Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

«САНЪАТКОР САФИРИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲОСТ...»

Шерзод УЗОҚОВ:

Вақте ки бо яке аз сарояндаи дилу дидаҳои пиру ҷавони Самарқанд Шерзод Узоқов рӯ ба рӯ меоем, шукр мегӯем, ки чунин санъаткор ҳаст. Зеро ӯ тавонист, ки дар муддати хеле кӯтоҳ аз санъаткори тақлидкору навмашқ ба дараҷаи ҳунарманди ҷавони тозакор расад. Шерзодро аз он даме, ки солисти дастаи ҳунарии «Гулдастаи Самарқанд» буд, хуб мешинохтем. Ӯ сирри санъатро аз роҳбари гурӯҳ, яке аз устодони санъати эстрадии Самарқанд Талъат Шоҳбаротов меомӯхт. То дер дар хидмати рӯзҳои неки мардум мешуду субҳи барвақт, баробари бонги аввалини хурӯс бедор шуда, навохтани асбобҳои мусиқӣ ва ба он ҷӯр намудани овози худро машқ мекард. Аввалин шунавандаи сурудҳояш модараш – муаллима Лутфия Турсунова ва падари бузургвораш ронанда Аброрқул Узоқов буданд. Шерзод, ки фарзанди хурдии хонадон аст, бародаронаш Бахтиёру Шавкат, Алишеру Санҷар ба сайқалдиҳии ҳунари сарояндагии вай имкониятҳо фароҳам меварданд. Зеро Шерзод ҳанӯз хурдсол буду ба пайравии санъаткорони асил сурудҳо замзама мекард. Машқҳояш ҳарчанд ноҷӯр буданд, садои форамаш лакнати мусиқиву хатоии шеърро мепӯшонид. Аз ин рӯ, ҳаққу ҳамсояҳо – сокинони деҳаи Навбоғчиён Шерзодро аз кору роҳаш боздошта, суруд мехононданд. Аз шуданидани овози форамаш хушашон меомад. Пирони деҳа дуо ва пешгӯйӣ мекарданд, ки аз ҳамин Шерзод сарояндаи хуб мебарояд.
Ӯ баробари таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 14-и ноҳияи Самарқанд (ҳоло мактаби рақами 73-и шаҳри Самарқанд) аз мактаби санъат ва мусиқии рақами 12-и ноҳияи Самарқанд асрори машқҳои аввалини сарояндагиву навозандагиро омӯхт. Бахусус, дарсҳои муаллим Мурод Давронов писанди ӯ буданд. Шерзод бо сарварии ин устодаш борҳо ғолиби озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриятӣ гардидааст. Он лаҳзаҳоро доимо бо некӣ ёд меорад. Пас аз таҳсил дар мактаби миёна ва дабиристони мусиқӣ донишҷӯйи омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Абӯрайҳони Берунии шаҳри Самарқанд гардид. Устоди ҳунар, навозандаи пуртаҷрибаи асбобҳои мусиқӣ, бахусус рубоб Ҳоҷиқурбон Холов ба Шерзод, ки чашмонаш шӯълаи умед дошт, эътибори махсус дод. Шерзод ба ҳамаи ин донишомӯзиҳо қаноат ҳосил накарда, боз аз пайи ҳунаромӯзӣ шуд. Маслиҳатҳои устодон Артисти халқии Ҷумҳуриятҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Мардон Мавлонов, Артисти шоистаи Ҷумҳурияти Тоҷикистон Асадулло Атоуллоев, сарояндагони хушовоз Салимҷон Ғиёсов, Маъруф Бозоров, Талъат Шоҳбаротов, Шамсиддин Анорқулов ва дигаронро муфид медонад.
Чун бори аввал аз тариқи телевизион бо ҳунари сарояндагии ҳофизи машҳури эстрадаи миллии тоҷик Садриддини Наҷмиддин ошно шуд, дар дил аҳд намуд, ки бо ӯ ҳатман аз наздик ошно мешавад. Зеро услуби Шерзод ба Садридини Наҷмиддин монандии бисёре дошт. Гӯё Шерзод акнун устодеро дарёфт, ки сабкаш қобили пайравӣ шуда метавонад. Ниҳоят, дар яке аз консертҳо бо Садридини Наҷмиддин рӯ ба рӯ омад. Ҳамчун армуғони самарқандӣ нони Самарқанд ва ҷомаи зарринро дар назди тамошобинони зиёди тоҷикистонӣ ба ӯ супорид. Садриддини Наҷмиддин низ ба Шерзод дасти дуо дод.
Ҳоло Шерзод Узоқов дар ҷустуҷӯйи эҷодист. Мехоҳад мисли устодони бузурги санъат Аҳмади Зоҳир, Ботур Зокиров, Далер Назаров, Гугуш, Андӣ, Ҳасани Ҳайдар дар равияи санъати эстрадӣ роҳу сабк ва услуби худро дошта бошад.
- Ҳис мекунем, ки доимо дар ҷустуҷӯйи навоварӣ ҳастед. Кай аз ҳунари худ қаноатманд мегардед? – пурсидем аз Шерзод.
- Медонед, агар кадом ҳунарманд аз омӯзиш бозмонад, ҳамон лаҳза аз майдони санъат ҳам меравад. Хонда будам, ки Ҳаким Саноӣ, ки «Чор кишвари ишқ»-ро маҷозан сайр намуда, ба мақоми баланд расида буд, ҳанӯз аз дониши худ ризо набуд. Саноӣ гуфтааст:
Ин кӯчаро чун сар ба сар Аттор гашт,
Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.
Ман як нафар сарояндаи кӯчаки шоҳроҳи бузурги санъати Самарқанд ҳастам. Чун медонам, ки ин ҷо пойи қадами Борбад, Рӯдакӣ, Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ ва дигарон расидаву эҷод намудаанд, ифтихор дорам, ки дар ин ҷода машқ дорам. Агар рӯҳи покашон мададгорӣ намояд, орзуҳои бисёре дар дил дорам. Беҳтарин шеъру ғазалҳои шоирони дирӯзу имрӯзи Самарқандро ба сурудҳои шуниданӣ табдил дода, пешкаши шефтагони санъат намуданӣ ҳастам. Доимо дар андешаи онам, ки санъаткор сафири дӯстии халқҳост.
- Шерзод, аллакай наврасони зиёде ба шумо пайравӣ мекунанд. Мехоҳед фарзандонатон низ роҳи санъатро пеш гиранд?
- Фарзандонам Анисаву Мӯниса, Шаҳризод ва Диёрҷон хурдсоланд. Модарашон тарбияи хуб медиҳад. Калон шаванду санъаткориро ихтиёр намоянд, бо вуҷуди заҳмати зиёд доштанаш дасти дуои падарона медиҳам.

Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 17/08/2018 15:04;   Просмотров: 1140
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку