Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

САРҲАДҲО КУШОДА, ЧЕҲРАҲО ПУРХАНДА

Аввали шаб хабар расид, ки пагоҳрӯзи якуми март - оғози фасли баҳори гулпӯш як гурӯҳ фаъолони шаҳри бостонӣ дар назди бинои ҳокимияти вилоят ҷамъ омада, барои иштирок ба гузаргоҳи Самарқанд - Панҷакент раҳсипор хоҳанд шуд. Рости гап, аз ин навид вуҷудамро ҳаяҷон пахш намуда, аз хурсандӣ то намози бомдод бедор будам. Субҳи содиқ дӯсти ҷонӣ ва ҷавонӣ, ҳамсоламу ҳамдилам - шоири хушбаёни зуллисонайн, сардабири рӯзномаи "Гулобод тонги" Нормурод Каримзода чун одат "Субҳ ба хайр!" гуфта иттилоъ дод, ки ӯ сари кӯча интизор аст. Сипас ҳар ду якдигарро бо ин навиди оламшумул табрик гуфта, дар ҷои муқарраршуда ҳозир шудем. Аллакай чанд зиёиён, собиқадорон, ходимони матбуот, симо ва садо гурӯҳ-гурӯҳ, ҳалқа-ҳалқа истода сӯҳбат меоростанд.

Нидоҳои "Хайрамақдаму шодбош" танинандоз мегашт. Дере нагузашта чаҳор адад автобусҳои хушсохти зебо омаду ҳама савори онҳо шуда, аз курсиҳои нарму гарм ҷой гирифтанд. Пири мусофирон - раиси хазинаи "Нуроний"- и вилоят Ҳасан Нормуродови 80-сола даст ба омин бардошт ва нақлиёт ба ҳаракат даромад.
Хушбахтона дар автобуси мо аксарият шоирону ҳофизон буданд, ки сӯҳбат тафсид ва базми хосса ба миён омад. Табъи ҳама болида ва шеъру суруд авҷ гирифт. Зеро аз хурсандӣ дилҳо чун чашмасори кӯҳсор ба ҷӯш омада буд. Шоираи ӯзбекзабон Хосият Бобомуродова аз дӯстии ду халқи кишварҳои ҳамҷавор, ки аз таҷрибаи рӯзгордорӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва илмиву таърихии ҳамдигар баҳра бардоштаанд, ҳарф зада, "Марҳабо" ном шеъри устод Мирзо Турсунзодаро ба ӯзбекӣ як-ду мисраъ қироат карду магар хотираш фиреб дод, ки дигаре зуд ба тоҷикӣ идома дод:
Духтари ӯзбек, моро гӯш кун!
Дигаронро андаке хомӯш кун.
Гӯш кун,
Гапҳои мо беҳуда нест,
Ин садоҳои дили осуда нест.
Шавқи ту моро ба илҳон оварад,
Рӯ ба сӯи Ӯзбекистон оварад...
- Ман чанд маротиба бо раҳматӣ Мирзо Турсунзода сӯҳбат ороста, аз эҷодиёташ хабардорам, - ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд сарвари хазинаи "Нуроний"-и вилоят Ҳасан Нормуродов, - вай барҳақ шоири сулҳпарвар аст. Аксарияти шеърҳои ӯро Ӯлмас Ҷамол ба ӯзбекӣ бо маҳорати баланд баргардонда буд.
- Дар ин самт хизмати Ҷонибек Қувноқ низ калон мебошад, барафзуд ҳампаҳлӯям шоири зуллисонайн Нормурод Каримзода, - воқеан, ду хирадманди бузургу беназири адабу фарҳанг-мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ ба мактаби рафоқату ҳамраъйӣ асос гузоштаанд, ки то имрӯз идома меёбад. Сипас ҳофизи маъруф Абдуваҳҳоб Баҳриев бо писараш ба ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ суруд хонда, ба берун ишорат мекарданд. Мусофирон аз тиреза ба шиорҳои "Дӯстии мо - абадӣ", "Тоҷику ӯзбек як халқ, ки бо ду забон ҳарф мезананд", "Мо дӯстиро ҷустуҷӯ дорем" ва барҳақ будани он боварӣ ҳосил мекарданд. Инчунин ба портретҳои чеҳраҳои хандони ду абармарди замон - Сарварони Ӯзбекистону Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон, ки бо шарофати такя ба хирад ва суннатҳои башардӯстонаи онҳо ба муносибатҳои серҷабҳаи ду кишвари ҳамсоя нерӯ ва нафаси тоза бахшида шуд, бо фахру ифтихор нигариста, шукри замону изҳори сипосгузорӣ мекарданд. Саргарми сӯҳбати ширину базми хосса чӣ тавр ба сарҳад расидани худро нафаҳмида мондем. Гузаргоҳ идона оро ёфта аз як сӯ назму навои ӯзбекона, аз ҷониби дигар тоҷикона танинандоз мегашт. Духтаракону писаракони хушсару либоси миллӣ пӯшида дар даст парчамҳои ду кишвар табассумкунон меҳмонону мизбононро хайра мақдам мегуфтанд. Баъди ба расмият кушода шудани сарҳад аз ду ҷониб дарёи мардум чун рӯди Зарафшон ба ҷунбиш омад. Дар чашми онҳо ашки шодӣ хувайдо буда, шиносу ношинос якдигарро ба оғӯш гирифта, ҳолу аҳвол мепурсиданд. Аҷиб, ҳатто посбонони сарҳад ва ходимони гумрук, ки ҳамеша ҷиддӣ, қавоқашон овезон буд, аз як тараф ба онҳо бо лабони майли табассум менигаристанд. Ин лаҳзаҳои фараҳбахшро дида, ҳодисаи нохуши соли 2007-ум рӯйдода ба ёдам расид. Мо як гурӯҳ барои тамошои сарбанди "1-ӯми май" воқеъ дар Работи Хоҷа омада будем, ки беихтиёр ҳисси кунҷковии ман боло гирифту назди симхори баланду мустаҳками сарҳад омадам. Аз куҷо ду нафар ҳарбиён пайдо шуда, бадхашмона ва бо таҳдид амр доданд, ки аз он ҷо дур шавам.
Ман бардурӯғ, гӯё ба ҷониби Тоҷикистон мегузашта бошам, симҳорро такон додам. Ҳамин вақт яке аз сарбоз нили автоматро сӯям нигарониду гуфт, ки ҳозир оташ мекушояд.
Чанд нафар дӯстонам, ки ин манзараи ғайричашмдоштро назорат мекарданд, ба таҳлука афтода, саросема омада маро миёнагиркунон ва аз сарҳадчиён узр пурсида, аз чанголашон халос карданд.
Барои ифодаи дарду алам аз таҳдид, таҳқир, ғаму андӯҳ ва қазою қадар маҳорати журналистӣ ва қалами кунди ман барҳақ оҷизу нотавон аст. Аз паси симхор сӯи Панҷакенти аз чашм дуру ба дил наздик, ки дар давраи пойдории давлати шӯравӣ чун ба хонаи ҳамсоя озод, бебокона равуо доштем, бо ҳасрат нигариста худ надонистам, ки чӣ хел бо алфози қабеҳ асосгузори қулфбанд кардани сарҳадро ҳақорат дода будам.
Ҳоло бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарварони ду кишвари ҳамҷавор-мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон кушода шудани марзҳои ду давлати ҳамсоя хурсандии мардум ҳадду канор надорад. Баъди бист рӯзи кушода шудани сарҳад як гурӯҳ зиёиёни вилояти Суғд дар тантанаҳои Наврӯз, ки дар шаҳри Самарқанд ба вуқӯъ пайваст ва дар он Президентамон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев иштирок дошт, ширкат варзиданд. Ҳайъати намояндагони вилояти Суғд ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи шоири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ва сардафтари адабиёти ӯзбек Алишери Навоӣ гулдастаҳои тару тоза гузоштанд. Боиси фахр аст, сарвари давлатамон мӯхтарам Шавкат Мирзиёев зимни суханронии худ дар бораи хизматҳои додараш Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои дуҷониба бо самимият ва меҳри беандоза сухан гуфт.
Бояд таъкид намуд, ки дере нагузашта тадбиркорону корчаллонҳои вилояти Суғд ба Самарқанд ташриф фармуданд ва ҷавобан ба он ҳамкасбони онҳо сӯи шаҳри Ҳуҷанд рахти сафар бастанд. Шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуд ва онҳо амалӣ мегарданд. Охир рост гуфтаанд, ки "як гули мақсуд дар ин бӯстон, чида нашуд бе мадади дӯстон".
Дар соҳаи фарҳанг низ корҳои ибратбахш ба фарҷом расиданд. Концерти ҳунарпешагони мардумӣ устод Ҷӯрабек Муродов, Хоҷӣ Афзалшоҳ Шодиев, Нигина Амонқулова ва дигарон баъди 10-15 сол дар Самарқанду Бухоро ба вуқӯъ пайваст. Як гурӯҳ адибу журналистон бо сарварии сардабири рӯзномаи "Зарафшон" Луқмон Қурбон ба идораи "Гулобод тонги" ташриф фармуданд ва барои ҳамкорӣ аҳднома баста шуд. Чанде пеш дар матбуот хабари аҷибе интишор ёфт, ки ба ҳаёти шахсии ман вобаста аст. Зеро дар он гуфта мешавад, ки баъди танаффуси 9-сола низоҳои барқии Ӯзбекистону Тоҷикистон боз ба нафъи ҳамдигар кор хоҳад кард. Хати интиқоли барқ аз зергоҳи Регар (Тоҷикистон) то зергоҳи Гулча (Ӯзбекистон) мавриди истифода қарор гирифт. Муҳимаш, ду кишвари ҳамҷавор ният доранд, ки низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии минтақаро барқарор кунанд. Аммо панҷ-шаш сол қабл аз ин нисбати сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" фикрҳои мухталиф ба миён омад. Хабарнигори Радиостансияи "Озодӣ" Хиромон Бақозода ба ин масъала муносибати маро пурсид. Чӣ ҷои руст кардан аст, инҷониб изҳор доштам, агар "Роғун" ба кор дарояд, ба мо, ҳамсояҳо ҳам нағз мешавад. Муҳимаш, ба Ӯзбекистон нерӯи барқ меояду моён, самарқандиҳо аз шабҳои зулмат халос хоҳем шуд. Охир тез-тез таъминоти барқ қатъ мегардад. Мусоҳиба ба мавҷи ҳаво пахш гашту, аз банда қариб "душмани халқ" сохтанд. Баъзе идораҳои дахлдор барои "шаккокӣ" танбеҳ доданӣ шуданд. Хушбахтона маро ташкилотҳои ҳимояи ҳуқуқи инсонии назди Созмони Милали Муттаҳид аз паси панҷара шудан халос кард...
Инак, боз баҳори дӯстӣ омад. Боварӣ дорем, ки муносибатҳои дӯстона абадулабад поянда хоҳад шуд. Имрӯзҳо, ки сарҳадҳо кушода, чеҳраҳо пурхандаанд, шукри замона карда, насиҳати алломаи бузург Саъдии Шерозиро ба ёд меорем:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА


Последнее редактирование: 15/03/2019 12:12;   Просмотров: 973
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку