Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАР БОБАТИ ЗАБОН ВА УСЛУБ

Дар рисолаҳои илмӣ ва сарчашмаҳои ба тадқиқи эҷодиёти Аҳмади Дониш бахшидашуда, хизматҳои ӯ дар инкишофи муҳити адабӣ, андешаҳояш дар соҳаи давлатдорӣ, соҳибкорӣ, маърифатпарварӣ, хештаншиносӣ, таъсис ва бунёди муассисаву корхонаҳо бо далелҳои раднопазир баён гардидааст Ғояҳои пешқадами Аҳмади Дониш дар ҷодаи давлатдорӣ, бунёдкорӣ, фарҳангдӯстӣ чун баҳри пургавҳар арзиши худро дорад. То имрӯз аз маорифпарвари бузург “Қомусул-аъзам”, “Меъёрул-тадайюн” “Манозирул-кавокиб”, “Рисола фиаъмолул-кура”, “Мунтахабул-аҳком”, “Истиғроҷи бул ва балат”, “Ҷомеъул-ҳикоёт” ва ғайра боқӣ мондааст.

Равшанфикрони нимаи дуюми асри ХIХ Шамсиддин Шоҳин, Абдулҳамиди Зуфунин, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Абдукарими Офарин, Қорираҳматиллоҳи Возеҳ, Дилкаш, Исо Махдум, Музтариб, Мирзоҳаити Саҳбо, Симо, Мирзо Азими Сомӣ, Ҳайрат ва дигарон дар атрофи Аҳмади Дониш ҷамъ омада, бештар ба оммафаҳм ва содда кардани забони адабӣ хизматҳои бузургу беназирро ба ҷо оварданд. Фаъолияти онҳо на танҳо барои ҳамзамонон, инчунин барои ворисон нақши мактаби “Устод-шогирд”-ро бозидааст. Агар ҳамин тавр намебуд, Садриддин Айнӣ дар “Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам” ба ин маънӣ сухан намегуфт: “Ман орзу мекардам, ки бояд кас насрнавис шавад ва агар ин мақсад ба даст дарояд, монанди Аҳмад-махдум насрнавис шавад, ки воқеаҳоро дар пеши хонанда бо забони содда муҷассам кунонида нишон дода тавонам”; “Аввалин касе, ки ба ин услуб, (услуби муғлақбаёни мушкилфаҳм – Т.Ч) насрнависӣ ҳуҷум кард, Аҳмади Калла буд. “Наводирул-вақоеъ”-и Аҳмади Калла ҳарчанд ба хонандагони замони шӯравӣ душворӣ кунад ҳам, дар замони мо бисёр содда ва зидди анъанаҳои насрнависони он замон буд. Баъд аз Аҳмади Калла, Мирзо Азими Сомӣ ин шеваро дар наср ривоҷ дод ва нисбат ба Аҳмади Калла боз ҳам соддатар навишт” (3, 55).
Таркиби луғавии “Наводирул-вақоеъ” гуногунранг буда, калимаҳои хеш ва ғайрихеш (арабӣ, ӯзбекӣ, русӣ)-ро дар бар мегирад. Баёни воқеаву ҳодисаҳо, талқини масъалаҳои таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ ва динӣ имкон надодааст, ки ӯ тамоман аз истеъмоли калимаҳои ғайрихеш даст кашад. Дар таркиби матни 68 калимагии аз “Наводирул-вақоеъ” интихобгардида бештар калимаҳои ғайрихеш (вомии арабӣ) фаровон мебошад: “Муҷоҳади соҳиби шаръ ва авсиёву авлиёи ӯ санад аст, ки роҳи наҷот мавҳуф бар итёни зоҳири шариат нест, ки агар ба муҷарради қавлу феъл бе риёзат наҷот мутаҳаққақ шавад, ҳеҷ кас ба умеди мавҳум дил аз лаззоту қаззоти мустаори ҷисмонӣ барнаканд. Пас, агар ҳақиқати кор, чунон ки бояд равшан кунанд, ҳамаи умури маданию манзалӣ мухталл гардад ва ҳеч кас ба ободии ҷаҳон майл наёрад, балки ҷаҳон хароб шавад”.
Калимаҳои муҷоҳид, авсиё, мавҳуф, итён, муҷаррад, мутаҳаққақ, лаззот, қаззот, мустаор, манзалӣ, мухталл маъноҳои гуногунро доранд, ки хонандаи имрӯза дар натиҷаи ба даст гирифтани “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, “Мунтахабул-луғот” мефаҳмад. Матни дигар, ки дар саҳифаҳои охиртарини китоби дуюм ба назар мерасад: “Ҳусни халқ он ки ба аснофи халқ “ало тавофувти дараҷоти ҳим ва табақотиҳима”, муломиямату хушгӯӣ (ва) дилдорию дилнавозӣ маръӣ дорад ва аз хушнату убусат ва такаббур иxтинобро лозим шумурад, то дили дӯсту душман сайд тавонад кард”.
Дар таркиби матни мазкур истеъмоли калимаҳои вомии арабӣ низ зиёд аст. Ибораи “ало тавофувти дараҷоти ҳим ва табақотиҳима” бошад бо оҳангу талаффузи хосаи забони арабӣ навишта шудааст. Ба фикри мо, ба ҳамин дараҷа навиштани калима ва ибораҳои арабӣ бо риояи меъёри луғавӣ, бо истиллоҳои таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ, динӣ баён кардани воқеаву масъалаҳои мухталиф, пурқувват ва таъсирбахш гардонидани суханҳои муаллиф ба амал омадааст. Агар ҳамин тавр намешуд, муҳаққиқ Носирҷон Маъсумӣ намегуфт, ки “Чӣ қадаре ки забони танқид ва ҳаҷви нависанда бурро, тезу тунд ва фошкунанда бошад, ҳамон дараҷа забони тасвири бадеии ӯ равону содда, образнок” мегардад.
Нуктадонӣ ва маънифаҳмӣ ба дили Аҳмади Дониш аз овони кӯдакӣ пайдо шудааст. Ӯ пеш аз рафтан ба дабиристон бо хоҳиш ва супориши падару модар “Чаҳоркитоб”-ро хонда, барои фаҳмиши маънии калимаҳои “воҳид” ва “аҳад” чанде аз луғатҳоро аз назар гузаронидааст. Ин гуна амалиёти дилписанд дар “Наводирул-вақоеъ” ба ин маънӣ баён гардидааст: “Ва пеш аз он ки маро ба дабиристон барои таълиму тааллум ниҳанд, дар хона ба ҳузури атфол пеши модар ба муколамаи абҷад ва тахтаи лавҳ вуқуфе ба хат ва хондани он ва гоҳе мавзун сохтани (калом ба) қофия, бе он ки ӯро маъние бошад, бинобар истеъдоди фитрӣ ба ҳосил будааст. Ва ба хотир дорам, ки дар овони туфулият ба қалам ва мидод ба деворҳои хокӣ болои кулeҳ хатҳо ва шаклҳо мекашидаам ба ҳандаса мувофиқ ва ҳарфҳо мениҳодам (ба таълим мутобиқ).

Таваккал ЧОРИЕВ


Дата добавления: 25/08/2017 14:40;   Просмотров: 1512
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку