Дар муассисаи таълими томактабии рақами 21-и маҳаллаи Чаман дар мавзӯи "Аҳамияту фоидаи меваҳо ба саломатии инсон" машғулоти кушод баргузор гардид. Дар он тарбиягирандагони гурӯҳи калон бо роҳбарии мураббияҳо Азиза Холбоева, ёрирасон Додарой Баҳронова ва падару модарон иштирок намуданд.
Дар қисми аввал бачаҳо дар васфи меваҳо шеъру суруд хонданд. Баъд байни духтаракон озмун гузаронида шуд. Иштирокдорон аз меваҳои гуногун хӯриш тайёр намуданд. Духтаракони супоришро тез ва зебо иҷрокарда рағбатнок гардиданд. Инчунин, мусобиқаҳои шавқовар аз қабили таъми меваро чашида номашро гуфтан, бо чашмони баста, аз рӯйи шакл меваро муайян кардан ва ғайра.
Омӯзгори забони англисӣ Нигора Ашрафова аз рӯйи расм ба бачаҳо номи меваҳоро ба забони англисӣ омӯзонд. Дар машғулоти кушод бачаҳо шеърҳо аз ёд намуда, бисёр чизҳоро омӯхтанд.
- Машғулоти кушод ба бачаҳо писанд меояд, - гуфт мудираи МТТ рақами 21 Дурдона Бақоева. - Аз ин рӯ, бисёртар чунин тадбирҳоро мегузаронем. Дар ин кор тарбиячиён Дилафрӯз Муртазоева, Мафтуна Раҳимова, Шаҳноза Нуриддинова, Додарой Баҳронова ва Азиза Холбоева фаъолона иштирок менамоянд.
Волидон низ оиди тадбир фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Раҳматилло ШАРИФЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.