Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЗ САМАРҚАНДИ КУҲАН ТО ХУҶАНДИ ДИЛПИСАНД

Дар арафаи 9 -уми сентябр -ҷашни фархундаи 27-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кормандони расмӣ ва эҷодии Самарқанди бостонӣ бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба вилояти Суғд бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстиву робитаҳои иқтисодиву фарҳангии тарафайн сафар намуд. Самарқандиёнро дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм - Ҷартеппа фаъолону сокинони Панҷакенту Хуҷанд гарму ҷӯшон пешвоз гирифтанд.

Сипас, бо ағбаи Шаҳристон ба зодгоҳи шоири шаҳир Камоли Хуҷандӣ раҳсипор шудем. Силсилатадбирҳои дилхушкунанда, ки дар боғи миллии «Ваҳдат», корхонаҳои истеҳсолии «ДП Фартуна-КО», «Sulkcolm», чойхонаи боҳашамати «Арбоб», майдонҳои устод Рӯдакиву шоҳ Исмоили Сомонӣ ва ғайра ба вуқӯъ пайваст, муассиру хотирмон буд. Роҳбарони ҳар ду вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Эркинҷон Турдимов оиди муваффақият ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, адабу фарҳанг, ривоҷи экспорт, туризм, таъмини пойдории мубодилаи афкор ва таҷрибаҳои пешқадам изҳори ақида карданд.
Таъкид намуданд, ки шаҳрҳои бузурги Хуҷанду Самарқанд аз қадим пайвандиҳои ногусастанӣ доштанду ҳамин тавр хоҳад монд. Осори пурмӯҳтавои адибон, олимон, санъаткорони ду халқи ба ҳам қарину дӯст мояи ифтихори башарият гаштааст. Тантанаҳои беназири иди истиқлол бо иштироки меҳмонон ва ҳуҷандиёни бешумор ҳайрату ҳаяҷони ҳозиронро афзуд. Сурудҳои дилпазири ҳофизони маҳбуб Ҷӯрабек Муродов, Афзалшоҳ Шодиев ва рақсҳои рангину ҷаззоби ҷавондухтарон роҳати ҷону тан, файзу шукӯҳи анҷуман буданд. Дуруду сурудҳо дар фазои бекарони шаҳри зебоманзар гӯшнавозӣ мекарданд.
Ниҳоят, лаҳзаҳои хайрхуш ва гуселонидани меҳмонон фаро расид. Иштирокдорони Форум-бизнес ба маънои томи сухан таассуроти баланд бардоштанд. Ҳангоми бозгашт дар лабони ҳама суханҳои «Поянда бод дӯстиву ҳамкорӣ», «Зинда бод ваҳдати миллӣ», «Шаъну шараф ба Ӯзбекистону Тоҷикистон, халқҳои ӯзбеку тоҷик» танинандоз буд.
Аз ҷониби шоир ва иштирокдори анҷуман Нормурод Каримзода қасидае иборат аз 40 мисраъ бо номи «Сипоснома» иншо гардид, ки порае аз он манзури шумо мегардад:

МЕҲРАНГЕЗ


Дата добавления: 14/09/2018 15:40;   Просмотров: 1127
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку