Таи чанд рӯз дар Самарқанд Анҷуман – Форуми аввалини ҷавонони Осиёи марказӣ доир гардид.
Ба ин тадбири бошукӯҳ, ки бо ташаббуси Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар мавзӯи «Саҳми пешоҳангони ҷавони Осиёи Марказӣ дар ҷараёни расидан ба ривоҷёбии иқтисодӣ ва иҷтимоии барқарор дар ҳудудҳо» гузаронида мешавад, вакилони Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Боли ҷавонони «Жас отан» ва ҳизби «Нур отан»-и Ҷумҳурияти Қазоқистон, Оҷонси соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Қирғизистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати сиёсати ҷавонону варзиш ва Ташкилоти ҷавонони ба номи Махтумқулии Туркманистон иштирокдор буданд.
Меҳмонон аз ҷойҳои сазовори диққати шаҳрамон дидан намуда, ба вохӯриҳо дар мавзӯъҳои «Саҳми ҷавонон дар ривоҷи фан ва таълим», «Ҳамкории фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ва «Саҳми туризми ҷавонон дар пурзӯрсозии тараққиёти Осиёи Марказӣ» басо фаъол буданд.
- Анҷумани ҷавонони Ӯзбекистон мо зҷодкоронро боз ҳам муттаҳид кард. Ҳамроҳ аз дабистону фарҳангистон Самарқанд, аҳли санъату адаби Сайқали рӯи Замин ошно гардидем. Дар Самарқанди дилам бо меҳмонон дар оғӯши ҷавонони созандаву ташаббускор будан ба мо ҳаловати зиёд бахшид – иброз дошт роҳбари гурӯҳи эҷодкорони Ӯзбекистон, адибу рӯзноманигор Нодир Жонузоқ.
Як қисми тадбир дар мактаби рақами 16-и ноҳияи мо низ баргузор шуд.
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.