Миёни мардуми фарҳангпеша ва адабпарвари ноҳия ва вилоятҳои мамлакати офтобрӯяамон равобит давом дорад. Ба қарибӣ гурӯҳи донишварони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона меҳмони Самарқанди қандманд буданд.
Онҳо аз бурҷу бораҳои манораҳои осмонбӯси Самарқанд, маърифатгоҳҳои бонуфузтарин, аз ҷумлаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишкадаи забонҳои хориҷии давлатии Самарқанд, хона-музейи аллома Садриддин Айнӣ, равзаҳои мунаввари Имом Исмоили Бухорӣ ва Махдуми Аъзами Даҳбедиву Хоҷа Аҳрори Валӣ дидан карданд. Меҳмонони фозил аз қабили директори мактаби ихтисосонидашудаи рақами 1, академики Академияи байналхалқии ба номи Чингиз Айтматов, роҳбари шӯъбаи сӯхии Академияи илмҳои Тӯрон Фарҳод Ҷӯраев, котиби илмии шӯъбаи академия Ҳоҷӣ Махсум Аъламов, ҷонишинони директори мактаби рақами 1 Мӯсобек Азимбеков ва Абдуманнон Ҷавлонов ибрози ақида намуданд, ки Самарқанд рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад.
Меҳмонони фарҳангпеша дар маҷмӯи "Олами китоби Самарқанд" ташриф оварда, аз ғановати ганҷинаи адабӣ ва бадеӣ мутаҳаййир гардиданд.
Тадбире, ки дар ин ҷо бо иштироки аҳли илму адаби Самарқанд баргузор шуд, басо хотирмон буд. Гуфтанд, ки Самарқанд гаҳвораи тамаддуни Шарқ буд ва ин гаҳвора боз оқилони зиёдеро тарбият хоҳад кард.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.