Айёми мактабхонии мо дар дабиристонҳои тоҷикии мамлакатамон дарси забони ӯзбекӣ вуҷуд надошт.
То соли 1989 дар Ӯзбекистон Қонуни забон эълон гардида, забони ӯзбекӣ мақоми давлатӣ гирифта набуд. Аммо бачаяки ханӯз ба остонаи мактаб қадам нагузошта ҳам, ин забонро ба хубӣ медонист. Мо бо меҳмононе, ки дар мактаб ё хонадонамон аз деҳу ноҳияҳои дур меомаданд, озодона ҳарф зада метавонистем ва ҳатто ба ин забон шеърҳо мегуфтем. Сабаби асосии он, ба фикрам, воситаҳои ахбори умум аст. Яъне, хабарҳои асосӣ, суруд ва шеъру таронаро аз радио ва телевизор гӯш мекардему тамошо менамудем. Қариб ҳамаи хонадон бо радиоприёмники симӣ, ки «радиочаи панҷсӯма» мегуфтанд, васл гардида буд. Агар аз тариқи шабакаи «Дӯстӣ» ягон-ягон ба забонҳои русӣ, қазоқӣ ва тоҷикӣ барномае ба андозаи панҷ-даҳ дақиқа ба маҷрои ҳаво напечад, дигар ҳама ӯзбекӣ буданд. Газетаву журналҳои Ӯзбекистон ба ғайр аз «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба забони тоҷикӣ дигар номнависи матбуот набуд. Аз ин рӯ, бачаҳои давр бе заду хӯрди талаффуз, яъне «акцент» гап мезаданд. Пас аз хатми мактаби миёна ба забони модарӣ донишҷӯи фаъоли донишгоҳу донишкадаҳо мегардиданд. Зиёдан сафи шахсоне, ки тоҷикӣ хонда, ба муассисаҳои таълими олӣ ба забони ӯзбекӣ ё русӣ имтиҳон дода, то ба дараҷаи олими намоён ва арбобони давлативу ҷамоатӣ гардидаанд. Ин ҷо номҳои Баҳронқул Бӯронов, Раҳматулло Абдуллоев, Раҳима Ҳакимова, Бурҳон Боронов, Саидмурод Ҳошимов, Маъруф Исроилов, Аҳмадҷон Солеев ва даҳҳо дигаронро, ки ба нафъи илму маърифат ва иқтисоду сиёсат хидматҳои босазо кардаанд, ба тариқи мисол овардан мумкин аст. Адибони самарқандӣ аз ҷумлаи Ӯлмас Ҷамол, Ҷамол Сироҷиддини Хумӣ, Нормурод Каримзода, Абдуллоҳи Нисорӣ, Ҳусниддини Зулфон ва дигарон чун пайравони Ҷомиву Навоӣ ба ду забон ашъори воло доранд.
Ҳоло Истиқлолияти мамлакат барои ҳамаи миллатҳои маскуни Ӯзбекистон шароитҳои забондониву илмомӯзиро фароҳам овардааст. Дар мактабҳои таҳсилашон ба забони тоҷикӣ ё русӣ низ дарси забони ӯзбекӣ ҳамчун забони давлатӣ пурра омӯзонида мешавад.
Марҳилаи аз алифбои кириллӣ ба ҳуруфоти лотинӣ гузаштан муаммоҳои зиёдеро пеш овард, ки яке аз он то ҳол ба пештоқи корхонаву мағоза ва ҳатто муассисаҳои таълимӣ ғалатнависиҳост.
Аз ҷумла, ба ҷои «таҳлилхона» «тахлилҳона», ба ҷои «Хуш келибсиз !» «Ҳӯш келибсиз!», ба ҷои «Меҳмонхона» «Мехмонҳона». Чунин хатоҳои ислоҳпазир зиёданд. Аммо калимаи ҳаммафаҳми сартарошхона чӣ бадие дошт, ки онро «Барбе шоп» мегӯем. Магар ҳамин хел ном барем, хизмати сартарош дигар мешуда бошад?! Тасаввур кунед, ки пирамарде пеш аз адои намози ҷумъа ба «Барбе шоп» медарояд ва риши зебояшро бо мӯди Аврупо қайчӣ мезанад...
Дар боло аз таъсири радиову телевизион ва газетаву журналҳо ба забондонии насли наврас сухан рафт. Барҳақ, матбуот маҳаки тарбия ва тарғибгари маънавият аст. Таъсири навиштаҷоти сари роҳу шоҳкӯчаҳо низ аз матбуот кам нест. Охир, ранг бину ҳол пурс, гуфтаанд. Чаро мо бо иллатҳои забон, ҳуруфоти ғалат муросо мекунем ва ба дараҷае оштӣ мешавем?!
Бояд ҳар каси соҳибхирад дар ин боб андеша ронад. Муаммои забонро танҳо дар арафаи Иди забон ёдрас шудан ҳам хуб нест, аммо агар муддаташ ҳамин давр аст, бигзор аз паи иҷрояш шавем, ки сонитар дер нашавад!
Шумо ба ин чӣ мегӯед, хонандаи азиз!
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.