ё худ ёде аз шоиру мутарҷим Хуршед ҚАМАР
Хуршед ҚАМАР (Қамариддинов) (1944-1982) аз зумраи шоирони ҷавони умедбахш буд. Нозукиҳои забонро меомӯхту шеърҳои зиёдеро аз ёд медонист ва ба шеъри тоҷик таваҷҷӯҳи зиёде дошт. Ҳассос буду бо эҳтироси баланди шоирӣ қалам ба даст мегирифт.
Ӯ 6-уми декабри соли 1944 дар оилаи омӯзгори деҳаи Хаймари Болои ноҳияи Самарқанд ба дунё омад. Мактаби миёнаро бо медали тилло хатм карда, шомили факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид. Соли 1967 онро бо баҳоҳои аъло тамом кард. Баъди хизмати ҳарбӣ ҳамчун омӯзгори Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд ба донишҷӯён аз адабиёт дарс гуфт. Дар назди академик Муҳаммадҷон Шукуров сабақ омӯхт. Ба навиштани рисолаи номзадӣ сар кард.
Ҳамчун донандаи хуби забони тоҷикиву дарӣ бо тақозои тақдир ба Афғонистон рафт. Солҳои 1977 - 1980 дар ин мамлакати ба мо ҳамсоя вазифаи тарҷумониро ба ҷо овард. Соли 1981 вайро ба сифати тарҷумони низомӣ боз ба Афғонистон даъват карданд. Ҳангоми кори тарҷумонӣ донишу маҳорат ва коршиносӣ нишон дод, дар вақти муҳорибаҳо далериву мардонагии худро собит сохт. Сад дареғо, ки дар яке аз муҳорибаҳои соли 1982-и назди Қандаҳор қаҳрамонона шаҳид гардид. Бо як ордени ҷангӣ ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш сарфароз шуда бошад, ордени дуввум баъди ҳалок шуданаш насибаш гардид. Хуршед ҳамагӣ 38 сол умр дид.
Синни 38-40-солагӣ нумӯи камолоти эҷодист. Хуршед Қамар акнун касби камол мекард. Чакидаҳои хомааш пуробу ранг ва латифу пурнафосат мегашт. Дар Афғонистон ҳам ӯ бе шеъру шоирӣ зиста наметавонист. Шояд бисёр шеъру рубоиёташ, ки дар дафтару дафтарчаҳои кисабағалӣ ва варақҳои парешон сабт кардааст, нобуду паҳну парешон гаштаанд.
Барои Хуршед Қамар шоирӣ касби асосӣ набуд. Омӯзгорӣ вақти зиёди ӯро мегирифт. Муаллиму муҳаққиқи ҳақиқӣ буд. Дили ӯ кони дурри суханро мемонд. Хуршед Қамар мисли Умари Хайём, ки ӯ низ мударрис буд, дар вақти фориғ аз кору тадқиқоти илмӣ рубоӣ менавишт. Рубоӣ оинаи дили ӯ буд. Дар рубоиёт фикру хаёл, орзуву омол ва умеду ниятҳои некашро ифода месохт. Вай тараннумгари Ватан, модар, замини биҳиштосо, ишқу муҳаббати пок, фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ ва фалсафаи зиндагӣ буд.
МУҐАББАТИ МАН
Зи хона меравам аз ту їудо, муµаббати ман,
Бо ашки µасрату чашми вафо, муµаббати ман.
Агар ба дарси умедат напарварє ту маро,
Равам ба худ зи ду олам їудо, муµаббати ман.
Ба нома лутфу таманнои хеш баророє,
Нагґямат, ки куїоє, куїо, муµаббати ман.
Ба даври гардуну таідир меравам хизмат,
Ба гиру дор раµо кунам туро, муµаббати ман?
Ба ёди ту µама їо меµри поки Хуршедам,
Ва меµри поки худ афзо, муµаббати ман.
Хуршед ЈАМАР
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.