Рӯзи якуми феврал барои ҳаводорони каломи бадеъ, муштариёни асарҳои ҳаҷвиву мазҳакавии Самарқанд Иди ханда аст . Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1953 ҳаҷвнигори воломартаба, адибу рӯзноманигори пуртаҷриба Бахтиёри Ҷумъа ба дунё омадааст. Яъне, устод Бахтиёри Ҷумъа ҳамроҳи янгамуллои мӯҳтарамаи мо, собиқадори маорифи халқ, илҳомбахши эҷоди устод Паттӣ Шарофова ба зинаи 65-умини умри азизаш қадам мегузорад. Қадамҳотон аз аввал то ба охир бехатар бодо, мегӯем!
Бахтиёри Ҷумъа бо доду фарёд чанги кӯчаҳои Ҷарқишлоқро ба осмон бардошта, аз давраи беғамии кӯдакӣ ҳаматарафа баҳравар нашуда, аз дасташ дошта, ба мактаби ҳаштсолаи рақами 47 оварданд, ки хонад.
Пас аз ҳашт сол гуфтанд:
– Маълумотат ҳатто миёна не, боз хонданат даркор!
Дар мактаби рақами 16–и маркази ноҳияи Самарқанд хонда, номаи камол гирифт ва боз ягон кас мабодо «хон» нагӯяд, худаш ба чапу рост нигоҳ накарда, соли 1970 рост ба Институти педагогии шаҳри Самарқанд рафта даромад. Сархушу сармасти бӯи боғи адабиёт солҳои донишҷӯияш паси сар гаштанду соҳиби диплом шуд ва дар чорроҳаи зиндагӣ ҳайрон монд. Хушбахтона, аз рӯи таомули ҳамон солҳо ба дасташ роҳхат доданд, ки ба ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё рафта, ба бачаҳои мардум дарс диҳад. Як сол муаллимӣ карда, фаҳмид, ки тамоми умр аз ӯҳдаи ин кор баромаданаш амри маҳол аст, кори рӯзноманигориро авло донист. Вале баъди гузаштани солҳо фаҳмид, ки кори журналистӣ аз кори омӯзгорӣ ҳам душвортар аст, аллакай ҷои қафоравӣ набуд. Ҳоло Бахтиёри Ҷумъа, ки дигар илоҷ надорад, хапу дам баробари корҳои рӯзноманигорӣ барои калонсолон ҳаҷвияҳо, барои хурдсолон ҳикояҳо, барои набераҳояш афсонаҳо менависад.
Устодро бо ҷашни мавлуди милод муборак гуфта, тамоми хушиҳои рӯзгору эҷодро таманно дорем.
ҲАЙЪАТИ ТАҲРИРИ «СУБҲИ ГУЛОБОД»
Меҳмон, аз номаш гардам, атои Худо, шахси бузургу мӯътабар аст. Аз ин рӯ, ҳурмату эҳтироми меҳмонро бекаму кост ба ҷо овардан барои ҳар яки мо ҳам қарзу ҳам фарз аст.
Меҳмон шудан роҳату фароғат бошад, меҳмондорӣ кардан азобу машаққат. Ба ҳар ҳол меҳмонҳои мардина дарди бехайранд. Ба шарафи онҳо шутур кушта зиёфат надиҳед, ки ба рӯи дастархон як шиша арақ монед, шуд. Аз шумо одами хубу меҳмондӯст ва ҳимматбаланд дар рӯи дунё нест. Вале меҳмонии зан мардум азоби алим. Онҳо бо нозу нуз ба хӯрдану айбмонӣ усто. Рафту хотири аз барги гул нозукашон озоре ёбад, тамом. Камбудию норасоиҳои оилаатонро ба ҳафт иқлими рӯи дунё нағора навозанд, ба кайҳон гурехта ҳам халос намехӯред.
Бинобар ҳамин вазифаи ягона, аз ҳама асосӣ ва ниҳоят муҳими кадбонуҳои хона ҳарчӣ зудтар ва бегилаву ҷингила гусел кардани меҳмонон аст. Инак, ба мизбонон даҳ маслиҳати муфид доданро қарзи виҷдонии худ меҳисобам.
1. Баъде, ки меҳмон ба таги даратон омад, аз сари синааш тела дода, ба қафо рондан ба шаъни мардуми мо намезебад. Омад, ҳамчун балои ногаҳонӣ бошад, ки бо чеҳраи кушод пешвоз гиред. То даме, ки пешвоз мегиреду сӯи меҳмонхона ҳидоят менамоед, чӣ қадаре, ки ҳунару маҳорат доред, ҷоғ занеду таърифаш кунед: меҳмон аз худ бехуд шавад.
2. Вай надаромада ҳамчун рамзи иззату эҳтиром ҳурматашро ба ҷо оред: дастовезашро гиред, сагу гурбаро аз пеши роҳаш ронед, ба кашидани либосҳои вазнинаш ёрӣ расонед. Агар кафшашро дар пеши чашмонаш роста карда монед, боз беҳтар аст.
3. Меҳмонро ҳамчун атои Худо ба меҳмонхона дароварда, аз пешгоҳ ҷой диҳед. Аз пешгоҳ ҳама чиз, ҳатто календару соати деворӣ ва роҳи дари баромад ба чашмонаш бараъло менамоянд.
4. Ба тагаш қабат–қабат кӯрпачаҳои атласу кимхо партоеду ба пушту паҳлӯяш болиштҳои пари қу гузоред. Дар хонааш, ки ба чунин иззату икром ва карру фарр одат накардааст, болои хор шиштагӣ барин худро ноҳинҷор ҳис мекунад ва мисли мор печутоб мехӯрад. Ин барои баҳузуру бафурҷа ва дурудароз нишастанаш имкон намедиҳад. Дар натиҷа ӯ ҳарчи зудтар гурехта, ҷонашро халос карданро авло медонад.
5. Баробари дастархон кушодан дар ҳар ҷо – ҳар ҷо дастпоккун гузоред. Ин дар назари аввал барои тозагиву гигиена аст. Вале агар меҳмон каму беш ақлу фаросат дошта бошад, маънои онро зуд дарк мекунад ва хоҳ–нохоҳ дастпокро ба кор мебарад.
6. Ҳар таом ё хӯришу шириние рӯи дастархон кашед, ҳамроҳаш чумчаву чангак ва корд монданро фаромӯш насозед. Онҳо аз як тараф маданиятнокиву зиёӣ будани шуморо ифода намоянд, аз тарафи дигар роҳ надодан ба исрофкорист. Яъне, баъди гусели меҳмон бе ҳеҷ дудилагӣ ва иштиҳои тому қозгир таомҳои боқимондаро бо аҳли оилаатон нӯши ҷон месозед.
7. Иззату икроми ҳар меҳмон ҳамроҳаш шиштан аст. Ба қавли мардуми дурӯғгӯ, мақсад аз меҳмонӣ хӯрдану нӯшидан не, балки чақ–чақу сӯҳбат ва ғубори дил баровардан аст. Бинобар ҳамин, дар сари дастархон майдони гапу ҷилави аспи суханро ба дасти меҳмон диҳед, ки хуб ҷавлон занад. Агар дар хӯрдан неву дар ин бобат беҳавсалагӣ кунад, ҳушёриро аз даст надиҳед: худатон ҳар замон ба орухона чӯб халонда истед, яъне савол диҳед. Ҳадаф – даҳонаш ҳамеша бо хӯрок не, балки бо гап банд бошад.
8. Бо мақсади ҳадди меҳмоннавозиро ба қуллаи олиаш расондан, ҳатто меҳмон хӯрда истода бошад, ки ҳар замон «гиред», «хӯред», «чаро мазетон не?», «нозу неъматҳо барои тамошо не, барои хӯрдан аст» барин гапҳо аз даҳонатон канда нашавад. Гоҳ–гоҳ «э ҳаминакак намонад, гиред саг надорем, ки хӯрад» гуфтан ҳам мувофиқи матлаб аст.
9. Дар пеши меҳмон бачаҳоро сиёсат кардан, ба гӯшашон насиҳат хондан аҳамияти тарбиявӣ дорад. Ҳаққу ҳамсоязанҳоро наҳ задан, ганда кардан, баднафсӣ, айбу норасоиҳояшонро ба забон овардан ва ҳатто гурбаро бо маломат аз сари дастархон рондан қадаме ба пеш дар иҷрои вазифаи мизбонии занҳо ба ҳисоб меравад.
10. Баъди ин қадар тадбиру чораҷӯиҳо боз меҳмон ҳадди худро нашиносад ва ба тараддуди хеста рафтан наафтад, илоҷи охиринро ба кор баред, тиратон бехато ба нишон мерасад. Яъне, бо рӯймол ё дастпоккун мусаллаҳ шуда, «пашша киш» мегӯед. Ин амал, албатта, ҳангоми сӯҳбати ширин ба анҷом расонида шавад, беҳтар аст. Масалан, гоҳ худро шамол додаву гоҳ пашша пеш карда истода, «эъ киш–е, ин қадар шумо мурдаатонро ба болои ширинӣ мепартоед?!» –гӯён номаълум, гӯё пашша ба мураббою асал ё дигар шириниҳо нарасад, болои онҳоро бо як лаби дастархон мепӯшед. Баъд лаби дигарашро. Албатта, дар ин хел мавридҳо оиди зарари пашша, хосиятҳои сирояткунии он, падарлаънат, паҳнкунандаи тамоми касалиҳо ва асоси касофату разолат буданаш донишмандии худро нишон диҳед, аз аҳамият холӣ нест. Агар тарзи хӯрокхӯрии он, яъне аввал болои хӯрок луоби даҳонашро рехта, сонӣ, бо хартумчааш макида хӯрданашро қайд карда гузаред, тамом, меҳмон накаут мешавад. Баъде, ки ба худ омада чашм кушояд, болои дастархони пӯшидаро мебинад ва ҳатман ба омин даст мебардорад.
Ҳамин тавр, шумо дараҷаи меҳмондориву меҳмоннавозиро боз ба як зина боло мебардоред ва шавҳаратон барои иҷрои ин вазифа ба шумо, албатта, баҳои панҷ мегузорад.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.