Холиқ МИРЗОЗОДА (1911-1991)
Порча аз роман
Нашриёти «Матбуот»-и шаҳри Душанбе романи олими бузурги адабиётшиносӣ, доктори фанҳои филологӣ, профессори шодравон Холиқ Мирзозодаи Самарқандиро бо номи «Сайқали рӯи замин» дастраси мухлисони торихи диёр гардонид.
Дар романи мазкур воқеаву ҳодисаҳои охири асри ХIX ва ибтидои асри ХХ – ба вижа андозҳои миёншикан, порахӯрию судхӯрии амиру қозӣ, муфтию мутаваллӣ, беку оқсақолон, ки ба ҳар васила мардумро тороҷ мекарданд, инъикос ёфтааст. Воқеаву ҳодисаҳои роман дар заминаи асноду маълумотҳои ашхоси воқеӣ, ки дар як деҳаи наздики шаҳри Самарқанд – Равонак зиндагӣ мекарданд, ба амал омадааст.
Тасмим гирифтем, ки пораеро аз оғози ин романи таърихии басо арзишманд дар арафаи Рӯзи шаҳри Самарқанд дар таҳияи омӯзгори собиқадор, устоди суханвар Иброҳимҷон Халилзода пешкаши хонандагони гиромӣ гардонем.
* * *
Самарқанд шаҳри калон. Маркази Суғдиён ва ё водии Зарафшон аст. Шӯҳрати он аз қадимулайём ба ҳафт иқлим паҳн шуда буд. Исми Суғд дар «Авесто» (шаш аср пеш аз милод), осори муаллифони Юнони Қадим, дар навиштаҷоти ёдгории Доро дар тахти Ҷамшед ва хатҳои туркизабони сангҳои Урхун, осори сайёҳони Хитой, Араб, Аврупо ва катибаҳои форсӣ-дарӣ ҷовидона сабт аст. Мардуми таҳҷоии ин диёр аз қадимулайём то имрӯз тоҷикону ӯзбекон бошанд ҳам, дар тӯли асрҳои зиёде халқҳои гуногуни дигар – форсҳо, юнониҳо, арабҳо, туркҳо, муғулҳо низ сокинаш будаанд. Гузарҳои Самарқанд номи шаҳру қарияҳоеро дорад, ки мардумаш замоне ба ин шаҳрҳои овозадор ҳиҷрат кардаанд . Масалан: гузарҳои Хуҷандӣ, Хавосӣ, Тошкандӣ, Ургутӣ, Ёминӣ, Зоминӣ ва ғаӣра.
Харобаи шаҳри бостонии Афросиёб ёде аз рӯзгори замони ободу ҷаҳду ҷиҳоди мардуми диёр аст ва шояд ганҷу асрори бештараш ҳоло номакшуф мондааст. Алҳол касе равшан намедонад, ки чархи фалаки каҷрафтор дар ин рӯзгори дурудароз чӣ кинаву адоватҳо ва чӣ харобиву бедодиҳоро ба сари мардуми боифтихори он фурӯ рехтааст. Шояд Умари Хайём, ки бо даъвати Элик Насри Қарахонӣ ба Самарқанд омада буд, харобаи ин шаҳрро дида, рубоии пурсӯзашро зеби рақам карда бошад:
Эй чарх, ҳама харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.
Эй хок , агар синаи ту бишкофанд,
Бас гавҳари қимате, ки дар синаи туст.
На танҳо харобаи Афросиёб, балки боз Талли Барзу, Талли Ғулом, Талли Исҳоқ, Кофирқалъа ва ғайра, ки замоне шаҳристони обод ва макони мардумон будаанд, ҳоло ба олами хомӯшӣ мубаддал шудаанд ва кашшоферо мунтазиранд, то ки забонашон бубахшад. Вақтҳое ҳам буд, ки Самарқанд аз дасти ғоратгарони Шайбонӣ, аштархонӣ, манғитӣ ва феодалҳои қазоқ харобазор ва мардумаш қатли ом ё гурезаву дарбадар мешуду дар мадрасаҳояш ба ҷои муллобачаҳо ҳайвонҳои ваҳшӣ макон мекарданд ва саҳни мадрасаҳову Регистони он ба ҷангалзор табдил меёфт.
Самарқанд як кӯчаи қоқ шуд,
Бухоро тали Хоҷа Исҳоқ шуд.
Вале ҳар бор мардуми фидокору ҳунардор шаҳрро аз нав бунёд мекарданду беш аз пеш овазаю дарвозааш медод.
«Шаҳри бедарвоза нест» - мегӯянд дар урфият. Самарқанд мисли шаҳрҳои қадимаи Шарқ, девори похсагини ғафсу баланди сездаҳчақримае дошт, ки шаҳрро аз боғоташ ҷудо мекард. Дарвозаи Сӯзангарон, Дарвозаи Хоҷаи Аҳрор, Дарвозаи Тошканд, Дарвозаи Бухоро ва Дарвозаи Шимолаш ҳар пагоҳӣ кушода ва ҳар бегоҳӣ баста мешуду шаҳру аҳолии онро аз дуздону ғоратгарон эмин медошт.
Дар қисми ғарбии шаҳр қалъа ё худ арки бекнишин воқеъ гардида буд. Замоне он бошишгоҳи Амир Темур буд ва амру фармони ғорату истилои кишварҳо ва қатли оми халқҳо аз ин даргоҳ бурун мешуд.Қалъа ё ки Арки Самарқанд ду дарвоза дошт - аз Шарқ Дарвозаи Самарқанд, аз Ғарб Дарвозаи Бухоро. Девори Арк се газ ғафсӣ ва понздаҳ газ баландӣ дошт. Дар дидбонгоҳи гӯшаи он посбон ва дар ҳар дарвоза дарбонҳо меистоданд.
Баъд аз намози аср дарвозаҳои шаҳрро мебастанд. Касе ҳад надошт, ки аз дарвоза дарояд ё барояд. Ҳар ки дар дарун буд, агарчӣ аз берун буд ва ҳар ки дар берун монд, агарчӣ аз дарун буд. Дигар даромадаву баромада наметавонист. «Қоида қоида аст, ба вайрон кардан ҳақ надорем» мегуфтанд дарвозабонон. Одамони дер омада, ки борашонро фурӯхта натавониста, аз бозор бевақт бармегаштанд ва ё касоне, ки шаҳрнишин буданду аз кори боғашон дер омада буданд, дар чойхонаҳои даруну беруни дарвоза мехобиданд. Лекин аксарият ба дарвозабонони зоҳиран сахтгиру аслан порагир ришва дода, иҷозати даромадан ё баромадан мегирифтанд
* * *
... Дарбон нав дарвозаро баста буд, ки бозоракии харсаворе дар тан либоси кӯҳнаи даридагӣ, дар сар саллачаи сепеч, дар по мӯккии нимдошт расида омад ва чун дид, ки дарвоза баста аст, ба зорӣ даромад:
- Имрӯз бозори сабзию пиёз касод шуд, борамро ба тезӣ фурӯхта натавонистам, то чизҳои даркориро харида, улавамро аз сарой гирифтам, ки бевақт шуд. Ҷон бародар, дарду балоятонро гирам, зану бачаам дар боғ танҳо, хавотир мешаванд. Ин дафъа, ки ба бозор омадам, як халта сабзӣ савғо меорам, дарвозаро кушоед, ба хонаам равам.
Дарвозабон Эсан - Қарағчӣ - шахси миёнқади каллакалон, ки дар сар телпак, дар тан куртаи кифтаку ҷомаи чаққон, аз болояш камарбанду шамшер, дар по мӯза дошт ва рӯи дағалу ришу мӯйлаби тунук, чашми тангу кашишдори муғулона ва гӯшҳои калонаш дар назари бинанда нофорам менамуд, дар ҷавоб гуфт:
- Кори ман чӣ, ки кай омадеду кай меравед!. Дер мондед – тамом!.Ман барои шумо шуда, қоидаро вайрон намекунам!
Бозоракӣ боз ба зорӣ даромад.Ҳамин вақт як савори афзоли аспаш нуқракӯб, ки дар пой кафшу маҳсӣ, дар тан аз рӯи либоси таг ҷомаи банорас ва дар сар саллаи сафеди калон дошт, омад.Вай ҷилави аспро кашида, онро нигоҳ дошт ва қамчинро аз остин бароварда, ба дарвозабон ишора кард, ки дарвозаро кушояд. Дарвозабон дуқат шуда, ба вай салом дод ва сипас дарвозаро кушод.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.