Сӯҳбати мо бо Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев, маҳбуби дилу дидаҳои шефтагони санъати волои мусиқии Шарқ Ҳоҷӣ Афзалшоҳ Шодиев дар рӯзҳои «Форуми тиҷоратии тадбиркорони вилояти Самарқанд ва вилояти Суғди Ҷумҳурияти Тоҷикистон», ки дар шаҳри Самарқанд гузашт, ба миён омад ва хеле тӯлонӣ буд.
Ҳоло мухтасари муҳовараро пешкаши шумо – хонандагони арҷманд мегардонем:
- Аввало ба шумо хуш омадед, нури дида, тоҷи сар мегӯем...
- Ташаккур, бародар! Рости гап, расо 21 сол пазмони Самарқанд ва дидори дӯстон будам. Инак, бо хости худо ва албатта ба шарофати сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сарҳадҳо кушода шуданд, инчунин дилу дидаҳо ба рӯйи якдигар боз гардид.
Ман ҳангоми ба майдони Регистон омадан заминашро тавоф кардам, бӯсидам ва беихтиёр ашки шодӣ рехтам.
- Дидори дӯстон чӣ хел нақш гузошт?
-. Чунин лаҳзаҳои фараҳбахшро маънидод кардан душвор аст. Меҳрубониҳои Ҳасанҷон Нуриллоев, Ҷумъа Ҳамроҳ, Мансурҷон Норов, Озод Ҳамидзода, Эркин Мавлонӣ бародархондам Санъатако ва дигарон хеле хотирнишин буд. Ва ин шоҳбайти устод Мирзо Турсунзода ба ёдам омад:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
- Афзалшоҳи азиз, дар зодгоҳи Рӯдакӣ, Туғрал, Лоиқ барин абармардони маърифати дунё ба саҳнаи зиндагӣ омадани шумо ва аз он саҳна ба саҳнаи санъату дилҳо бархестанатон амри тасодуф нест. Пайраҳаҳои убуркардаатон барои хонандагон шавқ меангезад...
- Роҳи банда ба олами зебои санъат ҳангоми таҳсил дар мактаби зодгоҳам деҳаи Панҷруд оғоз ёфта буд. Дар даҳсолагӣ захма ба тор задаву тақлид ба бузургон карда, суруд хондам. Аввалин устодам дар ин ҷодаи ҳунар Аслиддин Мастонов аст. Соли 1973 дар шаҳри Панҷакент, пас аз як сол дар пойтахти Тоҷикистон дар озмуни сарояндагони ҷавони ҷумҳурият ҷои нахуст насибам гашт. Дар қувваозмоии «Бӯстон» чандин маротиба гулборон карданд. Лекин комёбиву қадршиносӣ ба осонӣ даст надодааст. Танҳо заҳмати бисёру сангин, худафрӯзиву худфидоӣ, шабҳои бедорӣ ва заҳмату талоши бепоён назди мухлисони санъат азизу мӯътабар намуд. Сипосгузорам аз устодони меҳрубону сахтгир Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Нериё Аминов ва албатта Ҳофизи мардумӣ, пири маърифатиам Ҷӯрабек Муродов. Дар хотир дорам, соли 1983 камина баъди хатми Донишгоҳи ҳунарҳои зебо ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба гурӯҳи эҷодии «Зарафшон» ба кор омадам. Ҳамкорӣ аз ҳамон айём оғоз ёфт. Бояд таъкид намуд, ки устод Ҷӯрабек Муродов санъаткори заҳматкашу навовар буда, соҳиби фазилатҳои неки инсонӣ мебошанд. Мо ҳамроҳ дар бисёр гӯшаву канори дунё ҳунарнамоӣ кардаем.
- Назари шумо ба санъаткорони имрӯз...
- Набояд фаромӯш сохт, ки санъаткор устоди сахтгиру серталаб, қадршиносу довари ҳақиқии халқ аст. Имрӯзҳо мухлиси нуктасанҷ аз ҳар як ҳунарпеша сабку услуби хеш ва суруду таронаҳои тару тоза талаб мекунад. Чӣ ҷои руст кардан аст, баъзе санъаткорони тақлидкору булҳавас ба қавле «Чӣ мехонӣ, порсола» рафтору гуфтор мекунанду худ намефаҳманд, ки номаълум аз саҳна дур мешаванд. Ба маълумоти шумо расондан ҷоиз аст, ки ҳофизи мумтози мо устод Ҷӯрабек Муродов ҳар сол 20-30 суруди тоза эҷод мекунанд ва шумораи он аз ҳазор адад гузаштааст.
- «Турфа шогирде, ки дар ҳайрат гузорад устодро» гуфтаанд. Шумо дӯсти гиромӣ Афзалшоҳ дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ», ки дар маҷмӯаи давлатии «Кохи Борбад» баргузор шуд, бо суруди тозаи худэҷод табъи ҳозиронро болида сохтед.
- Нахустин сафари мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон муждаи нави Соли нав, Наврӯзи Аҷам дар муносибатҳои мутақобили дӯстонаи ду халқи дорои умумияти расму оинҳо , тарзи зиндагӣ, ақоиди динӣ, инчунин санъати мардумӣ, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, беш аз 40 миллион халқи ду кишвварро боз наздик кард. Таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ба имзо расидани Аҳднома оғози марҳилаи сифатан нави муносибатҳои мутақобили мо аст, ки барои рушди минбаъдаи ду кишвар заминаи устувор гузошт. Ба шарофати сиёсати башардӯстона ва дурбинонаи мӯҳтарам Шавкат Мирамонович аз нӯҳ адад гузаргоҳи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аллакай қариб миллион нафар сарҳадро убур карда, дида ба дидор расид. Ана ҳамин навид ба камина илҳом бахшид ва башида ба дӯстии абадии ду кишвари бародару ҳамсоя ба шеъри Ниҳонӣ оҳанг бастам ва иҷро намудам. Ҳамон суруд дар Кохи санъати Самарқанд ва дигар тадбирҳои фарҳангӣ танинандоз гашт.
- Беш аз 40 сол аст, ки шумо сурудҳои диловезу дилнишин иҷро мекунед ва мухлисон як ҷаҳон ҳаловату лаззати руҳӣ мегиранд.
- Ҳар як ҳофиз бояд дар интихоби шеъру суруди пурмаъно ранг ба ранг, хушсадо аҳамият диҳад. Оҳанг барои суруд пироҳан аст, ки онро волотару шевотар мегардонад. Мо, санъаткорон бо бастакорон низ риштаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дорем, ки барои пайдо кардани оҳанги марғуб аҳамияти калон дорад. Шахсан ман бештар ба шеърҳои пайғамбарони назми тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ, Хоҷа Ҳофиз, Ҷалолиддини Румӣ, Нақибхон Туғрал оҳанг баста, суруд мехонам. Аз шоирони муосир ашъори Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва бештар Лоиқ Шералӣ рӯй овардаам. Воқеан, ба шеърҳои Лоиқ Шералии раҳматӣ, ки шодравон падари маънавии ман, ҳамдеҳаи ман аст, як силсила сурудҳои дилошӯбу дилрабо эҷод кардаам, ки бо завқу илҳом месароям. Зеро ӯро фидоиёна дӯст медораму дилбастагиам сарҳад надорад.
- Афзалшоҳ, агар санъаткор намешудед, кадом касбро интихоб менамудед?
- Муаллими адабиётамон, бародари Лоиқ Шералӣ акои Шариф орзу доштанд, ки ман ҳатман бо роҳи он кас хоҳам рафт. Лекин меҳри ҳофизӣ баланд будааст, ки ба ҳоли қудрат ба мардуми санъатдӯст хизмат мекунам.
- Хабардор ҳастем, ки шумо ғайр аз дар баробари иҷрои сурудҳои классикӣ ва муосир директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳастед.
- Шаш сол қабл аз ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, ҷаноби олӣ , мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди худ хонда, супориш доданд, ки ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон низ роҳбарӣ намоям. Ин вазифаи пурмасъул бисёр маблағ, мутахассис, асбобу ускунаҳо талаб кард. Шукри Худо, ки ҳама кор иҷро шуд. Ҳоло баъди таъмиру тармим Филармония маскани ҳунаромӯзӣ ва сайқали истеъдоди санъаткорон аст.
- Оё фарзандон аз паси падар рафтанд?
- Мутаассифона не. Ман панҷ нафар фарзанд ва панҷ нафар набера дорам. Писарам Ҷовидон варзишгар аст. Чанде пеш дар қитъаи Амрико аз рӯи намуди варзиши «Ҷанги бе қоида» чемпиони ҷаҳон шуд ва парчами Тоҷикистонро баланд бардошт. Акнун умед аз набераҳо мебошанд. Мағзи бодоми ман ва бобояш адиби маъруф устод Сорбон Достону Сулаймон гоҳ-гоҳ ба таври худ суруд хонда, шод мегардонанд.
- Дар Самарқанд, саҳеҳтараш гузару деҳаҳои тоҷикнишини вилоят аксарият навтифлаконро Афзалшоҳ ва духтараконро Фарзона номгузорӣ мекунанд.
- Илоҳо, онҳо ба камол расанд. Номбардори миллату забон шаванд ва камина дар рӯзҳои хурсандии онҳо хизмат кунам.
- Самарқанд баъди бист сол чӣ гуна таассурот гузошт?
- Шаҳр куллан тағйир ёфтааст. Кӯчаҳо васеъ, биноҳо зебо, замонавӣ, равшан, гулгашту хиёбонҳо дилнишин. Ба гуфти тоҷикон ба ободонӣ гап нест.
- Нақшаҳои ояндаи шумо?
- Ҳоло таклифнома аз Италия, Япония, Белгия омад.
- Аз Ӯзбекистон чӣ?
- Ман фарзанди Самарқанд. Дар синни ҳафтсолагӣ бобоям Раҳмони Усмон аз шафати Регистон-маҳаллаи Бӯстони Хон ҳавлӣ харида омаданд. Бачагиам дар маркази Самарқанд гузаштааст. Пас барои ман таклифнома лозим нест. Артисти халқии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков дар Душанбе сурудҳои тоҷикӣ ёд гирифт. Нақша дорем, ки ҳар ду дар Самарқанду Бухоро ва Тошканд баромад кунем.
- Ва ниҳоят таманнои шумо?
- Тоҷикон ва ӯзбекон ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш ба харҷ медоданд ва ин иқдоми нек бо ташаббуси сарони ду давлат – Ӯзбекистону Тоҷикистон аз нав мустаҳкам шуд. Ба фазои дӯстиву самимияти мо чашми бад нарасад. Ва ҳоло бо итминон изҳор медорам, ки дар муддати кӯтоҳ муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ба сатҳи баландтарин чун қуллаҳои Помир мерасанд. Зинда бод дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек!
Мусоҳиб Зоҳир ҲАСАНЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.