Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАР ПАНОҲИ ИСМАТАШ...

Дона то бар хок н-афтад,

Кай ба боло қад кашад.
Қадри одам ҳам баланд,

Аз хоксорӣ мешавад.
Аминҷон ШУКӮҲӢ

Аз он рӯзе ки бо муаллим Исматулло Аҳрорқулов бори аввал вохӯрда будам, аз бист сол зиёдтар фурсат гузашт. Ва зиёда аз бист сол боз ҳангоми бо муаллим рӯ ба рӯ шудан, аз шарм рухсораам лолагун мегардад. Аз ин рӯҳияти ман муаллим огоҳ ҳам нестанд. Самимона вохӯрӣ мекунем. Аз боби дастовардҳои таълими халқ пурсон мешавам, ӯ бошад аз вазъи сиҳатмандии аҳли илму адаб мепурсад. Воқеа чунин аст: ман ки дар мактаби миёнаи рақами 17 аз суханронии муаллимони забон ва адабиёти тоҷик Иброҳим Халилов, Комилҷон Бозоров ва Олима Аҳмадҷонова дарси суханварӣ омӯхта будам, ҳангоми чун услубшиноси забон ва адабиёти тоҷики шӯъбаи таълими халқи ноҳия эълон намудани Исматулло Аҳрорқулов - якмарди шармгине, ки бо оҳанги паст калимаҳоро шитобон корбаст мекунад, чӣ гуна сарвари муаллимони забон будааст, гуфта будам. Мо – як гурӯҳ “Шоҳномахонони наврас”-ро ба озмуни ҳазораи “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ, ки бо сарпарастии идораи рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд”, Маркази эҷодии бачагон ва наврасони ноҳия (ҳоло Маркази бачаҳо “Баркамол авлод”) мегузашт, тайёрӣ медидем. Нутқу суханронии мо бояд аз назари Исматилло Аҳрорқулов мегузашт. Муаллим бо алфози самимиву суханронӣ бо садои паст ва ҷуссаи хурд ин қадар дили бузургу дардошно ва тинати худшиносӣ доштааст, ки оқибат дар ҳайрат мондам. Шарм аз он мекунам, ки ба қиёфаи зоҳирии муаллим назар дӯхта, олами ботинии эшонро фаромӯш намудаам. Ҳунари ташкилотчигиву ташаббускории муаллим Исматулло Аҳрорқуловро дар саҳнаи рӯзгор борҳо мушоҳида намудаам. Хабару мақолаҳои муаллимро дар саҳифаҳои рӯзномаҳои вилоятиву ноҳиявӣ дида, хурсанд мешавам, ки омӯзгори пуртаҷриба нисбат ба матбуот низ меҳри зиёда дорад.
Вақте ки масъалаи интихоби раиси маҳалла ба миён омад, гулободиён номзадии Исматулло муаллимро ба сарварӣ лоиқ диданд. Дар як замоне, ки баъзе даъвогарони раисии маҳалла барои ҳимояи номзадии худ давутоз мекарданд, гурӯҳҳо ташкил менамуданд, Исматилло Аҳрорқулов бо такопӯйи зиёд номзадии худро аз сафи интихобшавандагон гирифт. Ӯ ин амалро на барои аз хизмати халқ гурехтан кард, балки вазъи саломатиаш хуб набуд. Бо вуҷуди таппиши ноороми дил, сӯҳони асаб, ки дар чил соли омӯзгорӣ “зиёд” кардааст, боз хизмати мардумро адо менамуд. Аъзои гурӯҳи кории интихобот буду барои раиси ҳақиқии худро ёфтани аҳли маҳалла заҳмати зиёд кашид.
- Охир – шаҳраки Гулобод дар маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Ба таъбири дигар гӯем, Гулобод пойтахти ноҳия аст. Бояд ин ҷо намунаи маҳаллаҳои дигар бошад. Барои сарварии чунин шаҳраки шӯҳратёр марди тадбиркору тадбирандеш лозим. Ман муаллим ҳастам, бояд бо таълиму тарбияи насли наврас машғул шавам, - ба ҳамдеҳон изҳори дил намуд Исматилло Аҳрорқулов.
- Муаллим, хизмати шумо аз раисии маҳалла кам нест! – гуфтанд гулободиён. – Дар оғози асри гузашта Исматилло Раҳматуллоев машъали маорифпарварон буд. Дар хонааш аллома Айниро ҷой дода, ба мактаби Шакурӣ ёрмандӣ менамуд. Шумо ҳам Исматиллои машъалафрӯзи маорифи мо ҳастед. Худо шуморо дар паноҳи исматаш нигаҳ дорад!
Барҳақ, Исматилло Аҳрорқулов ҳаёти худро бе таълиму тарбия тасаввур карда наметавонад. Зеро худ дар ҳамин гуна муҳит – дар гузари Чақари шаҳри Самарқанд ба дунё омад. Падараш Абдуллобобо Аҳрорқулов ва модараш Холбибӣ низ шахсони фарҳангдӯст буданд. Исматилло Аҳрорқулов пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 8-и шаҳри Самарқанд ва Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти меҳнатиро соли 1979 аз сарварии пешоҳангони мактаби рақами 8-и ноҳияи Самарқанд оғоз бахшид. Соли 1982 ба мактаби рақами 47-и ноҳияи Самарқанд чун муаллими забон ва адабиёти тоҷик кор сар кард. Соли 1988 услубшиноси маркази пешоҳангони ноҳия таъин гардид. Муддате чанд услубшиноси фанни забон ва адабиёти тоҷики шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд буд. Дар кадом вазифа, ки бошад, ба шогирдон асрори забон ва адаб омӯзонид. Роҳбари маҳфили забони форсӣ буд. Ин буд, ки шогирдони муаллим дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият софдилона меҳнат намуда, бо номи устоди худ меболанд ва муаллим аз дастоварди шогирдони хеш мефахрад.
Муаллимро имрӯз низ кас чолоку ҷавонсурат мебинад. Мӯйи фатилааш бо вуҷуди шасти умр сари ӯро тарк накардааст. Дар шастсолагӣ бо қиёфаи ҷавонӣ мондани муаллим аз хизмати завҷаи оқилаву мӯҳтарамааш муаллимаи обрӯманди ноҳия, омӯзгори эҷодкор, услубшиноси моҳир Замира Фаттоевна Ғаффорова мебошад. Ин ду тани якдилу якрайъ ду нафар фарзанди асил – Наврӯз ва Фирӯзро ба роҳи дурусти ҳаёт тарбия намуданд. Ҳоло чаҳор нафар набераи ширин Шаҳрӯзу Фараҳноз ва Шаҳнозаву Давлат ба бибиву бобо олами беғубори кӯдакӣ ҳадя месозанд. Муаллимро бо шасти умр табрик намуда, хоҳони онем, ки шасташ паст нагардад.

О.ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 17/07/2017 11:53;   Просмотров: 1368
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку