Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

“БА ДУО РАСАД КАСЕ, КИ ДИЛ ЁБАД!”

иброз дошт ҳангоми сӯҳбат директори фирмаи истеҳсолӣ ва савдои “Зулфия”, тадбиркори номӣ Фурқатҷон УЗОҚОВ

- Фурқатҷон Қозоқович, имрӯзҳо дар мамлакатамон барои ривоҷдиҳии тадбиркорӣ имконият ва имтиёзҳои хайрандешона пешкаш мегардад. Ва дар замири он пеш аз ҳама фаровонии бозори дохилӣ, ки осоиштагии диёр ва ниёзмандии аҳолиро таъмин месозад, ҷой дорад. Дар ин раванд чӣ ақида доред?
- Дуруст гуфтед, ки тадбиркор маҳз дар сол-ҳои Истиқлолияти Ҷумҳуриятамон ба имконият ва имтиёзҳои калон соҳиб гашт. Корхонаи мо низ меваи истиқлолият аст. Соли 1997 фирмаи мо бо номи модари мушфиқам “Зулфия” таъсис ёфт. Ба решаи ниҳоли навбари коргоҳ қарору фармонҳои Президент ва ҳукумат гӯё об дод, нерӯ бахшид. Имрӯзҳо он ниҳол ба дарахт табдил ёфта, бор медиҳад. Ҳоло тамоми тадбиркору корчаллонҳои мамлакатамон панҷ раванди Стратегияи амалиётро нисбати ривоҷдиҳии моликияти хусусӣ ва субъекти тадбиркорӣ, ки бо ташаббуси Президенти мӯҳтарамамон Шавкат Мирзиёев эълон гардидааст, чун раҳнамо ва дастурамал қабул намудаанд, ки фирмаи “Зулфия” низ дар ҳамон саф аст.
- Барои ривоҷи кор ва ба амал ҷорӣ намудани ғояҳои нав барои ходимон шароити хуби корӣ ва ғамхорӣ зарур аст...
- Албатта. Агар ходим аз роҳбар ғамхорӣ бинад, коргоҳро чун хонаи дуюми худ дӯст медорад. Барои пешравии корхона мекӯшад. Алҳол дар фирмаи “Зулфия” 36 нафар коргар меҳнат мекунад. Барои онҳо хӯроки нисфирӯзӣ ва нақлиёт ташкил намудаем. Соле як маротиба ходимонро аз назорати тиббӣ гузаронида, барои барқарорсозии саломатиашон ёрӣ мерасонем. Натиҷаи меҳнати онҳост, ки зиёда аз 80 намуди мебел, анҷом-ҳои варзишӣ ва таҷҳизоти тиббӣ истеҳсол мегардад. Салоҳиддин Маллаев, Ҳасан Пардаев, Мӯнис Фахриев барин коргарони пешсаф дорем. Дар сехи дӯзандагӣ бонувони соҳибҳунар мисли Раҷаба Нарзиқулова, Гулҳаё Меликова, Майсара Ҳомидова кӯрпаву кӯрпача, бистару ҷойхоб, корҷома, либосҳои бачагонаву мардонаро аз матоҳои хушсифат тайёр мекунанд. Аз ин рӯ, дар давоми солҳои 2014-2016 2 млрд. 483,4 млн. сӯмина маҳсулот тайёр гардид. Самаранокии иқтисодӣ 47 фоизро ташкил намуд.
- Ташкили савдоҳои тендерӣ ва гузаронидани озмуни анъанавии “Ташаббус” байни тадбиркорон майдони рақобатро ба вуҷуд оварда, барои афзоиши сифатнокии маҳсулот хизмат мекунад...
- Рост. Ин гуна тадбир-ҳо барои муттаҳидсозии тадбиркорон ва таҷрибаомӯзии онҳо ташкил мегардад. Ба фикри ман тадбиркор бояд дар ҳама ҷабҳа фаъол бошад. Роҳҳои пешравии корро андешад. Фирмаи “Зулфия” чанд сол инҷониб дар савдоҳои тендерии бо мебел ва анҷом-ҳои варзишӣ таъминнамоии муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсус, инчунин, савдоҳои тендерии аз ҷониби Бунёди ҷумҳуриятии “Ривоҷи варзиши бачагон” иштирок менамояд. Фирма дар озмуни “Ташаббус-2013” дар ноҳия ҷои аввал ва дар вилоят ҷои дуюмро ишғол намуд. Солҳои 2014-2016 дар зинаи ноҳиявии озмуни “Ташаббус” аз рӯи номгӯйҳои “Тадбиркори бомеҳру мурувват” ва “Тадбиркори ҷойи кории зиёд ташкилнамуда” ғолиб гардид.
- Дар бораи нақ-шаҳои ояндаатон низ чанд сухан мегуфтед...
- Мо барои боз ҳам васеътар намудани фаъолиятамон ба лоиҳаи сохтмони яхдон барои нигаҳдории маҳсулоти боғу деҳ-қонӣ ва меваҷот омодагӣ мебинем. Бо иҷрои ин лоиҳа боз 6-то ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад. Дар натиҷа имконияти экспорт намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва саноат ба ташкилотҳои хориҷа падид меояд.
- Хуб медонем, ки бисёр корҳои хайрро амалӣ гардонидаед. Бо дастгирии гумо барин инсонҳои саховатпеша кӯчаҳои роҳи дохилии маҳаллаи Андиҷонӣ обод гардид. Паҳлӯи роҳ ва атрофи ҷӯйборҳо зиёда аз 1000 бех ниҳол шинонидед...
- Дона то бар хок
н-афтад, кай ба
боло қад кашад?
Қадри одам ҳам баланд
аз хоксорӣ мешавад,
- гуфтааст шоир. Ба дуо расад касе, ки дил ёбад. Ифтихор дорам, ки дар диёри зебову обод умр ба сар мебарам. Бароямон тамоми имкониятҳо мавҷуд аст. Оилаи обод, фарзандони солим, набераҳои ширин дорам. Ҳамсари оқилаам Ҳанифабону ҳамеша ёвару мададгорам аст. Писаронам Фарҳодҷону Улуғбек (Азизҷон) пару боли мананд. Бо мададу дастгирии онҳо сӯйи қуллаҳои мурод парвоз дорем. Хушбахтем, ки барои халқу ватани азизамон хизмат мекунем.

Мусоҳиб Дилрабо НАСИМӢ
Аксбардор Бекзод ҚОДИРОВ


Дата добавления: 12/05/2017 15:26;   Просмотров: 1454
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку