Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МО БАРОИ ВАСЛ КАРДАН ОМАДЕМ!

чунин буд нидои дили фарзонамардони панҷакентӣ, ки меҳмони идораи рӯзномаи "Гулобод тонги" - "Субҳи Гулобод" буданд

Субҳи рӯзи ҷумъаи муборак, дар арафаи ҷашни 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон назди идораи рӯзномаи "Гулобод тонги" - "Субҳи Гулобод" пуродам буд. Аксари аҳли эҷоди ноҳия нигарони меҳмонони панҷакентӣ, ки барои вусъат додани соҳаи матбуот, пайвандгарии адабии адибу рӯзноманигорони ноҳияи Самарқанд ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Ҷумҳурияти бародарии Тоҷикистон ба Самарқанд меомаданд, буданд. Ниҳоят меҳмонон аз дигаргуниҳои бунёдкорӣ ва боғдории шаҳри Самарқанду ноҳияи ҳамноми он дидан намуда, ба шаҳраки Гулобод омаданд. Истиқболи меҳмонон басо самимиву дилкаш буд. Онҳо пас аз тамошои бинои тозабунёди идораи рӯзнома, шароити кории кормандони он ба ваҷд омада, изҳор намуданд, ки барҳақ роҳбарияти ҷумҳурӣ нисбат ба эҷоду кормандони воситаҳои ахбори умум дилгармиву эътибори ҷудогона дорад. Сипас дар хонаи кории сармуҳаррири рӯзнома, депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, шоир Нормурод Каримзода маҳфили меҳру дидор ва афкору ақидаи балеғ баргузор шуд. Онро худи сармуҳаррир ифтитоҳ бухшида, дар бораи таърихи 60-солаи рӯзнома ва фаъолияти сисолаи саҳифаи тоҷикии он ҳарф зад. Суханони меҳрбори ӯ дар бораи таҳкими дӯстии ин ду ҷумҳурият, ки бо сиёсати хирадмандонаи сарварони ду кишвар Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон ҷаноби олӣ Имомалӣ Раҳмон, инчунин қарорҳои махсуси ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ва ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов боз ҳам мустаҳкамтар мешавад, писанди ҳозирон гардид. Меҳмонони олиқадр, сармуҳаррири рӯзномаи "Зарафшон" - нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Панҷакент Луқмон Қурбон, директори ширкати садо ва симои шаҳри Панҷакент Яздонқул Мавлонов, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, муҳаррири нашрияи "Фарвардин", раиси ташкилоти шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Турдибой Солеҳзода, раиси ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони ҷанги Афғонистон Алиҷон Баротов, аъзоёни ин ташкилот Ҳамроҳ Одинаев ва Абдулло Қосимов низ дар навбати худ барои пазироии хушу самимӣ миннатдорӣ изҳор намуданд.
Сипас, меҳмонон бо аҳли эҷоди Самарқанд мубодилаи афкор намуданд. Суханони ҳадафраси марди худшинос, муаррих ва меъмор Неъматҷон Раҳматов, адибу рӯзноманигор Зоҳир Ҳасанзода, эҷодкори пурҳунар Ҳоҷӣ Шукруллохони Вализода, масъули саҳифаи тоҷикии "Гулобод тонги" - "Субҳи Гулобод" Озод Ҳамидзода ва дигарон гӯшнавоз буд. Раиси ташкилоти вилоятии собиқадорони ҷанги Афғонистон Эркин Мавлонов изҳори ақида намуд, ки Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ба мо собиқадорони ҷанги Афғонистон баҳои муносиб дода, гуфтанд, ки ин шаҳписарони ватан ҳанӯз дар аввали кор алайҳи терроризми байналхалқӣ мубориза бурдаанд, бояд ба қадрашон расем. Эркин Мавлонов ба раиси ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони ҷанги Афғонистон Алиҷон Баротов нишони хотиравии сарисинагиро супорид.
Меҳмонон бурҷу бора, иншооти тозабунёд ва кӯчаву хиёбонҳои фарохи Самарқандро тамошо карда, ба қабули ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов дар базмгоҳи «Висол», ки иди Меҳргон ва кормандони хоҷагии қишлоқ баргузор мегардид, равона шуданд. Дар он ҷо низ меҳмонони панҷакентиро хуш пазироӣ намуданд. Аз чеҳраҳои меҳмонон нур меборид.
- Ӯзбекону тоҷикон як халқанд, ки ба ду забон ҳарф мезананд. Ташрифи бародарони ҷониамон аз Тоҷикистон дар ҷашни Меҳргони аҷдодӣ бори дигар собит кард, ки мо дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ шодишарик ва ғамшарики ҳамдигарем. - аз ҷумла гуфт ҳокими ноҳия Ш.Ҷамолов.
Аз суханронӣ ва истиқболи сарвари ноҳия меҳмонон хеле сарбаланд шуданд. Аз сурудҳои ҳофизони самарқандӣ бахусус, Ҳасанҷон Нуруллоев хеле масрур гаштанд. Аз рухсораашон пай бурдан мумкин буд, ки гуфанианд:
Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.

Дилрабо НАСИМӢ
Дар аксҳо: лаҳзаҳо аз ташрифи меҳмонон.
Аксбардор Бекзод ҚОДИРОВ


Последнее редактирование: 17/12/2018 12:07;   Просмотров: 1060
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку