Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

РӮДАКИХОНИВУ ҲОФИЗДОНӢ

Дар мактаби миёнаи таълими умумии рақами 43-юми ноҳия бо ташаббус ва ҳимояти маънавиву моддии депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, муаррих ва дорушиноси номӣ Абдуҷаббор Умаров тадбири рӯҳбахше дар мавзӯи Рӯдакихониву Ҳофиздонӣ баргузор гардид.

Иштирок ва баромади узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоиру мутарҷим ва олиму ношири пуркору пурдон Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ шаҳомати маҳфилро даҳчанд афзуд. Ба таъбири дигар, тадбир вохӯрӣ бо Ҷаъфар низ буд.
Ҳозирон аз тайёрии хонандагони мактаб ва тайёрии устодони онҳо ба ваҷд омаданд.
Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,
Гул бирезад, нарезад аз вай бӯй.
Ҳамин шоҳбайт шиори тадбири мазкур буд.
Дар "Рӯдакихонӣ" ҳаводорони илму адаб аз ғазалу рубоӣ, панду ҳикматҳои дилнишини Одамушшуаро Абӯ Абдуллоҳи Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакии Самарқандӣ қироат намуда, саҳнаи "Бӯи ҷӯи Мӯлиён"- ро намоиш доданд. Дар васфи Рӯдакӣ шеъру гуфтаҳои бузургон хонда шуд.
Дар қисми "Ҳофизхонӣ" шеърҳои шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтаи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва ашъори ноб, каломи дилнавозу хосу оми ӯ қироат шуд. Хонандагон саҳнаи "Бобои Кӯҳӣ"-ро намоиш доданд.
Инчунин дар тадбир академики Академияи Тӯрон, адабиётшиноси маъруф Аслиддин Қамарзода, сармуҳаррири рӯзномаи "Овози Самарқанд", шоир Баҳодур Раҳмонов, мухбири махсуси "Овози тоҷик" дар вилояти Самарқанд, адибу рӯзноманигор Зоҳир Ҳасанзода ва дигарон ташриф фармуда, оиди ҷамъомади фарҳангӣ афкори худро баён карданд.
Дар охир ҳомиён ба иштирокчиёни "Рӯдакихонӣ"-ю "Ҳофизхонӣ" зиёда аз 100 китоби бадеиро инъом карданд.

Абдураҳим МАФТУН


Последнее редактирование: 09/11/2018 15:10;   Просмотров: 1155
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку