Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

РӮЗНОМА КӮҲНА НАМЕШАВАД

Зиёда аз панҷоҳ сол аст, ки ҳар як шумораи рӯзномаро беқаророна интизорӣ мекашам ва ҳар як сатри онро бо эътибор мутолиа мекунам.

Онро ҳамчун гавҳари ноёбе эҳтиёт мекунам ва барои ба бойгониам нигоҳ доштан кӯшиш мекунам. Аҳли хонавода низ онро қадр намуда, бо ин фазилаташон маро бештар хушнуд мекунанд. Он рӯзе, ки рӯзномаи нав дастрасам мешавад, он рӯз ид аст.
Ман пеш аз он ки ба рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ба кор рафта, аз шумораҳои аввалинаш заҳмат кашам, чандин солҳо ҳамчун мухбири ҷамоатӣ дар редаксия обутоб ёфта, аз он таҷриба омӯхтам. Хабару мақола, шеъру лавҳаҳоям аз охири солҳои 1967, вақте ки дар мактаби миёнаи рақами 16 таҳсил мегирифтам, рӯйи чопро медиданд. Солҳои зиёд бо рӯзнома ҳамкорӣ намуда, коркунони онрӯзаи рӯзнома Фароғат Ҳусейнова, Холиқ Ҳакимов, Аҳмадҷон Ҷумъаев, Ғазанфар Иброҳимов, Пӯлод Ҳамдамов, Абдусалом Муҳаммадалиев, Ӯткур Раҳмат моро бо чеҳраи кушод қабул мекарданд, супоришҳо медоданд. Ман он солҳо аз ҳаёти деҳқонони хокпош бисёртар менавиштам. Азбаски котиби ташкилоти комсомолии хоҷагии ҷамоатии “Гулистон” будам, аз ҳаёти ҷавонон лавҳа навиштанро дӯст медоштам.
Муҳаррири рӯзнома шодравон Насриддин Зайниев рӯзҳои матбуот маро даъват намуда, бо китобҳои шавқовару таърихӣ, бо ифтихорномаҳо тақдир мекарданд. Ҳамчун мухбири фаъол суратамонро гирифта, дар бораи фаъолиятам мақолаҳо менавиштанд. Суратҳои Шавкат Сафотиллоев (Руҳаш шод бод!) хеле сифатнок чоп мешуд.
Ман вақтҳои охир суратгири ғайриштатӣ шодравон Низомиддин Амриддиновро тез-тез ба ёд меоварам. Ӯ дар деҳаи Хаймар сартарошӣ мекард. Барҳақ сурату лавҳаҳои ӯ аз баъзе суратгирҳои касбӣ пеш буд.
Шеъру ҳикояҳои Ҳусейн Рашидӣ, Болта Ортиқзода, Акбар Пирӯзӣ. Саттор Аҳрорӣ, Ҳаёт Неъмат, Бердӣ Ҳамроев, Раҳим Наимӣ, Раҳим Мавлонӣ, Солеҳ Саидмурод, Худойбердӣ Саидзода, Маҳбуба Неъматзода, Дилрабо Насимӣ, Тошқул Азимзода, Маҳбуба Турсунова, Абдурасул Иброҳимзода ва дигаронро хонандагон беқаророна интизорӣ мекашиданд. Онҳо барои пурмазмун ва шавқовар баромадани рӯзнома ҳисса мегузоштанд. Имрӯз бастаи рӯзномаҳои гузаштаро варақ мезанаму такрор-такрор мехонам. Онҳо ҳеҷ вақт кӯҳна намешаванд. Бо гузашти вақт қиммати онҳо меафзояд. Зеро онҳо таърихи халқи мо мебошад.
Хоҳ бовар кунед, хоҳ не ҳар як шумораи он чун як асари рассоми машҳури мониқалам аст. Бовар накунед, саҳифаҳоро як варақ занеду худ баҳо диҳед...
60-солагӣ муборак бод, заҳматкашони рӯзномаи бебаҳои ман!

Мирсафо КАМОЛӢ, деҳаи Чунгул


Дата добавления: 28/06/2017 15:18;   Просмотров: 1409
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку