ва ҳиссаи он дар тарбияи насли наврас
Синнам ба наввад мерасад. Дигаргуниҳои замон, ислоҳотро дар ҳама соҳа дида, дил мехоҳад боз аз нав ҷавон шавам ва бо ҷавонон китф ба китф гузошта, барои пешравии соҳаҳои гуногуни халқ ҳиссагузор шавам. Азбаски панҷоҳ соли умрам дар соҳаи таълими халқ - муаллимии таърих, ҷуғрофия ва забону адабиёти тоҷик гузаштааст, мехоҳам ба ёди насли имрӯз бозиҳои халқиро, ки бобомерос аст, расонам. То ки андаке аз телефонбозиву интернеткобӣ дам гирифта, сӯи маърифати мардумӣ рӯй оваранд.
Дар ҳақиқат, баъзе бозиҳои миллӣ ва халқӣ аз замонҳои қадим то имрӯз дар байни мардуми мо машҳур буда, аз ҷониби ҳунармандон, масхарабозон ва ширинкорони халқӣ дар маъракаҳо, маҳфилҳо ва ҷашну идҳо ҳамчун драмаи халқӣ иҷро карда мешуданд. Бозиҳои Дорбозӣ, Масхарабозӣ, Қофиябозӣ (Аския), Барфӣ, Аҷинабозӣ, Албастибозӣ, Девбозӣ, Шайтонбозӣ, Гургбозӣ, Юрмонбозӣ, Ҷайрабозӣ, Уқоббозӣ, Кафтарбозӣ, Бедонабозӣ, Кабкбозӣ, Қучқорбозӣ, Аспакбозӣ, Харбозӣ, Шолбозӣ аз ҷумлаи чунин бозиҳои намоишӣ буданд. Бозиҳои миллӣ ва халқӣ барои рушди ақл, идрок, эҳсос, тахайюл, ирода, диққат, хотира ва амсоли инҳо саҳми калон мегузоранд.
Як бахши муҳимми бозиҳои миллӣ ва халқӣ бозиҳои кӯдакон мебошанд. Ин бозиҳоро калонсолон ба кӯдакон ёд медиҳанд ва худи онҳо раванди бозиро идора карда, онҳоро ба роҳи дуруст равона месозанд. Дар ин бозиҳо калонсолон таронаҳо хонда, суханҳои шӯхиомези кӯдакона мегӯянд ва ҳаракатҳои сода мекунанд. Масалан, бозиҳои сарак-сарак, ҳадурсӣ, ҳавзак-ҳавзак, лелак-лелак, додари додарон, шутури лӯка, алӯлакам, дорбоз аз ҷумлаи чунин бозиҳое мебошанд, ки калонсолон ба воситаи ҳаракати панҷаи даст, пой, лаб, даҳон, қиёфабозӣ кӯдакро саргарм менамоянд. Калонсолон ҳангоми нахустин ҳаракатҳои кӯдак бо ӯ бозӣ мекунанд. Масалан, модар, апа, амма, хола, бо кӯдак бозикунон суханони меҳрубониро ба кор мебаранд: "Лӯка, лӯка кун, Дӯка, дӯка кун", ё ки "то-то-той, Худо ҳамрош, то-то-той".
Падар, бобо, ака, ҳангоми бо кӯдак бозӣ кардан аз чунин ҳаракатҳо истифода менамояд. Масалан, падар кӯдакашро ба сари даст гирифта, бо ӯ бозикунон мегӯяд:
"Тарбузи ғелони дада,
Химчаи ларзони дада.
Танӯри тафсони дада,
Фатири часпони дада,
Нахӯди бирёни дада".
Вақте ки падар бо кӯдаки 2-3 сола машғули бозӣ мешавад, ӯро дар канораш шинонда, ангушти ишорат ва мобайниашро дар шакли ду пой карда, ба самти кӯдак аввал оҳиста-оҳиста ва баъд тез-тез "бирафт-бирафт-бирафт"- гӯён ба бадани вай наздик мешаваду ӯро хала мекунад, ки кӯдакон аз чунин бозиҳои калонсолон ба завқ меоянд. Чунин бозиҳо дар асл бозии калонсолон бо кӯдак аст, ки онҳоро ба ҳаракат кардан, қадам задан, гуфтугӯ кардан водор менамоянд.
Сад афсӯс, ки ҳоло дар аксарияти оилаҳо ҷойи чунин бозиҳои халқиро телефону интернет гирифтааст. Ворид гардидани технологияҳои замонавӣ хуб, аммо бигзор он моро аз асламон дур насозад!.
Насруллоҳ УБАЙДУЛЛОЕВ,
Аълочии таълими
халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон,
собиқадори ифтихории меҳнат, маҳаллаи Кулба
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.