Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БО ГАНҶИ БЕБАҲО

Мактаби таҳсилоти умумии рақами 10-и ноҳия яке аз дабиристонҳои пешқадам шинохта шудааст. Дар он зиёда аз ҳазор нафар хонанда аз даҳҳо нафар устодони партаҷриба илму ҳунар меомӯзанд. Барои шӯҳратёр гардидани мактаби мазкур хизмати директори мактаб, омӯзгори пуртаҷриба Холида Шамсиддинова беҳамтост. Аз ин ҷост, ки мактаби мазкур дар ҳама соҳа дар соли таҳсили 2017-2018 соҳиби ҷойи аввал гардид.

- Беҳуда маънавиятро қувваи мағлубнопазир нагуфтаанд. Мо диққати хонандагонро бештар ба соҳаи фарҳангу адаб ҷалб менамоем. Дар дили беғубори фарзандон, ки тухми маънавият кишта шуд, онҳо албатта ба дигар соҳаҳо низ пешқадам мешаванд. Чунки забондонони машҳур, математикони маҳбуб, биологу географ ва физикҳои шинохташуда низ аввал маънавиятчии комил буданд, - иброз дошт сарвари мактаб Х.Шамсиддинова.
Барҳақ, бо ташаббуси ӯ ва дастгирии маънавиятчии мактаб муаллима Маҳфиза Розиқова дар ҳамкорӣ бо маҷмӯи маънавиву маърифатии "Олами китоби Самарқанд" тадбири фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он баробари хонандагони мактаб падару модарони онҳо низ иштирок намуда, ба фарзандонашон китобҳои бадеӣ харид намуданд ва бо вазъи обунаи рӯзномаҳои даврӣ дар соли 2019 шинос шуданд.
Суханони мухбири махсуси "Гулобод тонги" Озод Ҳамидзода ва сармуҳарири рӯзномаи бачагонаи "Булбулча-доно" Мустафои Вафозод ба устоду шогирд ва тарбиятгарон уқдаҳои ноаёни мавсими обунаро кушод.
- Мо аз тадбири мазкур таассуроти маънавӣ гирифтем, бо баҳонаи фарзандамон худ низ соҳиби китобҳои тозанашр шудем. Гӯиё дар фанни адабдӯстӣ ба фарзандони худ намуна мегардем. Ба рӯзномаҳо низ обуна мешавем, - гуфт тарбиятгари хонандаи мактаб Юсуфҷон Мирзоев - тарҷимону суханвари моҳир Ҷамшед Мирзоев.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 14/12/2018 15:40;   Просмотров: 1120
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку