Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ИДИ САИД

Ду сол аст, ки дар мамлакатамон санаи 30 - юми июн ҳамчун Рӯзи ҷавонон қайд карда мешавад. Дар он ҳалли масъалаҳои муҳими созандагони "Ояндаи дурахшони Ватан" ҳаллу фасл мегардад.

Ба ин муносибат дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 16-и ноҳияи Самарқанд бо иштироки ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов тадбири бонуфуз доир гашт. Дар он зиёда аз 120 нафар ҷавонони тадбиркор, навҷавононе, ки аз хизмати ҳарбӣ баргаштаанд, толибилмон, фарзандони оилаҳои мӯҳтоҷи ҳимояи иҷтимоӣ, варзишгарон, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ширкат доштанд.
Дар вохӯрӣ ҳокими ноҳия Ш.Ҷамолов оиди корҳое, ки дар соҳаи сиёсати ҷавонон амалӣ мешавад, фаъолони ин ташкилот, натиҷаҳои ибратбахши корномаи ҷавонон ҳарф зад. Ҳокими ноҳия ба муаммову таклиф, муроҷиату шикояти ҷавонон гӯш андохта, дар худи ҳамон ҷой роҳи ҳалли онҳоро дарёфт ва аз мутасаддиёни соҳа ҳалли зуди баъзе муаммоҳоро талаб кард. Ҳокими ноҳия ба ҷавонони гирдомада эълон дошт, ки дар ноҳия "Озмуни сардорон" баргузор мешавад ва ғолибони он дар арафаи иди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурияти Ӯзбекистон рағбатнок мегарданд.
Дар ин тадбири ибратбахш ҳама ҷавонон хушҳол буданд ва аксияи "Ба ҳар бача як китоб" бо ҳамин рӯзи фархунда хотирмон гузашт.

Д. НАСИМОВА


Дата добавления: 05/07/2019 15:19;   Просмотров: 920
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку