Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БОЗГАШТ БА ҲАЁТ

Аз нашриёт ва чопхонаи «ТАМАДДУН» и пойтахти мамлакатамон - шаҳри Тошканд хабари хуше расид.

Қисмати аввали қиссаи ахлоқӣ ва тарбиявӣ, воломазмуну басо хонданибоби корманди деринаи рӯзномаи мо - «Гулобод тонги», яке аз асосгузорони саҳифаи тоҷикии газета, адиб ва рӯзноманигори пурмаҳсул ва фарохандеш, мухбири махсуси рӯзномаи ҷумҳуриятии «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд, оне, ки ба се забон озодвор эҷод мекунад, устод Зоҳир Ҳасанзода «Бозгашт ба ҳаёт» дар 207 саҳифаи пурмӯҳтаво чун китобе дастовези аз ҳафтсола то ҳафтодсола ва аз он боло нашр гардид.
Асари мазкур маҳсули заҳматҳои зиёд дар боби мубориза бар зидди майнӯшӣ ва пойдор намудани адолат дар ҷамъият аст.
Хонандагони маъничин аз китобҳои пешинаи устод «Ривояти Оқсой», «Азизи мардум» (маҷмӯаи очеркҳо), «Зафар» (повест) шавқмандона, аз наздик ошноӣ доранд.
Китоби тозанашри «Бозгашт ба ҳаёт» аз ҳар ҷиҳат аз он асарҳои пешина бартарӣ дорад.Кас баробари ворид шудан ба олами рангини воқеот ҳамроҳи нависанда то охир мерасад ва интизори давоми қисса мегардад.
Зоҳир Ҳасанзодаро бо китоби тозанашр муборак гуфта, ҷуши илҳоми эҷодӣ мехоҳем!

Озод ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 12/10/2018 13:22;   Просмотров: 1119
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку