Одатан баробари рассом гуфтан, симои ришноку сари пурмӯйи каллапӯшдор пеши назар меояд. Рассоме, ки ҳоло дар борааш нақл меравад, ҳунарманди хоксорест. Ба ғайр аз коғазу қалам ва мӯйқалам асбоби дигаре аз мусаввирӣ надорад. Пой дар замину фикр дар само манзара меофарад. Манзараи ёру диёр, манзараи Шаҳнондара, ки чун кӯҳистони Оҳалик машҳур аст. Портрету ҳайкалсозӣ низ аз амалҳои ӯст.
Ҳоло синни Мухтор Самадов ба 65 мерасад. Падару бобоёни ӯ аслан зодаву парвардаи ҳамин Оҳалик ҳастанд. Дар Оҳалик таваллуд шуда, соҳиби ҳунарҳои зебои шоириву рассомӣ, пайкарасозиву овозхонӣ набудан гуноҳест азим. Зеро муҳити Оҳалику оҳаликиён эҷодкор меофарад. Мухтор Самадов замоне ба дунё омад, ки падару модараш Ӯроқбой Самадов ва Зӯҳро Нормаҳмадова аз Оҳалик барои ободсозӣ ва киштгардонии замини Сочаки боло ба деҳкадаи Тайлоқ рафта буданд. Сиришти ҷовидона кори худро кард. Мухтори яксола дар Сочаки боло нафаси озод гирифта наметавонист. Чун ба диёри бобоӣ - Оҳалик баргаштанд, сиҳатмандии ӯ боз ба ҷои худ қарор гирифт. Аз хурдӣ ба ҳар чиз шавқ зоҳир мекард. Баробари забон баровардан асрори ҳар чизро донистан мехост, хеле кунҷков буд ӯ. Вақте ки соли 1968 мактаби рақами 18-и зодгоҳашро хатм намуд, аллакай чун рассоми наврас, набототшиноси ҷавон эътибор пайдо кард. Ин буд, ки бо салоҳдид ва дуои директори мактаб Шодмон Қаюмзода бо дониши пурра донишҷӯйи факултаи кимёи Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид. Хизмати ҷавонмардиро дар сафи аскарӣ гузашт. Ҳамчун муаллими ҷавон бо роҳхати Шӯъбаи таълими халқи ноҳия бо машаққати зиёд дар мактабҳои дурдасти рақамҳои 111, 113, 90 кор кард. Охирон дар мактаби рақами 19 ва Сиҳхатгоҳи Оҳалик муаллимӣ кард. Аз кимиё дарс медоду меҳри санъати рассомӣ аз дилу дидааш дур намонд. Ин буд, ки бо раҳнамоии устодаш Абдуваҳҳоб Ғаниев ба Омӯзишгоҳи санъати ба номи Хоҷӣ Абдулазиз Абдурасулови Самарқандӣ дохил шуд. Дар он ҷо аз устодони соҳа асрори ранг-тасвир, графикаро омӯхт. Ӯ бо вуҷуди худ устод будан Абдуваҳҳоб Ғаниев, Ҷумъа Абдурауфов, Зоя Бекпӯлодоваи рассом, Эргаш Қаҳҳории пайкарасозро устоди худ медонад. Пас аз хатми омӯзишгоҳ баробари кор дар мактабҳои номбурда дар мактаби зодгоҳаш рақами 18-и Оҳалик ва таълимгоҳи рақами 165-и сиҳатгоҳ маҳфили санъати тасвириро ташкил намуд. Акнун намунаҳои эҷоди ӯ намоишгоҳҳои ватаниву хориҷиро обод месохт. Долонҳои сиҳатгоҳи Оҳалик аз чакидаҳои мӯйқалами Мухтор Самадов зеби дигар дошт. Ӯ барҳақ санаторияи Оҳаликро дӯст медошт. Зеро бахти оилавии Мухтор Самадов аз сиҳатгоҳ сарчашма гирифтааст. Ошпази масъулиятшинос ва моҳири ин ҷо Соҷида Нуруллоева дили ошуфтаи санъати Мухтор Самадовро ба худ ром карда тавонист. Пасу пеш Шерзоду Беҳзод ва Рухшона чун неъмати илоҳӣ ба оилаи рассому ошпаз армуғон шуд. Ҳоло Шерзод моделер – рассом, ороишгари заводи истеҳсоли чинии «Нафис», Беҳзод устои барқрасонӣ ва Рухшона ҳамшираи шафқат ҳастанд. Ҳафт нафар набераҳо Шабонуву Рӯин, Сабринаву Маҳваш, Ӯғулойу Суруш ва Парвина ба касби бобо майл доранд. Рангтасвирҳои Мухтор Самадов аз ҷумлаи «Домани сабзи кӯҳи барфолуд», «Офтоби бачакушаки зимистон», «Нидои уфқ» ва ғайра басо тамошобобанд. Мо рассоми пурҳунар Мухтор Самадовро бо 65-ум баҳори умр муборакбод намуда, чанд намунаи эҷодиёташро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.
О.ХИЗРӢ
Аксбардор Б.ҚОДИРОВ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.