Марди пуррае аз мавзейи тозабунёди Гулобод то идораи рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” (“Субҳи Гулобод”) ҳар субҳ роҳ мепаймояд. Бале, ӯ 38 сол боз, аз он давроне, ки рӯзнома номи “Шарқ тонги”-ро дошт ва дар мавзейи Хоҷа Аҳрори Валӣ маскан гирифта буд, ҳар саҳар роҳи ин идораи барояш муқаддасро аз зодгоҳаш - маҳали Боғимайдон пеш мегирад.
Агар 38 сол пеш ин марди бузургҷусса ҷавони навхате буду бо хаёли завқи эҷоди сухан собитқадамона пеш мерафт, ҳолиё гашти ӯ солорона, бовиқорона сурат мегирад, аз ин рӯ атрофиён, баъзан ҳамкорон низ ӯро Раис ном мебаранд.
Котибот дар идораи тамоми рӯзномаву маҷаллаҳо чун дили пурҷӯши редаксия эътироф гаштааст. Даҳҳо сол боз дар ин вазифаи басо пурмасъул ҳамин марди тануманд – раис аст.
Барҳақ, қаҳрамони навиштаҳои мо Нормуҳаммад Олимов, ки ихлосмандони каломи бадеъ ӯро чун адибу рӯзноманигори бомаҳорат мешиносанд, ба синни мубораки шаст қадам гузошт. Шастсолагӣ барои инсон тарозуи виҷдон аст. Маҳз бо паллаҳои ин асбоб кас метавонад гузаштаи худро бо хайру шарр ҷудо намояд, ба сари андеша ояд, ки то ба ин зина бо кадом роҳҳо омадааст. Нахуст кӣ гаҳвораашро ҷунбонид, кӣ нону намакаш дода ба камолот расонид, кӣ аз дастонаш дошта ба мактабхона бурд, кадом устодон касби камол омӯзониданд, кӣ барояш шоҳроҳи эҷоду адабро кушод ва худ дар ҷавонӣ чун некиҳои волидону устодон дасти киро гирифту рост намуд?
Агарчӣ Нормуҳаммад Олимов ба як дидан марди фориғболу сархуш, хеле хоксору ҷандапӯш аст, ӯ ҳам дил дорад. Дили пурҷӯш. Бо ин дил ӯ ба дараҷаи адибу рӯзноманигор расидааст. Бо ин дил ӯ ошиқи зиндагӣ ва ҳусни ёре шудааст. Бо ин дили ҳассос ба халқу ватанаш хизмат мекунад. Ӯ фаромӯш намесозад, ки замоне дунболагири устоди бузурги насрнависи Самарқанд шодравон Болта Ортиқзода буд. Маҳз бо тавсияи ӯ Нормуҳаммад донишҷӯйи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ гардид. Омӯзиши забоншиносии тоҷик ба ӯ умре барои тарҷумаи асарҳои адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ ҳиссагузор шуд. Худ, ки аз ганҷинаи осори ниёгон баҳрабар шуд, ба забони ӯзбекӣ каломи обдору фасеҳ навишта метавонистагӣ шуд. Соли 1980 дар идораи рӯзномаи “Шарқ тонги” ӯро муҳаррири пуртаҷриба Насриддин Зайниев (баъдтар падарарӯсаш) ҳамчун ходими адабии рӯзнома ба кор қабул кард. Баъдтар бо муҳаррирони дигар Эркин Азаматов, Абдусалом Муҳаммадалиев, Шодӣ Мирмаҳмадов, Нормурод Каримов барин ситорагони дурахшони осмони матбуоту адабиёти Самарқанд кор кард.
Нормуҳаммад Олимов аз ҳар як сарварони пешинаи идораи рӯзнома барои худ чизе омӯхт. Махсусан сухани баланду обдори Эркинхон Азаматов, ки ҳаммаҳаллаи ӯ буд, барои кашфи истеъдоди Нормуҳаммад Олимов таъсири амиқе гузоштааст. Маҳорати касбии ҳамкорон аз ҷумлаи Э.Султонов, А.Ҷумъаев, Х.Ҳакимов, Ш.Сафотиллоев, Ҳ.Ҷӯраев, Ф.Ҳусейнова, З.Ҳасанзода, С.Шодиева, Э.Ҳоҷиқурбонов, Б.Ҷумъа, П.Ҳамдам, М.Зикирова ва дигарон писанди котиби масъул – Нормуҳаммад Олимов ва мухлисони зиёди рӯзнома буд. Ҳоло низ дар идораи рӯзнома бо сарварии Н.Каримов Х.Нуруллоев, Т.Юсуфов, Д.Насимова, Б.Қодиров, Ш.Бердиева, А.Самадова ва дигарон барои баландии сифати рӯзнома ҳиссагузор мешавад... Инак, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Ӯзбекистон, адибу рӯзноманигор Нормуҳаммад Олимов ҳар субҳ ва шом кӯчаҳои Гулободро сархаму сархушона дар китф бори эҷоду рӯзгорро гирифта, бо шаст ба шасти дигар қадам мениҳад...
О.ХИЗРӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.