Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲАВОЮ ҲАВАС

ё худ дар орзуи хонаи гарм

Мегӯянд, ки Соли Навро бо чӣ гуна инсонҳо пешвоз гирӣ, дар давоми сол онҳо ҳамроҳат мешаванд ва ҳамон кайфият инсонро тарк намесозад. Аз ин рӯ, Башораткелин хост дар атрофи дастархони солинавӣ дугонааш Адолаткелин ҳамроҳ бошад. Аз наберааш Анвар хоҳиш намуд, ки дугонаашро ба меҳмонӣ даъват намояд.

Пас аз чанде Анвар ҳамроҳи Адолаткелин ба хона даромад. Аҳли оилаи Башораткелин аз ҷой хеста, ба меҳмон салом доданд. Адолаткелин ба салом алейк гирифта, ба дугонааш рӯ овард:
- Дугона, дар ин ҳавои ҳавас калимаи "Меҳмон"-ро шунида, ба пӯстинам кайк даромад. Дар дил гуфтам, ки дугонаам ба худаш ҷойи гарм намеёбаду меҳмонро дар кадом хона мешинонда бошад?
- Канӣ, дугона, аз боло гузаред, - дугонаашро ба нишастан таклиф намуд Башораткелин ва илова намуд. - Дил васеъ бошад, ба хонаи хурд ҳам ҳама меғунҷад.
- Ба худатон як тӯмор кунед, дугона, - хандид Адолаткелин. - Шуморо шинохтан душвор шудааст. Динекак ба хонаҳои калону баланд ва дуошёна ҳавас мекардед-ку?!
- Ростӣ гапро гӯям, дар фасли зимистон ҳамин хоначаи пастакаки майдаякам ба назарам қаср менамояд. Агар хусусиятҳои ин хоначаамро гӯям, ҳайрон мемонед.
ХОНАИ УНИВЕРСАЛӢ
Ҳозирон аз ҳазлу шӯхиҳои дугонаҳо ба шавқ омада, хуб механдиданд.
- Канӣ, ин хоначаи нағзакаку гармакаки шумо чӣ каромат доштааст?
- Номи ин хонааам Универсалний аст.
- Ин чӣ маъно дорад?
- Хоначаи ман вазифаҳои гуногунро бар ӯҳда дорад. Яъне, аввало ин хонаи хоби ману шавҳарам буд. Ҳоло имконияти гарм кардани дигар хонаҳо нест. Акнун ошхона, меҳмонхона, хонаи бачаҳо, хонаи дамгирӣ, ҳаммом, хонаи хоб ва ҷои ҷомашӯӣ ҳамин ҷо аст.
- Ҳа, ман ба шумо қоил! Тобистон доим мегуфтед, ки ин хонача барои шумою шавҳаратон тангӣ мекунад.- гуфт Адолаткелин.
- Э, дугона, дар ҳавои хунук хона мисли резинка васеъ мешудааст. Дар ин хонача ҳоло ҳашт нафар хоб мекунем. - бо ханда гуфт Башораткелин. - Агар ду - се нафар меҳмони шабхобрав ояд, барои онҳо ҳам ҷой ёфт мешавад. Хонаи мо безразмерний.
- Яъне, беандоза гӯед. Чӣ қадаре, ки хоҳед васеъ мешавад.
ҚАБУЛИ МЕҲМОН ДАР "ҲАММОМ"
- Ҳар боре, ки як воқеа ба хотирам ояд, чунон шармам меояд, ки мондан гиред. - ду бари рӯяш лолагун гашта, ба хаёл ғӯта зад Башораткелин.
- Чӣ хел воқеа? Ба мо ҳам нақл кунед - илтимос карданд бачаҳо.
- Э, напурсед. Як рӯз хонаро гарм кардаму набераҳоямро аз хона берун намудам. - нақлашро оғоз намуд Башораткелин. - Хостам, ки як ҳузур карда, оббозӣ намояд. Хона гармакак, обҳои гарм тайёр. Дар айни авҷи оббозиам дари хона якбора калон кушода шуд.
- Э, дафъ шавед! Бачаҳои гапнодаро! - ҳама ҷоям собунолуд набераҳоямро сарзаниш намудам. - Дарро пӯшед! Хона хунук шуд!
Мегӯянд, ки аз нӯги сӯзан барин сӯрохӣ шутур барин хунук медарояд. Дари хона калон кушода бошад, вагон-вагон хунук медарояд. Боз касе хаёли дарпӯшӣ надорад.
- Надароем-мӣ? - шунида шуд овози касе. - Мо ба меҳмонӣ омадему "дафъ шав!" мегӯед.
Нигоҳ кунам, хоҳари хурдиам ҳамроҳи модаршӯяш ба хона даромаданӣ.
- Оббо, ман оббозӣ мекунам-ку...
Аммо онҳо дарро аз берун напӯшиданд. Дар ҳанӯз кушода, бадани мани бечора мағзобаолуд. Чӣ кор карданамро намедонам. Писару келинам дар кор, набераҳоямро худам берун кардаам. Меҳмонҳо намеандешанд, ки каме дар берун интизор шаванд.
- Худам оббозӣ доронам-мӣ? - гӯён модаршӯи хоҳарам ба дарун даромад.
- Не-не, надароед, ин ҷо ҳаммом. - гуфтам саросемавор.
- Ойтӣ, шарм надошта оббозӣ кардан гиред. - гӯё маро аз хиҷолат раҳониданӣ шуд хоҳарам.
- Ман агар одами луччакро бинам, ғиҷинам меояд. - гуфт модаршӯяш. - Баҳузур коратонро давом додан гиред. Мо нигоҳ намекунем.
Чунон шарм доштам, ки ба гуфтан сухан намеёбам. Дасту по хӯрда қариб буд, ки оби сатилро резонам. Аз болоям зуд-зуд обро рехтам. Модаршӯи хоҳарам, ки гӯё ба ман наменигарист, зуд-зуд маслиҳатҳо медод:
- Укамулло, қафои гӯшҳоятонро ҳам нағзакак шӯед.
- Кафи пойҳоятон кафидааст.
- И-е, ҳоло собуни тахтапуштатон нарафтааст.
- Обро аз китфатон резед...
Дар дилам хоҳараму модаршӯяшро сарзаниш намуда, бо сачоқ баданамро пок карда, либосамро пӯшидам. Мӯямро нахушконида, ба сарам рӯймолчаро бастаму зуд аз паи меҳмоннавозӣ шудам. Ҳавои берун ба қавле туф кунӣ ях мекард. Берун, ки баромадам, мӯям ях баст.
- Қудохола, дар ин ҳавои хунук беҳуда ташвиш кашида омадед - дия. - гӯё ки кай боз интизори қудохола бошам луқма партофтам.
- Ҳеҷ ташвиш накашидем. - ҷавоб доданд қудохола. - Дар хона аз бекорӣ зиқ шудаму ба келин гуфтам, ки як ба хонаи хоҳаратон равем. То ман таклиф накунам, хоҳаратон аз ҷой ҷунбидан намехоҳанд.
- Хуб кардед, ки омадед.
- Омадему оббозии шуморо тамошо кардем.- хандиданд қудохола.
- Қудохолаҷон, ин дафъа дар ҳавоҳои гарм оед, шумоёнро дар ҳаммом не, дар меҳмонхона қабул мекунем. Дар ҳавои гарм рӯи ҳавлиро об зада, чӣ қадаре ки хоҳед сӯҳбат карда мешинем. - гуфтам бо умеди зудтар хезонидани меҳмонон. Ҳоло ҳама як хонаро гарм карда нишастаем.
Дар берун рафтани меҳмонҳоро набераҳоям интизорӣ мекашиданд. Зеро онҳо бояд хона рӯбанд, зарф шӯянд, дарс кунанд.
Дидам, ки меҳмонҳо нияти рафтан надоранд, ноилоҷ берун баромада, ба оташдон оташ гирондам, ки сандалиро гарм кунам. Меҳмонҳо диданд, ки ман ба зудӣ наздашон нарафтам, берун баромаданд. Ман зуд сумкаашонро бароварда, ба дасти хоҳарам додам.
- Хонаатон хунук, оташи сандалиатон мурдааст. - шикоят кард қудохола. - Акнун ба хонаи худамон рафта гарм мешавем.
- Мо одатан ба печ ва сандалиамон кӯмур мемонем. Боз шуморо ғубор нагирад гуфта, хонаро гарм накардам...
Ҳамин тавр, меҳмонҳоро дар "ҳаммом" қабул карда, гусел намудам.
"ҲУСН"И САНДАЛӢ
- Дугона, сандалиатон поймонак надорад-мӣ?
- Ҳа, "ҳусн"-и сандалиамро кӯрпа панаҳ мекунад.
- Сандалиатон чаро ба ин ҳол афтод? - шавқмандӣ намуд дугонааш.
- Рӯзе духтарам ҳамроҳи писарчааш Парвизҷон ба меҳмонӣ омад. Шабона ҷойгаҳи Парвизҷонро низ дар гирди сандалӣ андохтем. Ҳамон шаб оромамро гум кардам. Шаби дароз Парвизҷон сандалиро лагадкӯбӣ намуд.
- Бо сандалӣ ҷанг кард, гӯед. - луқма партофт Адолаткелин.
- Ҷангаш дарди бахайр будааст. Соатҳои ду - сеи шаб буд, ки Парвизҷон худро дар дохили сандалӣ гирифта, оромакак хобид. Хаёл кардам, ки бача акнун ҷои боҳаловат ёфтааст.
- Баъд чӣ шуд?
- Сонӣ хобам будрааст. Нимашаб хунук хӯрда бедор шудам. Хостам, ки оташи сандалиро андаке кобаму гарм шавем. Дидам, ки аз оташ ному нишон нест.
- Афсӯс!
- Медонед чӣ шудааст. Парвизҷон шабона ба болои оташ пешоб кардааст. Хайрият, аллакай ҳама аз сандалӣ пойҳояшонро берун кардаанд. Илоҷи корро ёфтам. Ошпазаки барқӣ ҳаст-ку?
- Ҳа, плитаи барқӣ.
- Ҳа, ҳамонро ба барқ пайваста, ба дохили сандалӣ гузошта, акнун гарм шуданӣ будам, ки барқ хомӯш шуд. Хобам сахт бурдааст. Нохост сулфа гулӯгирам карда, бедор шудам. Сандалӣ дар ҷойяш набуду хона пури дуд!
- Сандалӣ чӣ шудааст?
- Плиткаро аз барқ нагирифта, хобам бурдааст. Баъд барқ омада, плитка тасфидааст. Табиист, ки гармӣ боло мебарояд, аввал сандалӣ, баъд кӯрпаи болои он сӯхтааст. Ҳамон аст, ки ин сандалии бечораам аз "ҷанг" бо набераам осеб дида монд. Бо ҳамин ҳолаташ ҳам хизмат мекунад.
Бачаҳо аз ҳазлу шӯхиҳои ду дугона хуб хандиданд.
Садои мушакпарронӣ баланд шуд. «Соли инвеститсияҳои фаъол ва ривоҷи иҷтимоӣ» оғоз ёфт.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 08/01/2019 11:06;   Просмотров: 1070
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку