Чун меваи дӯстии ду мамлакати ҳамсарҳаду халқаш ҳамдили Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо раҳнамоӣ ва ташаббуси Президентҳои ду кишвар Шавкат Мирзиёев ва Имомалӣ Раҳмон рӯзҳои 20 -22 –юми апрели соли равон дар шаҳри Самарқанд миёни тадбиркорони вилояти мо ва вилояти Суғди Ҷумҳурияти Тоҷикистон Бизнес форуми тиҷоратӣ доир гардид.
Гурӯҳи меҳмононро, ки бо сарварии ҳокими вилояти Суғди Ҷумҳурияти Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода сӯи Самарқанд меомаданд, дар сарҳади вилоятамон ҳокими вилоят Туробҷон Ҷӯраев ва шахсони расмӣ мутантан истиқбол намуданд.
Дар назди саҳни меҳмонхонаи «Регистон – плаза» намоиш ва фурӯши маҳсулоти корхонаҳои вилояти Суғд ва Самарқанд баргузор шуд.
Даҳҳо корхонаҳои ин ду вилояти ҳамсоя, ки тобеи ду давлати соҳибихтиёранд, бо ҳам шартномаҳо бастанд.
Дар доираи форум мусобиқаи варзишӣ, аз ҷумлаи бозии футбол доир гардид, ки дар он командаҳои футболи «Динамо» - и Самарқанд ва «Хуҷанд» - и вилояти Суғд ба майдон баромада, бозиро ба ҳисоби 2:2 анҷом доданд. Яъне, дар мусобиқа дӯстӣ ғалаба кард.
Ташрифи шоирон аз ҷумлаи Фарзонаи Хуҷандӣ ва Толиби Озарахш муҳаббату самимияти ташнагони шеъру адабро афзун кард.
Дар барномаи консертие, ки дар назди майдони Регистон, саҳни Театри драмаи мусиқии ба номи Ҳамид Олимҷон ва Толори консертии шаҳри Самарқанд гузашт, ҳама ҳаводори ашъори ин ду адиб буданд. Сурудҳои Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Шӯҳрат Набиев, Мӯъминҷон Муллоев, Ӯрунбек Ҳамдамов, Зулфия Холмуродова, Олимҷон Юсуфов, Гуласал Шодиева, Қодирҷон ва Қобилҷон Мирашӯров, Донишманд Қутбиддинов, Субҳиддини Раҷабзод, инчунин рақсҳои раққосаҳои пурҳунари гурӯҳҳои рақсии «Зебо» ва «Гулдухтарон» ба мардум ғизои маънавӣ бахшиданд.
Дар охир ҳокимони ҳар ду вилоят ба ҳунармандон ташаккур изҳор намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ бахшиданд.Оҳанги дӯстӣ ва меҳри дӯстон поянда бод!.
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.