Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ

“Дар ин Ватани озоду обод азиз аст инсон”. Барҳақ, дар замири тамоми қарору фармон ва имкониятҳое, ки дар ҷумҳурияти мо амалӣ мегардад, садои ҳамин шиор танинандоз мегардад. Новобаста аз ирқу нажод, мазҳабу миллат ва норасоиҳои ҷинсиву сиҳатмандӣ ҳама шахс наберагони Ҳазрати Инсон аст. Аз ин рӯ, ҳангоми муносибат бо вай бояд ҳамин салобати ӯро ба назар гирифт.
Мувофиқи қарори 237-уми Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 10-уми августи соли 2015 дар назди Иттифоҳодияҳои тиббӣ шӯъбаҳои иҷтимоӣ таъсис ёфтааст. Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз фаъолияти идораи мазкур бо мудири шӯъбаи иҷтимоии Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Самарқанд Салимҷон Худойназаров ҳамсӯҳбат гардидем.

– Салимҷон Исоқуловичи мӯҳтарам, дил мехоҳад хонандагон аз муроду муддаои шӯъбае, ки шумо сарварӣ менамоед, ошно бошанд...
– Вазифаи асоии мо сиҳатгардонӣ ва хабардории доимӣ аз ҳоли иштирокдор ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар солҳои 1941-1945, ногироён ва куҳансолон аст. Ба онҳо бо навбат ба сиҳатгоҳҳо роҳхат дода мешавад. Хидмати реабилитатсионӣ мерасонем. Аз ҷумла, асобағал, аробачаи ногироӣ, асбоби махсуси шунавоӣ дода мешавад.
– Ҳоло аз ҷониби шӯъба чанд нафар барои сиҳатгоҳ номнавис шудаанд. Ҳамкорӣ бо онҳо дар кадом сатҳ аст?
– Танҳо барои истироҳат ва солимгардонӣ дар муассисаҳои тиббиву тандурустӣ 11088 нафар ба рӯйихат гирифта шудаанд. Онҳо бо роҳхат таъмин мешаванд. Ба 48 нафар калонсол ва 12 нафар бачаи хурдсол аробачаҳои ногироӣ дода мешавад. Ҳоло ҳафт нафар ходимони шӯъбаи мо дар бобати ба рӯйхатгирии мӯҳтоҷони парвариши атрофиён, хизмати иҷтимоӣ дар хонадонҳо, ба соҳибонаш расонидани 15 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ ва ноозуқаворӣ, доруву дармонҳо, ҳиммати ҳомиён ва шахсони фитодарӯҳу дасткӯтоҳ машғул аст. Ҳоло 49 нафар шахсони яккаву танҳо ба хизмати шӯъбаи мо ниёз дорад. Ба ду нафар нафақахӯр ва ногироёни яккаву танҳои ба ёрии дигарон мӯхтоҷ барои истироҳати 12-рӯза ба сиҳатгоҳи “Марворид”-и шаҳри Каттақӯрғон роҳхат дода шуд.
Инчунин, аз 1281 нафар шаҳрванди ниёзманди солимгардонӣ дар сиҳатгоҳҳо 38 нафар ба сиҳатгоҳи “Тавоқсой”, 6 нафар ба “Косонсой”, 16 нафар ба “Олтиариқ”, 55 нафар ба “Марворид” ва 6 нафар ба “Оби Марҷон” ҳамагӣ 121 нафар нафақахӯр ва ногирон бо роҳхати сиҳатгоҳ таъмин гардиданд.
– Дар ҷое, ки фаъолият ҳаст, эҳтиёҷ ва муаммоҳо низ вуҷуд дорад...
- Дуруст гуфтед. Аз ҷониби шӯъбаи мо 48 нафар ниёзманди аробачаи ногироӣ ба рӯйхат гирифта шуда, танҳо 2 нафар бо он таъмин гардиданд. Асо ва асобағал аз 26 нафар ба 4 кас дода шуд. Се нафар мӯҳтоҷи асбоби шунавоӣ ҳанӯз онро нагирифтаанд.
– Салимҷонака, фаъолияти идораи шумо саропо меҳрнавозиву дастгирист. Рӯдакии бузург фармуда буд:
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Дар ҷодаи меҳнати шоёнатон муваффақиятҳо хоҳонем. Ташаккур барои сӯҳбат.

Сӯҳбатнигор Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 11/08/2017 18:29;   Просмотров: 1490
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку