Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ГУЛБОРОН АЗ ОШЁНИ ГУЛХАНӢ

Дар мактаби таълими умумии рақами 39-и ноҳияи Самарқанд бо иштироки сарвари хона - музейи Ориф Гулхании Самарқандӣ - бузургмарди соҳаи сиёсат ва маърифат Муқимҷон Орифӣ тадбири фаромӯшнопазири аксияи "Самарқандро гулпӯш мекунем 1+10" баргузор шуд.

Дар он аз ҷониби ҳавлибоғи Гулханӣ ба ҷамоати мактаб ҳазорҳо тухми гулҳои гуногун ва ниҳолакҳои дарахти биҳӣ супорида шуд.
- Мактаби мо боғи зебое дорад. Бо ҳаммати Муқимҷон Орифӣ он боғ боз ҳам нашъу нумӯъ меёбад. Мо гулборони Муқимҷонакаро дида, падари зиндаёдашон Олимҷон Орифиро, ки дар мактаби мо аз кимиёву набототшиносӣ дарс гуфтаанд, пеши назар овардем, - гуфт муаллими мактаби мазкур, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Мансурҷон Норов.
Дар тадбир хонандагони мактаб низ фаъолона суол дода, ҷавобҳо гирифтанд.
Нисбати тадбири мазкур суханони рӯзноманигорон Шӯҳрати Ҳусейн ва Озод Ҳамидзода басо хотирмон буд.
Дар охири тадбир хонандагони фаъоли мактаб аз рӯйи китоби "Бонувони хонадони Гулханӣ" баромад карданд.

Д.РОҲАТ


Последнее редактирование: 17/12/2018 12:10;   Просмотров: 1045
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку