Имрӯзҳо дар ҳамаи соҳаҳо дигаргуниҳои куллӣ рух медиҳанд. Фармону қарорҳои ҳукумат барои некӯаҳволии мардум хизмат менамояд.
Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 15-уми феврали оли 2017 “Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани низоми идора дар соҳаи фарҳанг ва варзиш” назди ходимони ин соҳа масъулият ва вазифаҳои навро гузошт. Дар ин бора мо бо мудири шӯъбаи корҳои маданият ва варзиши ноҳияи Самарқанд Хурсанд Ғозиева ҳамсӯҳбат шудем:
- Бигӯед, ки фармони мазкур дар фаъолияти шумо чӣ дигаргуниҳо ворид сохт?
- Ба фикрам он орзуи деринаи мардум ва ходимони соҳа аст. Дар ноҳия 5 маркази маданият ва истироҳати аҳолӣ фаъолият дорад. Дар ду марказ 7 маҳфил ва дар се маркази дигар 5-тогӣ маҳфилҳои доира, рубоб, суруд ва рақс, дутор, студияи суратгирӣ, буридану дӯхтан ва дастаи “Шашмақом” фаъолият дорад. Мувофиқи фармон акнун вазорати маданият ва кумитаи варзиш алоҳида-алоҳида фаъолият мебаранд. Дар ҳақиқат варзиш ва маданият ду соҳаи гуногун аст. Акнун сохторҳо ба тарзи нав ташаккул меёбанд.
- Яке аз нишонаҳои маданият китобдӯстӣ аст...
- Дуруст. Акнун дар назди маркази маданият ва истироҳати аҳолӣ китобхона таъсис меёбад. Мардум баробари истироҳат ғизои маънавӣ мегирад.
- Фармон барои эҳёи анъанаҳои миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани маънавияти аҳолӣ хизмат мекунад.
- Татбиқи чораҳои бонизом доир ба ҳифз ва ғанисозии мероси миллии маданӣ ва маънавӣ, инкишофи ҳамаҷонибаи санъат ва эҷодиёти бадеӣ, рағбатноксозии минбаъд баланд бардоштани дараҷаи маънавиву ахлоҳӣ ва мадании аҳолӣ, бархурдор намудан аз беҳтарин намунаҳои фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ дар назар аст. Бояд гӯям, ки фармони мазкур дар вақташ эълон гардид. Мо ходимони соҳа дар давоми ду моҳ пурра мувофиқи фамон ба фаъолият оғоз мекунем.
Мусоҳиб Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.