Бо ташаббуси Шӯъбаи ташкил ва таъмини услубии фаъолияти муассисаҳои таълими халқи ноҳияи Самар-қанд бахшида ба 810-солагии Ҷалолиддини Румӣ байни мактабҳои ноҳия тадбир баргузор гардид.
Он дар мактаби таълими умумии рақами 17 гузаронида шуд. Тадбирро услубшиноси Шӯъбаи ташкил ва таъмини услубии фаъолияти муассисаҳои таълими халқи ноҳия Сарвинисо Нарзуллоева кушода, дар бораи мақсади тадбир ва хизматҳои Румӣ дар адабиёт ҳарф зад.
Дар он дастаи мактабҳои рақамҳои 12,15,17,18,21,22, 28,30,33,34,35,37,38,39,40,41,43,47 ва 50 иштирок намуданд.
Доктори илмҳои филология профессор Садрӣ Саъдиев, устодони ДДС Хайём Мирзоев, Нодир Қаюмов, шоирон Парисо ва Абдурасул Иброҳимзода меҳмони тадбир буданд.
Иштирокдорон саҳначаҳоро аз “Маснавии маънавӣ”-и Румӣ пешкаши ҳозирон гардониданд. Рубоихониву ғазалсароии хонандагон ҳозиронро ба ваҷд овард. Зери суруди “Пир манам, ҷавон манам” аъзоёни маҳфили “Духтарони ороста”-и мактаби таълими умумии рақами 20 ба рақс омаданд.
– Гузаронидани ҷашнвораҳои бузургон анъанаи хуб аст,- иброз дошт Садрӣ Саъдиев. – Он ҷаҳонбинии хонандагонро васеъ намуда, нисбати гузаштагон ифтихорро дар дилашон бедор месозад. Муаллимонро ба эҷодкориву ҷустуҷӯ водор месозад. Дар хотир бояд дошт, ки бузургонро бузургон зинда медоранд.
Тадбир дер гоҳ дар ёди иштирокдорон нақш мебандад.
Лоиқ ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.