ё худ робитаи фарҳангиву тадбирандешии халқҳои бародар
Халқҳои ӯзбеку тоҷик аз азал дӯсту бародаранд. Асрҳо инҷониб риштаи маданиашон ҳамчун ҳамсояи наздик мустаҳкам мегардад. Урфу одат, анъанаву либосҳои миллиашон ба ҳам монандӣ дорад.
Рӯзҳои 10-14-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд рӯзҳои маданияти Тоҷикистон гузаронида шуд. Гурӯҳи меҳмонон бо роҳбарии ҷонишини аввали вазири маданияти Тоҷикистон Ибодулло Машрабов ба Ӯзбекистон ташриф овард.
Дар аэропорти байналхалқии ба номи Ислом Каримови Тошканд маросими истиқболи гурӯҳи намояндагони санъат ва маданияти Тоҷикистон баргузор гардид.
Аъзоёни делегатсияи Тоҷикистон дар маҷмӯаи Ҳазрати Имом (Хастимом) ва Театри драмаи академияи миллии ӯзбек шуданд.
- Ин ду халқ ба забонҳои дигар гуфтугӯ намоянд ҳам, дин, урфу одат, маданият, таърихи муштаракро соҳибанд, - гуфт Артисти халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов. – Онҳо мисли ду тори як рубоб садо медиҳанд.
Маросими кушоиши тадбир дар Театри калони академии давлатии ба номи Алишер Навоӣ гузашт. Дар он санъаткорони тоҷикистонӣ баромад карданд ва ҳозирон онҳоро бо кафкӯбиҳои зиёд пазируфтанд.
Инчунин, дар Геларияи санъати тасвирии Ӯзбекистон намоиши маҳсули эҷоди рассомони мониқалами тоҷикистонӣ, дар китобхонаи миллии ба номи Алишер Навоӣ тақдимоти китоби шоиру нависандагони тоҷик, вохӯриҳои адабиву бадеӣ, тадбирҳои маданӣ ташкил гардид.
Дар давоми рӯзҳои маданияти Тоҷикистон дар Ӯзбекистон намоиши истеҳсолоти саноатии Тоҷикистон ташкил гардид. Дар он зиёда аз 130 тадбиркори тоҷикистонӣ маҳсулоти худро ба намоиш гузошт.
Д. ҒАФФОРДУХТ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.