Нормурод Каримзода яке аз шоирони номдори Самарқанд ҳастанд ва каманд соҳибқаламони назм, ки баробари эшон нерӯмандии тасвир ва ҳусни баёнро ба ҷилва оранд.
Нормурод Каримзодаро камина бесабаб Лоиқ Шералии Ӯзбекистон нагуфтаам. Рӯзномае, ки ин шоири нерӯманди зуллисонайн роҳбарӣ мекунанд, «Гулобод тонги» саҳифаи тоҷикӣ низ дорад, ки замоне Зоҳир Ҳасанзода, Бахтиёр Ҷумъа барин адибон мудирияти онро бар ӯҳда доштанд ва имрӯзҳо бисёр касон аз омадани Озод Ҳамидзода ва Дилрабо Насимӣ ба ин рӯзнома хурсанданд, аз ҷумла камина низ.
Сардабир Нормурод Каримзода дар сармақолае, ки ба муносибати маъракаи обуна дар ин рӯзнома чоп карданд, оиди аҳамияти бузурги ин нашрия дар ҳаёти ҷомеаи ноҳия далелҳои раднопазир овардаанд.
Сӣ сол шуд, ки саҳифаи тоҷикии ин рӯзнома мардумро бо нашри мақолаҳои шавқангез хурсанд мекунад, дар баланд бардоштани маданияту маърифат ҳиссаи калон мегузорад. Дар замони гузариш ба истиқлоли ҷумҳурият бисёр рӯзномаҳо ба мушкилоти замони нав тоб наоварда баста шуданд. Аммо роҳбарони хирадманди ноҳияи Самарқанду аҳли қалами рӯзнома ин нашрияро нигоҳ дошта тавонистанд, ки ин бешак як қаҳрамонӣ буд.
Акнун, ки имрӯзҳо боз мавҷудияти он аз миқдори обуначиён вобаста шудааст, ҳар як ватандӯсти асил бояд ин рӯзномаи худро дастгирӣ кунад.
Адаш ИСТАД,
нависанда ва журналист,
дорандаи ҷоизаи А.Лоҳутӣ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.