Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАР САМАРҚАНДИ ДИЛАМ МЕҲМОН МАНАМ…

Чанде пеш Ҳунарпешаи мардумии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҳофизи халқии Ҷумҳурияти Тоҷикистон, шаҳрванди фахрии Самарқанду Бухоро, мутрибу оҳангсози маъруф, яке аз сарояндагони номдори Шарқ, хунёгаре, ки унвони Борбади замонро гирифтааст, устод Ҳоҷӣ Ҷӯрабек Муродов меҳмони азизтарини шаҳри бостниамон гардид.

Хушбахтона, бо тақозои касб ва кашиши қалб мулоқоту ҳамнишинии мо бо ин марди ҷаззоб хеле бешумор ба вуқӯъ пайваста, сӯҳбатамон доир ба санъату шоҳроҳи ҳаёти тӯлонӣ ва хотирнишин буд. Алалхусус, пас аз дар Самарқанд таъсис ёфтани оинаи нилгун - СТВ, ки он айём муҳаррири бахши тоҷикӣ будаму банда бо талабу дархости мардуми вилоят се рӯз ба Душанбешаҳр азми сафар карда, доир ба фаъолияти ӯ барномаи махсус таҳия кардаам. Узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон Абдулқодир Маниёзов, шогирди вафодораш Ҳоҷӣ Афзалшоҳ Шодиеви Панҷрӯдӣ, шодравон Лоиқ Шералӣ ва дигарон доир ба қаҳрамони телеочерки ман андешаҳои ҷолиби диққатро иброз доштанд. Аз ҳама муҳимаш, барномаи яксоата ба мухлисони телевизион писанд омада, ду-се маротиба такроран намоиш ёфт. Аммо аз ҳасад ё нотавонии баъзе ашхоси дилсиёҳ тасма (кассета) аз студия ғайб зад. Ҷустуҷӯ барабас рафт. Беихтиёр суханҳои устод Ҷӯрабек Муродов ба ёдам омад, ки ӯ гуфта буд: "Афсӯс, чӣ илоҷ, нотавонбинҳо ҳастанд, рӯзе мерасад, ки ҳамон одамон хатои худро мефаҳманд, худо ба онҳо инсоф диҳад..."
Аҷдодони Ҳоҷӣ Ҷӯрабек Муродов ҳам, ки аз деҳаи Куруди Панҷакент ҳастанд, ӯ аз мероси гаронбаҳои ҳамдиёру ҳамдеҳи худ - Одамушшуаро Рӯдакӣ баҳраманд гашта, ба камол расидааст. Сипас, аввалин сабақро аз падари бузургвораш раҳматӣ Ғолиббеки Муродбек омӯхт. Аз устодонаш Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Шоиста Муллоҷонова, Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошимов ва дигарон низ сабақи ҳунар гирифт. Ва ҳар гоҳ ӯ ба саҳна барояд, албатта бо сипосгузорӣ номи устодонашро ба ёд меовард. Аммо асрори комёбии рӯзафзуни эҷодии вай қабл аз ҳама дар он аст, ки оҳангҳои шоҳасари маданияти мусиқии классикии халқи тоҷик - "Шашмақом"-ро пурра омӯхта, дар ҳамин равия эҷодиёти рангини хешро такомул дода, шӯҳратёб мегардад.
- Камина ҳар гоҳ ба Самарқанд ташриф фармоям, - гуфт ӯ, - қабри ҳофизи машҳур Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасуловро зиёрат мекунам. Инчунин, ҳурматам ба Левича, Содирхон, домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов ва дигарон хеле калон аст. Зеро онҳо сурудҳои классикиро бо маҳорати калону услуби хоси худ оҳангҳои мураккабу баландовозро воломақом иҷро карда, дар таърих ном гузоштаанд.
- Акои Ҷӯрабек, бо қадами мубораки шумо ёдбуди 80-умин солгарди фарзанди арҷманди Самарқанд, устоди устодон, шодравон Рауф Маъруфӣ ниҳоят серодаму хотирнишин шуд.
- Воқеан ман дар Самарқанд ду гурӯҳи машъалафрӯзи маърифатпарвар Маъруфиёнро медонам, ки яке аз деҳаи Талибарзу ва дигаре аз гузари Қаробой Оқсақоли Самарқанд буданд. Дар солҳои пуртаҳлукаи ҳаётам онҳо ва чанд нафари дигарҳо, алалхусус шодравон Абдуфаттоҳ Қаҳҳорови саховатманд ҳам нон додаанду ҳам намак, ки як умр сипосгузорам.
Ҳар гоҳ ба Самарқанд сафар намоям, албатта дар хонадони эшон меҳмон мешавам. Ин дафъа низ истисно нест.
- Беш аз панҷоҳ сол аст, ки шумо гули сари сабади анҷуманҳои бошукӯҳ ва дар дилу дидаи халқ ҳастед. Сирри чунин маҳбубият дар чист?
- Шахсан ман онро дар заҳмату меҳнат, ҷустуҷӯю навоварии ҳаррӯза мебинам. Санъаткор фаромӯш накунад, ки ҳар як суруд таровату лаззати худро дорад ва инро дар завқи баланду нозук иҷро кардан лозим аст, ки ба сомеъ ҳаловати нотакрор бахшад. Барои худситоӣ не, ба маълумоти шумо расонданӣ ҳастам, ки беш аз ҳазор адад сурудро иҷро кардаам. Афсӯс, ки баъзе санъаткорон ғайр аз ду-се суруди тақлидӣ ва такрор дигар чизро намедонанд. Ана баъд номаълумакак аз соҳа ва маърака дур мешаванд. Ба ҳунарвар сайқали истеъдод лозим. Ман ин ҳикматро ба шогирдонам такрор ба такрор мегӯям.
- Воқеан шоҳиди он ҳастем, ки дар Самарқанду Бухоро шогирдонатон хеле бисёранд. Боз як хурсандӣ он аст, ки аксарият ба фарзанду набераҳояшон исми Ҷӯрабекро доданд.
- Як олам ташаккур! Илоҳо, Ҷӯрабекҳо бисёр шаванд, дар санъат аз ман бештар шӯҳратёб гарданд ва ба халқу Ватан хизмат кунанд.
Шумо дидед, ки дар шоми ёдбуди Рауф Маъруфӣ Ҳасанҷон Нуруллоев, Салимҷон Ғиёсов, Мансурҷон Норов, Талъат Шоҳбаротов ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд, ки ба ман бо эҳтиром "устод" гӯён муроҷиат мекунанд, маслиҳат мепурсанд. Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, ҳатто қитъаи Амрико шогирд доштаам, ки худам бехабарам.
- Устод, шумо дар мақомхонӣ услуби хосеро пеш гирифтаед ва пайроҳаи наве дар мусиқӣ кушодед, ки лоиқи таҳсин аст.
- Сурудҳои "Соқиномаи Ироқи Бухоро", "Сарахбори оромиҷон", "Муноҷот", "Бозаргонӣ" силсилаи "Баёт"-ҳо ва ғайр дар бойгонии ман маҳфуз буда, онҳоро бо завқи баланд иҷро мекунам. Боиси хурсандист, ки дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба ин равия аҳамияти махсус дода мешавад. Бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон, марди накӯному накӯкор, маърифатпарвару башардӯст имсол бори нахуст дар мавод Шаҳрисабз анҷумани мақомхонон баргузор гардид. Ин маънои онро дорад, ки минбаъд дар Ӯзбекистон ҳам услуби мақомхонӣ шӯҳратёб хоҳад гашт. Расонаҳои ахбори ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон доир ба анҷумани мақомхонҳо моварҳои ҷолиби диққатро чоп карданд...

Зоҳир ҲАСАНЗОДА


Последнее редактирование: 23/11/2018 15:43;   Просмотров: 1032
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку