Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАВСИМИ САНҶИШИ ОРУ НОМУС

Ба атроф бо чашми сар назар андохта, бо чашми дил ҳис намоем, амин мешавем, ки сарвари давлатамон барои мо - халқи Ӯзбекистон новобаста аз забону миллат ва ирқу нажодамон чӣ меҳрубониҳое дорад.

Имрӯз, ки аз ҷониби давлат дар зери сиёсати хирадмандонаи Раисҷумҳурамон имкониятҳои зиёде барои тараққиёти фарҳангии ҳар халқ мавҷуд аст, чаро аз он истифода намебарем, чаро баъзан дониставу надониста куфрони неъмат мекунем. Гӯё намедонем, ки:
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад!
Имрӯзҳо дар бисёр ҷойҳои тоҷикнишини ноҳияамон дар бобати мактабу матбуот ҳарфи зиёд мезананд. Пойкӯбону дастафшон даъво доранд, ки китобҳои дарсии тоҷикӣ, ки нест, маҷбуранд мардум бачаҳояшонро ба забонҳои дигар хононанд. Ин даъвояшон кайҳо асоси худро гум кардааст, зеро муаммои китобҳои дарсии тоҷикӣ чанд сол пеш ҳалли худро ёфтааст. Кам будани адади нашри китобҳои дарсии тоҷикӣ ба қиматтар гардидани иҷорапулии китобҳои дарсии тоҷикӣ оварда расонидааст. Ба ин кӣ гунаҳкор? Худи мо!
Яке аз ҳамсангарони устод Садриддин Айнӣ, маърифатпарвари бузург Саидризо Ализода басо зебо фармуда: "Муаллим ва муҳаррир ду дасти миллат аст!"
Барҳақ, маорифро бе иштироку тарғиби матбуот тасаввур наметавон кард ва рӯзнома ҳам аз ҳамзабонони худ хонанда надошта бошад, вой бар ҳоли ӯ!
Худи устод Садриддин Айнӣ низ гуфтааст: "Қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад. Қавми берӯзнома безабон аст."
Имрӯз, ки мо ба мактабу маорифи халқамон бефарқиву хунукназарӣ зоҳир мекунем, фардо ҳолати матбуотамон чӣ мешавад? Вақте ки инсон рӯзномаеро, ки ба забони модариаш чоп мегардад, нафаҳмад, айб аст! Худ зудтар бояд дарк намояд, ки аз асолати ҳастиаш дар ҷаҳон: забони модариаш, ки модараш бо он бори аввал гап задааст, алла гуфтааст, шири сафед додааст, хеле дур рафтааст. Гӯиё ба рухсораи пурнури модар по мегузорад. (Мабод он рӯз!)
Инак, зиёда аз 60 сол аст, ки дар ноҳияамон рӯзномаи "Гулобод тонги" - "Субҳи Гулобод" ("Шарқ тонги"-и пешина) таҳти ғамхории давлат, бахусус муассис: Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти ноҳияи Самарқанд чоп мешавад. Сӣ сол аст, ки саҳифаи тоҷикӣ дорад. Ин саҳифаи кӯчак чун рӯзномаҳои марказии "Овози тоҷик" ва вилоятии "Овози Самарқанд" бори орзуву ормони мардуми асили ин куҳандиёрро бар дӯш дорад. Ҳайати таҳрири рӯзнома аз ҳамаи он муштариёне, ки дар давоми ин қадар солҳо ҳамроҳу ҳамқадам ва ҳамдарду шодишарики рӯзнома буданд, бо самимияти хоса миннатдор аст. Дилсӯзони мо - обуначиёни доимӣ худ огоҳанд, ки рӯзномаи "Гулобод тонги" - "Субҳи Гулобод" ("Шарқ тонги"-и пешина) дар ин муддат ба кадом муваффақият соҳиб шуд ва кадомин қулла барои ӯ дастнорас аст! Ба ҳар ҳол рӯзномаамон чун равшангари ҳаёти пурмаҷрои мардуми меҳнатқарини ноҳия, тарғибгари қарору қонунҳои ҳукумат ва инъикосгари соҳаҳои гуногун аз дилу дидаҳо ҷой мегирад. Соли равон бинои идораи рӯзнома нав шуд. Шароити эҷодӣ муҳайё гашт. Вале масъалаи ҳалталабе, ки бояд самарқандиёни азиз ҳиссагузорӣ намоянд, обуна ба рӯзномаи "Гулобод тонги" - "Субҳи Гулобод" ("Шарқ тонги"-и пешина) аст.
Боварӣ дорем, ки аз навиштаҳои болоӣ хулосаҳои дуруст мебароред ва мақсаду мароми моро ба хубӣ мефаҳмед. Дӯстон оинаи якдигаранд. Кас гилаву нозро ба бегона намекунад. Розу ниёзро ҳам азони худӣ мебардорад. Инак, мавсими санҷиши худшиносӣ, ору номус - обуна давом дорад, азизон!

Озод ҲАМИДЗОДА


Дата добавления: 30/11/2018 11:52;   Просмотров: 1018
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку