Муаллимро ба офтоб монанд кунем, асло муболиға намешавад. Агар офтоб ба рӯи замин нур ва гармӣ бахшад, муаллим бо илму адаб ба дили шогирдон равшанӣ ва ҳаёти маънавӣ мебахшад.
Дар шаъни устодон бузургони адаб ашъор ва осори зиёде офаридаанд, ки ҳамаи онҳо руҳияи таъзимро ба муаллим - омӯзгор дар бар намудааст. Дар мактаби мо зиёда аз сӣ нафар устодон фаъолият нишон медиҳанд. Маскани илму дониши мо ҳам хеле зебо ва обод аст. Хизмати сарвари мактаби мо М.Муродова ва ҷонишини директор М.Маъдиев ва М.Расулова барои ободии мактаб, таълиму тарбия гирифтани шогирдон, фаъолияти пурсамари муаллимон хеле арзанда аст.
Омӯзгорони мактабамон баҳри донишомӯзии шогирдон фидокорона меҳнат мекунанд. Муаллимони соҳибтаҷриба: Н.Шукурова, С.Аҳадова, Ш.Қобилова, С.Алиева, М.Тошқулова, Г.Ашӯрова, С.Зиёдуллоева, Р.Раззоқова, Н.Самеева, Ш.Ӯлмасова, А.Шодиев, Д.Саломова, Л.Мамадқулова, Д.Расулова, О.Одилов ва дигарон тамоми қувваю дониши худро баҳри илму адаб додан ба насли наврас сарф карда истодаанд.
Ранҷҳои кашидаи муаллимон бесамар намеравад. Шогирдони мактаби мо дар бисёр озмунҳои ноҳия, вилоят ва ҷумҳурият иштирок карда, сазовори ҷойҳои намунавӣ шуда истодаанд.
Мо шогирдон хеле хурсандем, ки дар мактабамон норасоии муаллимон мушоҳида намешавад. Ба ҳар як фан соҳиби илм дарс мегӯяд. Аз тарафи сарвари давлатамон ба муаллимон эътибор боз зиёд шуд. Якчанд муаллимони ҷавон ба мактаби мо фаъолияти педагогии худро оғоз намуданд.
Дил мехоҳад, ки ҳар рӯзи ҳамаи муаллимон - чароғбонони зиндагӣ ид бошад.
То ин ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,
Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.
Дилафрӯз МУРОДҚУЛОВА,
шогирди синфи 11-уми мактаби рақами 43
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.