Баъди Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев мазмун ва мундариҷаи барномаҳои симо ва садо, рӯзнома ва маҷаллаҳои мо ба куллӣ дигар шуд. Боиси хурсандист, ки бори аввал матбуот минбари ҳақиқии андешаҳои аҳолӣ гардида, фикру дархости муаллифро инъикос менамояд. Зеро мардум тавассути оинаи нилгун ва матбуоти даврӣ машварати мустақим – видеоселектории Президенти Ҷумҳурияти кишвар Шавкат Мирзиёевро бахшида ба вазъи кори ин ва он вазорату ташкилотҳои мақомоти гуногун бевосита шинос мешаванд.
Баъди Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев мазмун ва мундариҷаи барномаҳои симо ва садо, рӯзнома ва маҷаллаҳои мо ба куллӣ дигар шуд. Боиси хурсандист, ки бори аввал матбуот минбари ҳақиқии андешаҳои аҳолӣ гардида, фикру дархости муаллифро инъикос менамояд. Зеро мардум тавассути оинаи нилгун ва матбуоти даврӣ машварати мустақим – видеоселектории Президенти Ҷумҳурияти кишвар Шавкат Мирзиёевро бахшида ба вазъи кори ин ва он вазорату ташкилотҳои мақомоти гуногун бевосита шинос мешаванд. Сарвари давлатамон ҳамеша таъкид менамоянд, ки таҳлили танқидӣ, интизоми қатъӣ ва ҷавобгарии шахсӣ бояд қоидаи доимӣ ва бебадали тамоми ходимони матбуоти даврӣ низ қарор ёбад.
Ба мо, журналистон, ғайр аз ба сарвари кишвар барои эътибори ҷудогонааш ба рушди расонаҳои ахбор миннатдорӣ кардан ва фаъолияти хешро ҳамҷиҳату самарабахш пеш бурдан дигар роҳ нест.
Воқеан, дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 беҳтар шудани дастёбии шаҳрвандон ба матбуот низ ва таъмин гардидани истиқлолияти воқеии сухани озоду барҳақ, мустаҳкам шудани кафолати ошкорбаёнӣ муайян гардидаанд. Ба мақсади татбиқ сохтани Стратегияи амалиёт бо ташаббуси Президенти мамлакат ба фаъолияти мо тағйиротҳои ҷиддӣ ворид карда шудаанд, ки тасдиқи идомаи мустақили ислоҳот дар самти матбуот аст. Бинобар ҳамин, мо аҳли қалам вазифадор ҳастем, ки ба натиҷаҳои муваффақшуда маҳдуд нагардем. Баракс, истифода бурдани қалами буррои худро бо навиштани мақолаҳои танқидӣ барои рушди ҷамъият ва дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли вазифаҳои муҳими рӯзмарра, ки худи ҳаёт имрӯз дар назди мо гузоштааст, ҷоннисору фидоӣ бошем. Охир замоне омад, ки бояду шояд мақсаду мароми асосии мо – мустаҳкам кардани эътимоди халқ ба сухани чопӣ шавад. Бинобар ҳамин матбуоти мо давраи басо аҷоибро аз сар мегузаронад, ки то ҳол сухани публисист ба ин андоза мавриди таваҷҷӯҳи халқ қарор нагирифта буд. Муштариён ба матбуоти даврӣ имону боварӣ меоваранд, бо диққат рӯзномаю маҷаллаҳоро варақ мезананд. Хабарнигорон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сазовори эътимоду боварии муштариён бошанд. Чӣ ҷои руст кардан аст, Президенти кишвар аз минбари баланд сӯхтаву пухта, бо надомат доир ба камбудиҳои ҷамъият ҳарф зада, доғи рӯзро на бо ҳаёҳуй, на ба роҳи зӯроварӣ, балки бо таҳаммул, оқилона ва аз нуқтаи назари манфиатҳои умумии ҷамъият ҳал карданро супориш медиҳанд. Аммо ҷои таассуф аст, ки баъзе хабарнигорон дар мақолаҳои сатҳи худ муаммоҳои гуногунро чун ҳамели безавқона чидашуда гирди ҳам оварда, манзараро чунон сохтакорона, рӯякӣ тасвир мекунанд, ки хонанда ангушти ҳайрат мегазанд.
Фаромӯш набояд кард, ки танқиди ҳақиқӣ мардумро ба ҳушёрӣ даъват мекунад. Ситоишу таърифи аз ҳад зиёд ҳақорат аст. Он хонандаро дилсарду ошуфтахотир мегардонад.
Солҳои аввали таъсис саҳифаи тоҷикӣ дар рӯзномаи «Шарқ тонги» (ҳоло «Субҳи Гулобод») гӯшаи танқидӣ бо номи «Шаҳбози нозбардор» мавҷуд буд. Он бо суханҳои намакину қалами тези эҷодкорон Комилҷон Ашӯрзода, Раҳим Мавлонӣ, Аҳрори Ҳамроқул, Нигораи Ислом, хабарнигорони ҷамоатӣ Мирсафо Камолӣ, Амина Шарофиддинова, Ҳилола Ализода, адибон Болта Ортиқзода, Адаш Истад, Солеҳи Саидмурод, Бахтиёри Ҷумъа, Тошқул Азимзода, шарқшинос Тӯрабек Искандарӣ, мусаввирон Даврон Сафозода, Ҷумъа Абдурауфи Оҳаликӣ, Ҷалоли Ҷамол, Саид Солеев ва дигарон хеле номвар гардида буд.
Хуб медонем, ки матбуот минбари шараф ва масъулият аст. Ин ҳақиқатро Президенти кишвар дар табрикоти худ ба аҳли қалам алоҳида таъкид намуд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.