Дар мамлакатамон ташкил шудани озмуни «Китобхони ҷавон» хонандагони мактаби моро низ рӯҳбаланд кард. Мо баробари дигар асарҳо китобҳои Бахтиёри Ҷумъаро хонда, баҳраманд шудем. Ба мо китобҳои бачагонаи «Маликаи доно», «Асали бобо» ва китоби «Хазинаи ханда» хеле маъқул шуданд. Аз ин рӯ, аз муаллимаи фанни забони модарӣ ва адабиётамон Наргис Нарзуллоева хоҳиш кардем, ки муаллифро ба мактабамон даъват кунанд. Ҳамин тавр, яке аз рӯзҳо устод Бахтиёри Ҷумъаро ба мактабамон таклиф карданд.
…Тақдимоти китобҳои Бахтиёри Ҷумъа дар мактабамон барпо шуд. Хонандагони синфҳои 5-ум аз китобҳои «Маликаи доно» ва «Асали бобо», хонандагони синфи болоӣ бошад, аз «Хазинаи ханда» ва китоби таҳиякардаи «Гиряи қалам»-и устод саҳначаҳо намоиш дода, шеърҳо қироат карданд. Баромади онҳо манзури ҷамъомадагон гардид. Баъд аз он сухан ба Бахтиёри Ҷумъа дода шуд. Устод дар давоми сухани худ таъкид карданд, ки ҳоло барои хурдсолон ягон кори арзандае накардаанд. Барои хурдсолон боз китобҳои беҳтару хубтар лозим аст. Пас аз суханҳои пандомезу ибратбахшашон ба он кас саволҳои гуногун дода, ҷавобҳои саҳеҳу қаноатбахш гирифтем. Дар давоми баромадашон боз як маротиба ба хоксориву донишмандии устод гувоҳ шудем. Яке аз ҳамсинфонамон Фарангиз Раҳматова сурати устодро, ки бо дастони худ кашида буд, ба он кас тӯҳфа кард.
Шаҳзода АМИНЗОДА,
хонандаи синфи
10-уми мактаби
таълими умумии
рақами 37-и ноҳияи Самарқанд
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.