Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

САДРНИШИНИ ҚАЛБҲО

Равобити фарҳангӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва адабӣ миёни ҷумҳуриятҳои бародар, ҳамсоя ва ҳамҷавори Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳанӯз аз замони мақоми ҷумҳуриятро соҳиб гардидани ин мамлакатҳои имрӯз соҳибистиқлол густариш пайдо кардааст.

Агар китобе дар Ӯзбекистон ба забони ӯзбекӣ чоп мешуд, ба тамоми ӯзбекони Тоҷикистон дастрас мегардид ва китобҳои тоҷикии нашриётҳои Тоҷикистон низ барои тоҷикони Ӯзбекистон ҳамчун адабиёти бадеӣ хизмат менамуд.Ин амали хайрандеш пас аз 25 соли сукунат бо ташаббус ва шуҷоати Президенти Республикаи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад.
Дӯстии аҳли илму адаб ва фазл бо вуҷуди ғавчӯбҳои марзиву бумӣ риштаҳои худро канда натавонист. Дӯстон макотиба, гуфтугӯйи телефонӣ доштанд. Агарчӣ роҳ дур аст, дил наздик гӯён бо иҷозаи мақомоти сарҳадии давлатӣ ба дидори ҳамдигар мерасиданд. Дӯстие, ки миёни олими забоншиноси тоҷик Аҳмадҷон Неъматов ва марди равшанзамири Самарқанд бостоншиносу соҳибкор Неъматҷон Раҳматов ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта вуҷуд дошт, дарахти он реша давонда, меваҳои шаккарин дод. Ин ду шахси дар ду мамлакат машҳур барои боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаҳои илмӣ дӯстии ногусастании халқҳои ӯзбеку тоҷик дар рӯзҳои ғаму ташвиш ва бесару сомонии рӯзгор ғамшарик будан хидмати босазое кардаанд.
Ба қарибӣ аз Душанбе ба Самарқанд китобе бо номи «Садрнишини қалбҳо» расид. Дар он ҳиссаи босазои номзади илми суханшиносӣ, олими забоншинос, шодравон Аҳмадҷон Неъматов, рӯзгори ибратангези ӯ ва дӯстиаш бо мардуми фозили Ӯзбекистон аз ҷумлаи Неъматҷон Раҳматови худшинос ва Нормурод Каримзодаи шоир сухан меравад. Ҷои ифтихор аст, ки дар он шеъри Н.Каримзода ва ёдномаи Н.Раҳматов низ ҷой гирифтааст. Кас пас аз хондани китоб амин мешавад, ки Аҳмадҷон Неъматов бо тинати хоксорӣ, фаъолияти босамари илмӣ барҳақ садрнишини қалбҳо будааст.

О.ХИЗРӢ


Последнее редактирование: 13/07/2018 15:26;   Просмотров: 1175
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку