Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЭҶОДКОРИ РАНГИНХАЁЛ

Камина аз айёми бачагӣ ба деҳаи Оҳалик дил баста будам. Агар хотираам фиреб надиҳад, ҳангоми дар синфи 3-4 таҳсил гирифтан ба истироҳатгоҳи “Шифо”, ки сардухтури он Ҷаъфар Расулов (илоҳо ҷояш дар ҷаннат шавад!) буду бо падарам риштаи дўстӣ дошт, иҷозат дод, ки таътили тобистонаро бо додаронам дар Оҳалик гузаронам.

Хақ асту рост, ки табиати дилкушову зебои деҳа, нағмаҳои мурғони хушхон, насими фораму офтоби нурафшон, шилдироси дарёчаи кўҳӣ ва одамони меҳмоннавозаш табъи касро болида месохт. Дертар фаҳмидам, ки аксарият мардуми таҳҷоӣ эҷодкор буда, истеъдоди онҳо мисли чашмаҳои зулоле, ки аз қаъри замин мебароянд, доимо дар ҷўшу хурўш ва асарҳои рангорангу пурҷозиба, нотакрору дилнишин меофаранд. Далели фикри ман он, ки соҳибони мўқалами сеҳрангез Абдуваҳҳоб Ғаниев (руҳаш шод бод!), Зўҳро Бекбулатова, Ҷумъабой Абдурауфов ва дигарон фарзанди фарзонаи Оҳалик ҳастанд...

Вай дар мактаби зодгоҳ таҳсил мегирифту вақтҳои фориғ аз дарс бо расмкашӣ машғул буд. Боре аз Душанбешаҳр мусаввири номдор Абдуваҳҳоб Ғаниев барои гузаронидани рухсатии худ ба зодгоҳаш деҳаи Оҳалик омад. Кадоме аз наздиконаш ба ў хабар дод, ки хонандаи синфи VIII Ҷумъабой писари Абдурауфамак расмҳои аҷиб мекашад.

Абдуваҳҳобака ба ин навид шавқ пайдо карда ба мактаб рафт ва писараки соҳибистеъдодро ёфта бо эҷодиёташ шинос шуд ва барои пешравӣ маслиҳатҳои муфид дод. Сипас Ҷумъа Абдурауфов номаи камолро гирифту рахти сафар баст ва ба пойтахти Тоҷикистон омада донишҷўйи омўзишгоҳи санъати бадеии ҷумҳурӣ шуд. Дипломи онро гирифта дар Самарқанд фаъолияти меҳнатиро оғоз кард.

Беш аз сӣ сол аст, ки бо мўқалам сару кор дорад. Бисёр асарҳои аҷоиб офарид. Воқеан, бо рассом Ҷумъабой Абдурауфи оҳаликӣ соли гузашта дар бинои осорхонаи давлатии таърихи маданияти Самарқанд аз наздик шинос шудам. Зеро дар ин ҷо намоиши асарҳои ў дар мавзўи “Рангҳои пурҷилои диёри ҷаннатмакон” оғоз ёфта буд. Дар намоишгоҳ асарҳои сершуморе, ки пешкаши мухлисон гардидаанд, чӣ аз ҷиҳати мавзўъ ва чӣ аз ҷиҳати услубҳои асосии тасвир диққатангез, дилчасп ва хотирнишин буд. Чашм ба онҳо дўхта, беихтиёр пеши назарам манзараҳои дилкашу хушҳавои зодгоҳи муаллиф – Оҳалик – макони булбулону кабки дарӣ ҷилвагар гашт.

– Солҳои мактабхонӣ ба санъати бадеӣ дил баста будам,-гуфт ако Ҷумъабои оҳаликӣ, - муҳаббат ба касби расмкашӣ маро баъди хатми мактаб ба коллеҷи санъати тасвирии Душанбе овард. Аз устодони меҳрубон, вале сахтгиру қатъӣ сирру асрори расмкаширо каму беш омўхтам. Барои ситоиш не, барои маълумот таъкид кардан ҷоиз аст, ки асарҳои ман дар намоишгоҳҳои Тошканд, Маскав, Душанбе, Париж, Лондон, Токио, Истамбул, Санкт-Петербург, Вашингтон, Боку, Алма-Ато ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон гузошта шуда, аз ҷониби санъатшиносон баҳои сазовор гирифт. Таблуҳои “Дурдонаи табиат”, “Рўзи таваллуд”, “Шўълаи ситораи дур”, “Зодгоҳ”, “Манзара”, “Нури офтоб” ва ғайра ба ҳаводорони санъати бадеӣ ғизои маънавӣ бахшидааст, ки ниҳоят хушҳолам. Ба гуфти санъатшинос Баҳори Хуррамзод ба ман муяссар шудааст, ки инъикоси паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардум, олами маънавӣ ва ботинии ҳазрати Инсонро рўи матоъ муҷассам созам. Лекин офаридани асарҳои беҳтаринро дар нақша дорам.

Устод Ҷумъабой Абдурауфи оҳаликӣ шогирдони бешумор дорад, ки дар бисёр шаҳру ноҳияҳои вилоятамон ва берун аз қаламрави он бо санъати бадеӣ машғуланд. Шаҳло Мухторова, Ҳабибулло Муҳаммадиев, Дилшод Ҷумъаев, Гулмира Ҳайдарова ва дигарон ба ў устод гўён муроҷиат мекунанд.

Эҷодкори рангинхаёл ва пуркор Ҷумъабой Абдурауфи оҳаликӣ ҳам устод асту ҳам дилбастаи мўқалам. Мо ба ў комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.

Баҳодури ЗОҲИР, деҳаи Оҳалик

 


Последнее редактирование: 26/02/2017 20:15;   Просмотров: 1682
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку