Хубро ҳар кӣ хуб мегӯяд,
Хубӣ аз кори хуб мерӯяд.
Дар миёни халқ мақоли маъмуле ҳаст, «Шавқ агар раҳбар шавад, мулкро арзонӣ бувад». Мо низ мегӯем: Шавқӣ агар ба як коре часпад, он аз таҳти дил иҷро мегардад ва ҳар мушкил осон мешавад.
Дар ҳақиқат, ҳар фарди Самарқанд чун ҳуқуқшиноси ҳақшинос, корманди масъули соҳаи ҳукуматдорӣ Шавқӣ Наҷмиев корбарӣ намояд, ҳама хурсанду шод ва ватан обод мешавад. Муҳит аз нобасомониҳо тозаву аз кӯрдилони олуда пок мегардад.
Ин марди хоксор тавонист дар умри шастсолаи худ сазовори эҳтироми халқу давлат бошад. Ба қавли Мирзо Турсунзода:
Касе, к-ӯ боварии халқро
арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар
хонаро зебанда мегардад.
Чунин суханҳо дар ҳаққи ин марди коршинос дар ҷашне, ки ба шарафи шасти камолоти ӯ баргузор шуд, аз забони депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, муҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги», шоир Нормурод Каримзода ва роҳбари корхонаи хурди «Қӯрғони калон» Муҳаммадқул Шарифов, муаллимаи аввалини соҳибҷашн Саломат Раҷабова, раиси "Нурониён"-и маҳаллаи Қумзор Раҳимҷон Тӯрақулов, раиси маҳаллаи мазкур Зафар Ҳалимов ва дигарон борҳо бо тобишу ҷилои дарахшон ва гарму самимӣ садо дод. Зеро зиндагиномаи ӯ худ пандомӯз аст.
Шавқӣ Наҷмиев 18-уми декабри соли 1957 дар деҳаи Қумзор дар хонаводаи марди деҳқон таваллуд ёфта, мактабҳои рақамҳои 60 ва 21-и зодгоҳро хатм намудааст. Пас аз адои хизмати ҳарбии ҷавонмардӣ факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқандро ба итмом расонид. Фаъолияти кориро ҳанӯз солҳои 1978-1983 аз мудирии клуби комбинати нони вилоят оғоз бахшид. Аз соли 1983 то соли 1994 вазифаи мудирии шӯъбаҳои истифодабарӣ аз хонаву ҷойҳои ноҳияҳои Боғишамол, Темирйӯл ва шаҳри Самарқандро ба ӯҳда дошт.
Аз соли 1994 то соли 2010 нотариуси садорати адлияи вилояти Самарқанд, аз соли 2011 то соли 2014 вазифаи мудири шӯъбаи истифодабарӣ аз хонаву ҷойҳои шаҳри Самарқандро пеш бурд.
Ҳоло вазифаи ҳуқуқшиноси ҳокимияти шаҳри Самарқандро ба ӯҳда дорад.
Дар оила низ Шавқӣ Наҷмиев ҳамсар ва падари асил аст.
Бо завҷаи мӯҳтарамааш Гулнора Насимова се нафар фарзанд - Райҳонаи дӯзанда, Шарқии ҳуқуқшинос ва Бонуи муаллимаро ба камол расонида, ҳоло соҳиби 11 набера аст.
Бигзор, шасти камолоташ паст нагардад!
Д.НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.