Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МУБОРАК ШАСТИ АЙЁМАТ

Рӯзномаи “Субҳи Гулобод”, ки имсол ҷашни 60-солагӣ дорад, дар қатори дӯстдоронаш ба қалби банда низ хурсандӣ ва илҳоми тоза мебахшад.

Ин рӯзномаи дӯстдоштаам бо ном “Самарқанд ҳақиқати”, “Шарқ тонги”, рӯйи чопро медид. Ҳанӯз ин дӯхтаҳои рӯзномаро дар даст дорам. Ҳар бор онҳоро варақ зада, хотираҳои солҳои 1958-1962-ро ба ёд меорам.

Соли 1981 то миёнаи соли 1986-и асри гузашта  мудири шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи кумитаи ҳизби ноҳияи Самарқанд будам ва рӯзномаи “Шарқ тонги”-ро бевосита назорат мекардам. Он солҳо журналистони шинохта  Насриддин Зайниев (муҳаррир), Даврон Аҳроров (ҷонишини муҳаррир), Абдусалом Муҳаммадиев, Тугалбой Музаффаров, Эргаш Султон, Холиқ Ҳакимов, Зоҳир Ҳасанзода, Аҳмадҷон Ҷумъазода (Хишравӣ) (ҷонишини муҳаррир), Нормамат Олимов, Шавкат Сафотиллоев ҳамчун ходими адабии рӯзнома фаъолият мебурданд. Агарчӣ воситаҳои нақлиёт хеле кам буд, ба ҷойҳои дурдаст аз қабили деҳаҳои Чӯбот (тарафи шимолии Ҷартеппаи ноҳияи Ургут), Қармиши хоҷагии ҷамоавии “Олмазор”, қисми дуюми хоҷагии ҷамоавии дар шафати ноҳияи Оқдарё қарордошта рафта, оиди корҳои кишоварзӣ, таълиму тарбия, шароитҳои тиббию маданиву маишӣ ва ғайра маводи хонданибоб омода мекарданд.

Соли 1985 бо таъсири “бозсозӣ” ошкорбаёниву демократия эълон кардани собиқ ҳукумати шӯравӣ бар асоси дархосту талаб-ҳои адабдӯстони забони тоҷикӣ моро ба кумитаи ҳизби вилоят даъват карданд. Супориш доданд, ки ҷараёни дар рӯзномаи тоҷикӣ  чоп шудани саҳифаи ӯзбекиро омӯзем.

Ҳамроҳи муҳаррири ҳамонвақтаи “Шарқ тонги” Н.Зайниев ба шаҳри Панҷакент рафтем. Он ҷо ба қабули мудири шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи кумитаи ҳизби шаҳр Ҳабиб Гадоев, ки солҳои пеш ҷонишини муҳаррири рӯзномаи “Коммунисти  Панҷакент” (баъдтар “Зарафшон” ном гирифт) буд, даромадем ва мақсади ташрифамонро гуфтем.

- Аз азал халқҳои ӯзбеку тоҷик дӯсти қарину бародари ҷонианд, - гуфт Ҳ.Гадоев. – Дар ноҳияи  Панҷакент  ҳам вакилони ин миллатҳо аҳлона умр ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, аз соли 1932  бе ҳеҷ монеа рӯзнома ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ чоп мешавад.

Сипас моро бо муҳаррири рӯзнома Луқмон Қурбонов шиносонд. Муҳаррир моро ба идораи рӯзномаи “Зарафшон” даъват карда, бо фаъолияти кори рӯзнома аз наздик шинос кард.

Мо таҷрибаи онҳоро ба кумитаи ҳизби вилоят фаҳмонидем. Сад шукр, ки бо ташаббусу ҷонбозиҳои аҳли қаламу фарҳанги ноҳияи Самарқанд дар рӯзномаи “Шарқ тонги” саҳифаи тоҷикӣ таъсис ёфт.

Бо вуҷуди корманди ҳизб буданам шавқам ба иншои шеъру ҳикоя баланд аст. Чакидаҳои хомаам дар саҳифаҳои “Шарқ тонги” рӯйи чопро дид. Ҳоло ҳам мухлиси доимии рӯзномаи “Субҳи Гулобод” ҳастам.

Ҳамаи ходимону муштариёни рӯзномаро бо ҷашни 60-солагии таъсиси рӯзнома муборакбод менамоям. Барояшон барори кору эҷодро таманно дорам.  Шеъри зеринро барояшон армуғон месозам:

Аё “Субҳи Гулободам”, муборак шасти айёмат,

Туӣ илҳоми эҷодам, муборак шасти айёмат.

Барои хомарониам шудӣ оинаи ибрат,

Ту пешоҳангу устодам, муборак шасти айёмат.

Нарафта аз хаёлам дур рухи аҳли қаламҳоят,

Ҳамеша зинда дар ёдам, муборак шасти айёмат.

Ба тоҷикиву ӯзбекӣ нависам бемалол имрӯз,

Ту бо чопат кунӣ шодам, муборак шасти айёмат.

Хушо, бо маъниву рангат азизи хонадон астӣ,

Ту зеби мулки озодам, муборак шасти айёмат.

 

Ҳусниддин ЗУЛФОНОВ, ноҳияи Тайлоқ

 

 

 

 


Дата добавления: 27/01/2017 15:06;   Просмотров: 1692
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку