Дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз аҳли маҳаллаи Гулбоғ (Қалъабоғи қадим) соҳиби боз як маскани тарбия - чойхонаи миллӣ гардиданд. Аниқтараш, ҷавонмардони маҳалла бинои кайҳо боз ноободро аз нав таъмир ва тармим намуда, ба истифода супориданд. Бинои чойхона аз толори васеъ, айвон, ошхона ва сарҳавзу саҳни болопӯшида иборат аст.
Ба муносибати мавриди истифода қарор додани чойхона аҳли маҳалла дастархони идона ташкил намуда, рӯи дастархонро бо ҳалисаву суманак ва хӯрокҳои дигари баҳорӣ оро доданд. Мақсад аз он дуои пиронро гирифтан, ояндаи ободонии атрофи маҳалларо маслиҳат намудан буд.
Имом хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Абду Берун Ҳоҷӣ Лутфулло Ибодуллоев аз Қуръон ва ҳадисҳо мисол оварда, дар бораи дӯст доштан ва ободнамоии Ватан, тарбияи насли наврас, мавқеи имону инсоф суханҳои воло гуфт. Ба руҳи гузаштагон оятҳо қироат кард.
Раиси нурониёни маҳалла Орзуқул Мансуров, бузургмардони номвар ҳоҷиҳо Рӯзимурод Шокиров, Болтақул Турсунов ва дигарон ба саъю ҳаракату ҳиммати ҷавонмардони гулбоғӣ Шавкат Маллаев, Ҷаҳонгир Исрофилов, Солеҳ Собиров, Бахтиёр Асроров, Акмал Хидиров, Дилшод, Олимҷон, Аваз Қамаровҳо, Ҷасур Ҳамроқулов, Акобир Ҳайдаров, Ҷаббор ва Ҳамроқул Нурбоев, Ғайрат Собиров, Анвар Амонов, Маъмур Савриддинов, Суннат Муинов ва дигарон аҳсант гуфтанд.
- Агар аҳли маҳалла моро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ ва ҳунармандӣ дастгирӣ намекард, ба ҳеҷ як муваффақият намерасидем. Ташаккур ба онҳо!- гуфтанд ташаббускорони ободонӣ Шавкат Маллаев ва Ҷаҳонгир Исрофилов.
Дар маҳалла маъракаи ободонӣ давом дорад.
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.