Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДУХТАРИ ШОҲАМ, ВАЛЕКИН...

ҒАЗАЛ
Меравам, имшаб, туро бедор хоҳам карду рафт,
Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.
Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор,
Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт.
Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,
Бас дили аҳли ситам абгор хоҳам карду рафт.
Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,
Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.

Зебуннисо яке аз хушнависони Ҳинд ва аз шоирони сабки ҳиндӣ дар адабиёти порсӣ ва тасаввуф аст, ки шеър мегуфт ва тахаллусаш "Махфӣ" буд.
Зебуниссо духтари подшоҳи темурии Ҳинд (Ҳиндустон) Аврангзеби Оламгир ва набераи Шоҳиҷаҳон буд. Модараш Дилрасбону духтари Мирзо Бадеуззамон Шоҳнавозхон яке аз бозмондагони Шоҳ Исмоили Сафавӣ буд.
Зебуниссо зани адиб ва донишдӯст, ҳунарманд ва ҳунарпарвар буд. Адабиёти порсӣ ва арабиро бисёр дӯст медошт ва Қуръонро аз бар намуд. Хатҳои настаълиқ, насх ва шикастаи настаълиқро нек менавишт ва китоби бисёре ба номи ӯ таълиф кардаанд. Вай дар бадеҳа чирадаст буда, ба сабки ҳиндӣ шеър мегуфт ва тахаллусаш "Махфӣ" буд. Ин байт аз ӯст:
Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,
Зебу зиннат бас ҳаминам, номи ман Зебуннисост.
Зебуниссо назди Ҳофиза Марям ном бонуи донишманд асосҳои шеър, улуми дунявиро меомӯзад. Зебуниссо ҳофизаи хеле қавӣ доштааст. Зебуниссо дар сурудани ғазалу рубоӣ табъи саршор дошта, ба ғазалҳои ӯ сарояндагону мусаннифони тоҷик дар шаклу анвои мусиқӣ "савт", "нақш", "амал", "сунбулӣ", "қавл", "кор", "тарона"-ҳои рангин сохта ва қисми зиёди ғазалҳояшро мураттибони рисола, баёзҳои "Дувоздаҳмақом", "Шашмақом" ба шохаҳои овозии мақомҳо ворид намудаанд. Махсусан, дар рисолаю баёзҳои "Шашмақом", ки аз нимаи дуввуми асри 18 то 1920 дар ҳавзаҳои ҳунарии Бухорою Самарқанд, Хуҷанду Тошканд, таҳия гардидаанд, аз ғазалиёти Зебуниссо хеле зиёд истифода шудаанд.
Аврангзеб, ки подшоҳе бадҷаҳлу худкома буд, намехост духтараш шеър гӯяд ва намегузошт, ки бо воситаи шеър номи духтараш вирди забони ашхоси номаҳрам гардад. Зебуниссо ба ин ҷиҳати масъала ишора намуда гуфтааст:
Эй булбули хушилҳон, махрӯшу дам фурӯ каш,
Табъи "латиф"-и султон тоби сухан надорад.
Мегӯянд, ки аз шоирони дарбор Носиралӣ Зебуниссоро дӯст медоштааст.
Зебуниссо то поёни зиндагонияш шавҳар накард, зеро маъшуқи дилхоҳашро пайдо накардааст.
Булбул аз гул бигзарад, гар дар чаман бинад маро,
Бутпарастӣ кай кунад гар барҳаман бинад маро?!
Чунон ки зикраш рафт, Зебуннисо зани бомаърифат, боандешаю соҳибҷамоле будааст, молу мулк ва зару зевари бисьёр дошта бошад хам худашро озод ҳис намекард. Барои инсон аз ҳама муҳим озоди аст. Ӯ мехост хонаи обод дошта бошад, аммо аз дасти падари ҷоҳил ба ин мақсадаш нарасид. Умраш ба охир расиду издивоҷ накард. Ишқи ӯ, муҳаббати ӯ, дарду алами ӯ ба ҳамаи занону духтарони ҷомеаи онрӯза баробар тааллуқ дошта, шоира аз номи онҳо нобаробарӣ, беадолатии занро дар рӯзгори онвақта ҳаққони ба қалам додааст. Ба ҳамин маънӣ ишорат карда, дар ғазалаш мегӯяд:
Дили марде ба даст овар, агар мардонаӣ, Махфӣ,
Ки дилҳоро ба дилҳо дар ҳақиқат кор меафтад.
Шоира духтари шоҳ бошад ҳам, валекин бо зиндагӣ ва ҳаёти одамони камбағал ошно буд. Ҳаёти талхи онҳо, оби чашми бенавоёнро дида, дилаш реш-реш мегашт. Зебуниссо ба масъалаи дӯстӣ аҳамияти калон додааст. Албатта ин бесабаб набуд. Ӯ дӯсти ҳақиқӣ надошт. Бисёр мехост, ки дуст дошта бошад ва дарди дили худро гӯяд, бо ӯ ҳамсӯҳбат шавад ва дилашро таскин диҳад.
Тоза созад гулбуни умедро пайғоми дӯст,
Бишкуфонад ғунчаи дилро насими номи дӯст.
Зебуниссо 3-юми марти соли 1702 дар сини 63-солагӣ дар Деҳлӣ даргузаштааст. Бинобар васияташ пайкарашро ба Лоҳур мебаранд ва дар боғе, ки бо хоҳиши худи ӯ бунёд гардида буд, ба хок месупоранд. Дар санги мазори ӯ ин байт сабт аст:
Бар мазори мо ғарибон, не чароғе, не гуле,
Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле.

Таҳияи ДИЛРАБО


Последнее редактирование: 15/11/2019 15:51;   Просмотров: 1250
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку