Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

«Дӯст»-и панҷоҳсола

(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
Пайрав ҳамчун арзи сипос дӯсташро самимона ба оғӯш гирифта, роҳашро идома дод. Вақте ки Зафар боз омада, ба ҷояш нишаст, Болтабой писханд зад:

- Ҳа, Зафар, нав ба сарат офтоб баромада буд, акнун корат хӯрҷин шуд?
Аз ин луқмаи ноҷои ӯ табъи Зафар хира гашт. Баротдеҳқон барои забона назадани оташи хусумати байни онҳо як ба сӯи Болтабой ало нигариста гуфт:
- Офтоб ҳамеша дар болои сари Зафар аст, оша заҳар накунед. Монед, бача хӯрокаша хӯрад. Ҷӯраҳои ҷонӣ ҳамин хел мешаванд. Пайрав ёд карда, як ба дидан меояду меравад. Ихтиёр ба дасти бахтиёр. Шумо аз кадом гӯру бало як гапҳои намешудагия ёфта мезанед, ҷанҷол хезад. Ҳӯ Шакарбой, ин чӣ гап-а? Болтабой ба пушту паҳлӯи гап сарфаҳм нарафта, ба рӯи одам метозад. Чизе нагуфта аз қавоқаш барфу борон меборад?
- Тарки одат - амри маҳол, - бо заҳарханда лаб ба сухан кушод Шакарамак, - мо ош гӯем, ӯ мош мегӯяд. Ба гапҳояш аҳамият надодан даркор. Зангӣ ба шустан сафед намешавад.
- Пайрав ба ман маъ-қул шуд, - ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Ҳайдарамак. - Аз болои трактор бошад ҳам ғайрату матонаташро дидам. Дар паҳлӯи Зафар даромада, зӯр каланд зад шербача. Бемуболиға, дар вай як қувваи трактори ман ҳаст. Ман агар ҳамин хел каланд мезадам, кайҳо пой дароз мекардам. Қандаша хӯрад, Пайравҷон!
- Ба саҳро омадани вай кори калон шуд, - тасдиқомез сар ҷунбонд Баротдеҳқон, - Зафар, бо ӯ дӯстиро суст накун.
- Лаҷомаш дар дасти ҳамин, - бо даҳони пурнон ғурунгос зад Болтабой, - ба кадом тараф кашад, ба ҳамон тараф меравад.
Зафар хомӯш луқмаи даҳонашро мехоид. Ба гапи ҳозирон аҳамият намедод. Ҳатто ба Болтабой, ба қавле миёни мурдаҳо шаҳид шавад ҳам чизе нагуфт. Зеро гап заданро бефоида донист. Албатта, зиндагӣ бемоҷаро намешавад. Одам асту гап ҳаст. Аз ин рӯ, лаб фурӯ бастанро авло донист.
Бо ишорати Ширинамак табақҳоро гирифтанд. Ин дафъа омин кардан ба зиммаи Ҳайдарамак афтод. Ӯ дурудароз дуо карда, дар охир гуфт, ки тӯи Зафарро хӯрем. Табъи ҳама болида гашт. Дастархонро ғундоштанду ҳозирон аз ҷояшон хестанд.
Баротдеҳқон бори дигар ба Ҳайдарамак арзи сипос намуд. Вай хайру-хушкунон ба сӯи трактораш рафт. Оташ гиронда савор шуд. Фишанг - дастаҳои идоракунонии онро пасу пеш кашида буд, ки “асп”-и оҳанин наъразанон ба тарафи бригадаи ҳамсоя хазид. Ҳайдарамак аз тирезачаи трактор сар бароварда, боз як бор ба Зафар таъин кард, ки ба тӯй хабар кардан аз ёдаш набарояд.
- Шумо меҳмони азизи маърака мешавед, - ба ҷои ӯ дод зада гуфт Ширинамак, - ки ӯ шунавад, - ман шахсан худам шуморо хабар мекунам.
Ҳайдарамак аз садои баланди трактор шунид ё не, аммо сар ҷунбонда барои хайру хуш даст ҷунбонд.
Ба назари Зафар чунон намуд, ки ӯ аз тирезачаи трактор не, балки аз даҳани гӯри кушод сар баровард. Ба Ҳайдарамаки бечора раҳмаш омад. Боз як бор дар бораи механизаторон чизе навиштанро аз дил гузаронд.
ДАР МАТБАА
Зафар дар тан либоси сабук сӯйи мактаб мерафт, то бо устодаш Доро Дӯст дидорбинӣ намояд. Ногоҳ нигоҳаш ба идораи рӯзномаи «Субҳи сафо» афтод. «Ба ин ҷо сар халондан лозим, - аз дил гузаронид ӯ, - муҳаррир ва ходимон чӣ ҳол дошта бошанд?!». Дарахтони бед, сафедор тути боғи редаксия мӯғҷа бароварда буданд. Зафар аз роҳгардӣ бозистод, шохчаи бедро шикаста гирифт ва онро алвонҷ дода, вориди долони борики дароз шуд. «Ҳа, идора ҳамон, пилтаи газ ҳамон, мизи кӯҳна ҳамон, - ба атроф чашм давонда, хулоса намуд ӯ, - муҳити кор, нашри чопи рӯзнома чӣ хел бошад?!».
Ҳамин вақт рӯбарӯяш Роҳатойтӣ дар даст чойники пахтанусха пайдо шуд. Зафарро дидан замон ба чеҳраи ӯ нишони хурсандӣ падидор шуд. Саросема чойникро рӯйи миз гузошт ва Зафарро «бачаҷон» гӯён самимона ба оғӯш кашид, аз ду бари рӯяш нарм бӯсид ва ҳолу аҳвол пурсид. Зафар табассумкунон «Ҳамааш нағз» гуфт. Роҳатойтӣ чойники болои газро гирифта, обҷӯши онро ба чойники чиннӣ рехт. Зафар ба симои Роҳатойтӣ нигарист ва аз он дар тааҷҷуб афтод, ки чаро ин қадар упо ва ҳар гуна равғаниро ба сару рӯяш молидааст. Мӯяшро мунори Регистон сохтааст, дар гӯшу гардан зару зевар овехтааст. Панҷаҳояшро бо ангуштаринҳои нигинаш калону хурд зеб додааст.
Бӯйи атр бо фаври оби ҷӯш омехта шуда, дар даҳлез паҳн шуд. Роҳатойтӣ баъди саволу ҷавоби маъмулӣ чойро дам кард ва ба меҳмонаш амр дод, ки аз пасаш ояд. Зафар итоаткорона дунболи ӯ рафт. Роҳатойтӣ Зафарро ба як хоначаи паҳлӯгии хурде, ки дар он ҷо ғайр аз як мизу ду-се курсӣ дигар чизе ба назар намерасид, роҳбалад шуд. Дар яке аз курсиҳо муҳаррири рӯзнома хаёлаш ба берун банд нишаста буд.
- Муллоака, ана ҷияни ман омад, - гуфтани Роҳатойтӣ риштаи хаёли ӯро кад, - ба ин аскарбача супориш диҳед мешавад.
Муҳаррир – марди миёнсоли хурдҷуссаи хушсарулибос барои вохӯрӣ аз ҷояш хест.
- Ассалому алайкум, - гӯён Зафар сӯйи ӯ қадам гузошт, - шумо нағз ҳастед, саломатӣ чӣ хел?
Бадриддин Садриддинович табассумкунон дасти сахту дурушти собиқ аскарбачаро фишурд ва нияташро ба ӯ таклиф намуд. Зафар амонат нишаст. Роҳатойтӣ дар пиёлаи истеҳсоли хитоӣ чой дод, ки ниҳоят талх буд.
Муҳаррир ба кас аҷиб менигарист. Ҳангоми нигаристанаш каллаи ӯ ба як тараф моил мешуд ва беихтиёр дастонаш мӯйи сарашро мепалмосиданд.
- Дар рӯзномаи "Овози тоҷик" тарҷимаи шуморо хондам, - хабар дод ӯ, - забони модариро донистан нағз. Аммо ӯзбекӣ ҳам навиштан лозим.
- О, муллоака, - сӯйи Зафар маккорона чашмак зада ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Роҳатойтӣ, - ҷияни ман барои ҳамкорӣ омадааст-дия.
- Ман муқобил нестам, - фаҳмонд Бадриддин Садриддинович, - замоне худам мактаби тоҷикиро хатм карда ба факултаи филологияи ӯзбек дохил шуда будам. Дар донишгоҳ аз Воҳид Абдулло барин устодон сабақ гирифтам. Солҳои донишҷӯйӣ ба рӯзномаҳои тоҷикиву ӯзбекии вилоятӣ ва ҷумҳурият хабару репортажҳо менавиштам. Марди китфвасеъи миёнақад ва чашмонаш калон ба хона сар халонду хабар дод, ки саҳифаҳо тайёр. Зафар ба ҳурмати ӯ аз ҷояш хест ва салом дод. Вай ба маънои алейк сар ҷунбонд.

(Давом дорад)


Дата добавления: 31/03/2017 13:36;   Просмотров: 1489
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку