Чунин хитоб намуданд ҳамсинфоне, ки баъд аз 60 сол вохӯрданд...
Гурӯҳи пирамард ва пиразанҳо аз остонаи ҳавлӣ - базмгоҳи Девори кӯндаланг ба дарун, сӯйи дастархонҳои пурноз роҳ мепаймоянду ду чашми хирабинашон сӯйи ҳамдигар лаҳзае чанд дӯхта мешавад. Дар ин лаҳзаҳои чашмандозӣ ин пиру кампирон дар он андешаанд, ки ин кадомин ҳамсинфашон бошад?. Охир, дар муддати 60 сол бори зиндагӣ қомати аксариятро хам гардонидаву чанги роҳи ҳаёт ба сару рӯйҳо нишаста, мӯю абрӯвонро сафед гардонидааст. Ожанги пешониву рухсор низ аз пастхамиву баландиҳое, ки соҳибаш дар тӯли 80 соли умр чун тӯҳфаи зиндагӣ «зиёд» кардаанд, хоҳ нохоҳ симои шарикдарсонро дигар намудааст. Онҳо пас аз фосилае аз ҳаракат, овоз, нигоҳ ва аз ҳама олиаш - меҳр якдигарро шинохтанд. Ошноиашон низ чун барномаи телевизионии «Маро интизор бош» («Жди меня») ё худ «Меҳр дар чашм» («Меҳр кӯзда») сурат мегирад:
« - Шумо Маллаева, дуруст ҳастед?»
«- Шокиров, ҳамон қадду ҳамон қомати йигити бистсола, чашми бад нарасад.»
- Озодҷон Нарзиев, айнакатонро ба ҳисоб нагирем, ҳоло ҳам чолоку гапдон ҳастед...
Гӯиё ҳама якбора нидо мебароранд: «Ташаккур ба ташкилотчиҳои ин нишаст, бахусус Абдурафиқ Маъруфии муаллим, ки моро бо худ шиносониданд».
Дар ҳақиқат, соли 1958 мактаби рақами 16-и ноҳияи Самарқанд яке аз таълимгоҳҳои асосии ноҳия ба шумор мерафт. Барои давоми таҳсили нопурра аз мактабҳои ҳамшафати рақамҳои 8, 34, 17, 18, 5, 47 ва ғайра ба мактаби рақами 16 меомаданд. Худи ҳамон сол мактаб панҷ синфи хатмкунанда дошт ва устодон ба 115 нафар дасти дуову номаи камол доданд.
Гардиши айём ва тақдири азалист, ки аз ин миқдор ҳоло танҳо 44 нафар дар қайди ҳаёт ҳастанд. Бо сабаби беморӣ аз он 44 нафар ҳамагӣ 39 нафар иштирокдори базми дидор буданд. Аксарияти онҳо ба уммеди он, ки робитаи дӯстиашонро бо ҳамсинфонашон, пайвандонашон давом диҳанд, ба нишасти орзуи дилҳо фарзанду наберагонашонро низ ба меҳмонӣ ва ошноӣ даъват карданд. Ҷамъомади меҳринтизоронро яке аз ҳамсабақони дерин. Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Абдурафиқ Маъруфӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ӯ сухан мекарду аксарияти ҳозирон аз шавқи дидор механдиданду мегиристанд.
- Бачаҳои азиз, ҳамсинфони мӯҳтарам, ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат. Даҳ сол пеш аз ин низ бо аксарияти шумо вохӯрда будем. Дар ин миён 69 нафар ҳамсинфонамон бармаҳал аз олам чашм пӯшиданд. Ду нафарашон ҳоло бемори бистарианд. Худо шифояшонро диҳаду минбаъд дар тӯю маъракаҳо ҳамроҳи мо бошанд. Биёед, акнун ҳар гоҳ дар рӯзҳои неки оилавиамон низ якдигарро хабар кунем. Ҷамъомади ҳамсинфонро пас аз даҳ соли дигар не, балки се ё панҷ сол давом диҳем, - бо садоқат ҳарф мезад устод Маъруфӣ. – Охир бояд нишасти мо барои фарзанду наберагонамон намунаи ибрат бошад...
Дар ин маврид аз номи фарзандони соҳибҷашнҳо Фирдавс Шокиров, Акмал Маъруфӣ ва Боисҷон Маъруфӣ ба сухан баромада, гуфтанд, ки барҳақ роҳи зиндагии падару модарон барои фарзандон қутбнамо шуда метавонад. Мо ифтихор дорем, ки фарзанди шумоем. Аз ҷониби фарзандон ба волидони ҳамсинф гулдаставу тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Суханони меҳрбори ҳамсинфон аз ҷумлаи Ҳоҷия Фазилатхон Аъзамова, Рӯзимурод Шокиров, Озод Нарзиев, Нарзулло Ҳамдамов, Аброр Нарзуллоев, Малика Маллаева, Равшан Каримов, Ҳалима Самеева, Ҳайдарқул Болтаев, Асрор Ҷӯраев, Баҳром Давронов, Мусулмон Рофеев, Зайниддин Ҳайдаров, Ҳамроқул Субҳонов, Меҳрӣ Миробидова, Иброҳим Умаров ва дигарон, ки аз даврони мактабхонӣ, сахтгириву меҳрубонии устодон Бердӣ Ҳамроев, Чиннӣ Акрамова, Муҳиба Халилова, Барно Исмоилова, Қувват Эшонқулов. Неъмат Шарифов, Анвер Рубинов, Толиб Сайфиддинов, Неъмат Солеев, Аъзам Нурмаҳмадов, Эҳсон Тӯрақулов, Исом Ғиёсов, Акбар Усмонов, Камолиддин Маҳмудов ва дигаронро ёдрас шуданд, басо шавқангез ва хотирмон буд.
Ҳамсинфон ба устод Ҳоҷӣ Муртазоқул Субҳонқулов, ки дар мактаби рақами 17 ба як гурӯҳи хатмкунандагон дарс гуфта буд, тӯҳфа супориданд.
Иштирок ва суханронии хатмкардаи ифтихорманди мактаби рақами 16, муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Гулобод тонги», депутати Шӯрои ноҳия аз ҳавзаи интихоботии 2-Ӯрташиқ, шоир Нормурод Каримзода, раиси кумитаи падар ва модарони мактаби мазкур, сарвари нурониёни маҳаллаи Кӯйи Сахо Неъмат Ҳамдамов файзи базми дидори ҳамсабақонро афзуд.
Ҳамсинфони собиқ ва содиқ аҳд намуданд, ки ҳар куҷое бошем ҳам, меҳр ҳамроҳамон бошад ва он моро ба кӯйи якдигар сиҳату саломат расонад.
Озод ҲАМИДЗОДА
Дар акс: лаҳзаҳо аз базми дидор
Аксбардор Бекзод ҚОДИРОВ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.