аз ҳавзаи эҷодии Хева мешиносандаш, бо тамоми хусусияти адабӣ ва осори гаронбаҳояш маълуми ҳамагон набуд. Дар ин роҳ ба ӯ тадриси адабиётшиносон А.Самойлович, Е.Бертелс, С.Карриев, Р.Иноғомов, Қ.Қуронбоев дастурамал гардид.
Қобилҷон Тоҳиров барои дӯстии адабиётҳои ӯзбеку туркман хизмати босазое баҷо овардааст.
Пас аз ба истиқлол расидани Ӯзбекистони соҳибихтиёр таваҷҷӯҳ ба адабиётҳои динӣ афзуд. Акнун олими мӯшикофе лозим буд, ки аз ганҷинаи бисёрҳазорсолаи адабиётамон дурҳои маъниро чида, пешкаши хонандагон гардонад. Қобилҷон Тоҳиров яке аз аввалинҳо шуда, "Қиссаи Иброҳими Адҳам"-ро омодаи нашр кард. Аз мероси эҷодии шоири машҳур Ҳувайдо қиссаҳоро аз рӯзгори Иброҳими Адҳам омодаи чоп гардонид.
Қобилҷон Тоҳиров баробари олими пурдон будан дар оила низ падари ғамхор ва бобои дуогӯй буд.Ҳамроҳи завҷаи мӯҳтарамааш олими пурдони соҳаи забоншиносӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Раъно Тӯлагановна Миразизова (Худо раҳмат кунад!) оилаи намунавие бунёд намуда буд. Ҳоло фарзандони ин ду тан олимони зуфунуни адабу сухан Қобилҷон Тоҳиров ва Раъно Миразизова - мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд - Комилҷон Тоҳиров, врачҳои бомаҳорат Гулнора ва Гулчеҳра, муаллимаҳои пуртаҷриба Гулсара ва Гулбаҳор Тоҳироваҳо ба дуои халқ сазовор мегарданд. Махсусан дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд, адабиётшиноси маъруф Собирҷон Тоҳиров пайрави ҳақиқии падар ва модари худ аст. Марги нобаҳангоми корманди корҳои дохилӣ Олимҷон Тоҳиров дили бародару хоҳар ва додаронро ғамангез намуд.
Ҳоло дар синфхонаҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд овози ширадори устод аз ҷониби шогирдон садо медиҳад. Нақши пойи ӯ дар кӯчаву хиёбоне, ки аз Мадрасаи олияи Самарқанд - Донишгоҳи давлатӣ оғоз ёфта, то ба мадрасаҳои меросӣ Улуғбеку Шердор ва Тиллокорӣ мебарад, ҷавидон аст.
Нормурод КАРИМЗОДА
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.